КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с.2002, №11, мод. 675, мод.750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ.1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141; №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199)
(Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 684, аз 10.12.1999 № 877, аз 12.05.2001 № 6, аз 12.05.2001 № 12, аз 2.12.2002 № 64, аз 2.12.2002 № 89, аз 1.08.2003 № 33, аз 1.08.2003 № 45, аз 17.05.2004 № 35, аз 15.07.2004 № 46, аз 1.03.2005 № 86, аз 25.07.2005 № 97, аз 26.12.2005 № 125, аз 30.07.2007 № 301, аз 5.01.2008 № 339, аз 18.06.2008 № 386, аз 18.06.2008 № 389, аз 6.10.2008 № 422, аз 31.12.2008 № 451, аз 31.12.2008 № 457, аз 26.03.2009 № 487, аз 5.08.2009 № 547, аз 11.03.2010 № 600, аз 21.07.2010 № 617, аз 25.03.2011 № 694, аз 2.08.2011 № 750, аз 16.04.2012 № 808, аз 03.07.2012 № 844, аз 13.06.2013 № 965, № 966, аз 12.11.2013 № 1028, аз 28.12.2013 № 1037, аз 14.03.2014 № 1066, аз 26.07.2014 № 1088, № 1089, аз 18.03.2015 № 1176, № 1177, аз 23.11.2015 № 1228, аз 25.12.2015 № 1261)

ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I. ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ
БОБИ 1 ВАЗИФА ВА ПРИНЦИПҲОИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. АСОСИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 1. Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин Кодекс иборат аст. Қонунҳои наве, ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд, ба Кодекси ҷиноятӣ бояд дохил карда шаванд .
2) Ҳамин Кодекс ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асос меёбад .
Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Вазифаҳои ҳамин Кодекс аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷиноятҳо иборат аст .
2) Барои татбиқи ин вазифаҳо ҳамин Кодекс асосу принципҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намуда, муайян мекунад, ки кадом кирдорҳои барои шахсият, ҷамъият ё давлат хавфнок ҷиноят эътироф мегарданд ва намудҳои ҷазою чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро барои содир кардани онҳо муқаррар менамояд.
Моддаи 3. Принципҳои Қонуни ҷиноятӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ
Қонуни ҷиноятӣ ба принципҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузир будани ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ, гунаҳгорӣ, адолат, инсондустӣ ва демократизм асос меёбад.
...