ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали солҳои 2023-2025 Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, ҳар сол то 1 январ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 31 августи соли 2023, № 420
ш. Душанбе,
аз 31 августи соли 2023, № 420
...