ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с.1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с.2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с.2008, №1, қ.1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод.986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550), тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 7 моддаи 49 пас аз рақами "323" аломат, рақам ва калимаҳои ", 340 қисмҳои 1 ва 2" илова карда шаванд.
2. Моддаи 338 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 338. Худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он
1) Худсарона ишғол намудани қитъаи замин, агар дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳукуқвайронкунӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ,
бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз нӯҳсаду дувоздаҳ то ҳазору чорсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Ҷиноятҳои дар моддаҳои 338 ва 338(1) Кодекси мазкур пешбинигардида дар ҳамон вақт такроран содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар шахс қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои дар ҳамин моддаҳо пешбинигардидаро содир намуда бошад.
...