Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, № 142 "Дар бораи тадбирҳои солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

(қарори Ҳуқкумати ҶТ аз 27.08.2025 № 460)

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади андешидани чораҳои иловагӣ оид ба солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- аз ҳисоби маблағҳои депозитии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими уҳдадориҳои молиявӣ дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" 467 230 608 (чорсаду шасту ҳафт миллиону дусаду сӣ ҳазору шашсаду ҳашт) сомонӣ ва ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" барои танзими қарзҳои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ташаккул ёфтаанд, 37525490 (сию ҳафт миллиону панҷсаду бисту панҷ ҳазору чорсаду навад) сомонӣ тибқи замимаи 1 ва 2 ҷудо намояд;

- дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридоти маблағҳо аз ҳисоби пардохти қарзҳои дебитории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ташаккул ёфтаанд, суратҳисобҳои алоҳида кушояд (қарори Ҳуқкумати ҶТ аз 27.08.2025 № 460);

- қабули пардохти ҳаққи хизмати обрасонии идораҳои беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути суратҳисоби маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ дар сарраёсат ва раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монад (қарори Ҳуқкумати ҶТ аз 27.08.2025 № 460);

- бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағи аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ воридшавандаро ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 фоизи маблағи боқимондаро барои сохтмони иншоотҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла иншоотҳои обтаъминкунӣ, равона намояд;

- бо дар назар доштани ҷудо гардидани маблағҳои иловагӣ нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявиро дар соли 2023 танзим намояд.

2. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1) 467 230 608 (чорсаду шасту ҳафт миллиону дусаду сӣ ҳазору шашсаду ҳашт) сомониро тибқи банди 1 қарори мазкур ба суратҳисоби дахлдори Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" барои пардохти уҳдадориҳои молиявӣ интиқол диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2025 № 460);

2) то 1 майи соли 2023 бо субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба қарзҳои аз ҳисоби хизмати обрасонӣ, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 ташаккул ёфтаанд, санадҳои муқоисавӣ ба имзо расонад;

3) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии соли 2023, ки ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти қувваи барқи пойгоҳҳои обкашӣ пешбинӣ шудаанд, 5 000 000 (панҷ миллион) сомониро барои харид ва насби таҷҳизоти баҳисобгирандаи неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар пойгоҳҳои обкашии тобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намояд;

4) то 1 июни соли 2023 Феҳристи электронии пойгоҳҳои обкашӣ ва субъектҳои хоҷагидорие, ки ба онҳо хизмати обрасонӣ анҷом дода мешавад, таҳия карда, рамзгузории ҳар як субъектро барои ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдии хизмати обрасонӣ таъмин намояд;

5) пардохти ҳаққи хизмати обрасониро тариқи ғайринақдӣ бо тартиби зерин ба роҳ монад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2025 № 460):

-аз 1 июни соли 2023 тавассути суратҳисоби дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда;

-аз 1 сентябри соли 2025 тавассути суратҳисоби маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ дар сарраёсат ва раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ намуда, истифодаи онро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хариди давлатӣ, аз ҷумла бо истифода аз кортҳои бонкӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом диҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2025 № 460);

6) то 1 декабри соли 2025 меъёри ягонаи хизмати обрасониро аз рӯйи категорияҳои замин таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

7) то 1 сентябри соли 2025 тартиби пайдарҳамии истифодабарии маблағҳои махсуси идораҳои беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ба суратҳисоби бо сархати сеюми банди 1 қарори мазкур пешбинигашта ворид шудаанд, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2025 № 460);

8) якҷо бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" насб, нигоҳдорӣ ва истифодаи таҷҳизоти баҳисобгирандаи неруи барқ (ҳисобкунакҳои барқӣ)-ро дар пойгоҳҳои обкашӣ таъмин намояд;

9) то 1 январи соли 2026 якҷо бо мақомоти давлатии назоратию санҷишӣ ситониш ва интиқоли маблағҳои қарзҳои дебиториеро, ки то ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз ҳисоби хизмати обрасонӣ ташаккул ёфтаанд, ба суратҳисоби дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда таъмин намояд;

10) ҷиҳати ҷамъоварии пурра ва саривақтии маблағи хизмати обрасонӣ ва пардохти неруи барқ чораҷӯйӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2025 № 460).

