ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 январи соли 2023, № 964
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 январи соли 2023, № 964
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2023, № 371
ҷонибдорӣ карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2023, № 371
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Дар сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 1 моддаи 35 ва қисми 3 моддаи 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" аз 28 июни соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 432; с. 2012, №7, мод. 701; c. 2018, №7-8, мод. 533) калимаҳои "пасандозҳои шахсони воқеӣ" ва "Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" мувофиқан ба калимаҳои "амонату пасандозҳо" ва "Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур 3 моҳ пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
...