ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 432; с. 2012, №7, мод.701)
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 851, аз 3.08.2018 № 1550, аз 15.03.2023 № 1962, аз 03.01.2024 № 2041)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии татбиқи раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, аз ҷумла раванди муфлисшавии ташкилотҳои қарзиро муқаррар менамояд .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- мудир - шахсе, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон то аз ҷониби суд таъин шудани барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои ташкилоти қарзие, ки иҷозатномааш бозхонд шудааст, таъин гардидааст;
- барҳамдиҳанда - шахси дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо қарори суд барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро бе асосҳои муфлисшавӣ анҷом медиҳад;
- мудири махсус - шахси дорои шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо қарори суд барҳамдиҳии ташкилоти қарзиро аз рӯи асосҳои муфлисшавӣ анҷом медиҳад;
- муфлисшавӣ - бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби суд ғайри қобили пардохт эътироф кардани ташкилоти қарзии қарздоршуда, яъне қобилият надоштани вай барои қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон аз рӯи уҳдадориҳои пулӣ, аз ҷумла пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ;
- барҳамдиҳии ихтиёрӣ (худбарҳамдиҳӣ) - барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ дар асоси қарори мақомоти ваколатдори ташкилоти қарзӣ;
- қарздор - ташкилоти қарзӣ, ки бо тартиби муқарраршудаи Қонуни мазкур муфлис эътироф шудааст;
...