3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ":

- барои татбиқи амалиётҳои дар қарори мазкур дарҷ гардида суратҳисоби махсуси алоҳида кушода, амалиётҳоро тавассути он анҷом диҳад;

- бо тартиби муқарраргардида 504756098 (панҷсаду чор миллиону ҳафтсаду панҷоҳу шаш ҳазору наваду ҳашт) сомониро барои коҳиш додани уҳдадориҳои молиявии худ дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик", ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 ва январ-феврали соли 2023 аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ташаккул ёфтааст, равона намояд;

- бо тартиби муқарраргардида қарзҳои ташкилотҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар ҳаҷми 467 230 608 (чорсаду шасту ҳафт миллиону дусаду сӣ ҳазору шашсаду ҳашт) сомонӣ, ки аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба вуҷуд омадааст, кам намояд;

- то 1 июли соли 2023 тибқи тартиби муқарраргардида насби таҷҳизоти баҳисобгирандаи неруи барқ (ҳисобкунакҳои барқӣ) ва ҷорӣ намудани низоми биллингиро дар пойгоҳҳои обкашии тобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

4. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" 504756098 (панҷсаду чор миллиону ҳафтсаду панҷову шаш ҳазору наваду ҳашт) сомониро барои коҳиш додани уҳдадориҳои молиявии худ дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун", ки аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ба ҳолати 1 январи соли 2023 ба вуҷуд омадааст, равона намояд.

5. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун":

- аз ҳисоби маблағҳои аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" пардохтшуда 78 185 154 (ҳафтоду ҳашт миллиону яксаду ҳафтоду панҷ ҳазору як саду панҷоҳу чор) сомониро ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқарраргардида барои пардохти қарзи андоз аз арзиши иловашуда ва андози роялти барои об, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 ташаккул ёфтааст, равона намояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 426570944 (чорсаду бисту шаш миллиону панҷсаду ҳафтод ҳазору нуҳсаду чиллу чор) сомониро барои коҳиш додани уҳдадориҳои молиявии худ дар назди паймонкорон ва молрасонҳо равона намояд.

6. Бо мақсади танзими минбаъдаи уҳдадориҳои молиявӣ Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бо тартиби муқарраргардида оид ба пардохт гардидани қарзҳои истифодаи неруи барқ санадҳои муқоисавиро ба имзо расонанд.

7. Субъектҳои дар банди 6 қарори мазкур дарҷшуда оид ба амалиётҳои молиявии анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 марти соли 2023, № 142

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади андешидани чораҳои иловагӣ оид ба солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- аз ҳисоби маблағҳои депозитии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими уҳдадориҳои молиявӣ дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" 467 230 608 (чорсаду шасту ҳафт миллиону дусаду сӣ ҳазору шашсаду ҳашт) сомонӣ ва ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" барои танзими қарзҳои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ташаккул ёфтаанд, 37525490 (сию ҳафт миллиону панҷсаду бисту панҷ ҳазору чорсаду навад) сомонӣ тибқи замимаи 1 ва 2 ҷудо намояд;

- дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридоти маблағҳо аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ва пардохти қарзҳои дебитории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ташаккул ёфтаанд, суратҳисобҳои алоҳида кушояд;

- бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағи аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ воридшавандаро ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 фоизи маблағи боқимондаро барои сохтмони иншоотҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла иншоотҳои обтаъминкунӣ, равона намояд;

- бо дар назар доштани ҷудо гардидани маблағҳои иловагӣ нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявиро дар соли 2023 танзим намояд.

2. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- 467 230 608 (чорсаду шасту ҳафт миллиону дусаду сӣ ҳазору шашсаду ҳашт) сомониро тибқи банди 1 қарори мазкур ба суратҳисоби дахлдори Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" барои пардохти уҳдадориҳои молиявӣ интиқол диҳад;

- то 1 майи соли 2023 бо субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба қарзҳои аз ҳисоби хизмати обрасонӣ, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 ташаккул ёфтаанд, санадҳои муқоисавӣ ба имзо расонад;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии соли 2023, ки ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти қувваи барқи пойгоҳҳои обкашӣ пешбинӣ шудаанд, 5 000 000 (панҷ миллион) сомониро барои харид ва насби таҷҳизоти баҳисобгирандаи неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар пойгоҳҳои обкашии тобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намояд;

- то 1 июни соли 2023 Феҳристи электронии пойгоҳҳои обкашӣ ва субъектҳои хоҷагидорие, ки ба онҳо хизмати обрасонӣ анҷом дода мешавад, таҳия карда, рамзгузории ҳар як субъектро барои ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдии хизмати обрасонӣ таъмин намояд;

- аз 1 июни соли 2023 пардохти ҳаққи хизмати обрасониро тариқи ғайринақдӣ тавассути суратҳисоби дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда ба роҳ монад;

- якҷо бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" насб, нигоҳдорӣ ва истифодаи таҷҳизоти баҳисобгирандаи неруи барқ (ҳисобкунакҳои барқӣ)-ро дар пойгоҳҳои обкашӣ таъмин намояд;

- то 1 январи соли 2026 якҷо бо мақомоти давлатии назоратию санҷишӣ ситониш ва интиқоли маблағҳои қарзҳои дебиториеро, ки то ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз ҳисоби хизмати обрасонӣ ташаккул ёфтаанд, ба суратҳисоби дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда таъмин намояд;

- ҷиҳати ҷамъоварии пурра ва саривақтии маблағи хизмати обрасонӣ ва пардохти неруи барқ чораҷӯйӣ намояд.