Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 октябри соли 2022, № 504
тасдиқ шудааст
Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Дар тамоми ҷаҳон офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои ғайримуқаррарии обу ҳаво зуд-зуд ба вуҷуд омада, махсусан дар даҳсолаҳои охир шумораи онҳо бамаротиб зиёд шуда истоданд. Умуман, вазъияти идомаёбанда ба некуаҳволии аҳолии аксари кишварҳо ва минтақаҳо хавфи ҷиддӣ дорад.
2. Хатарҳои табиии нисбатан маъмул дар Тоҷикистон обхезӣ ва омадани сел мебошанд, ки таҳдиди давра ба давра такроршавандагӣ дошта, пешгӯӣ мегардад, ки бинобар тағйирёбии иқлим такроршавии чунин зуҳурот ва ҷиддияти онҳо афзоиш меёбад. Заминларза нисбат ба обхезӣ камтар рӯй медиҳад, вале таъсири он нисбатан ҷиддитар ва ҳамешагӣ мебошад. Фаромадани ярч низ барои Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ дорад.
3. Тоҷикистон бо хусусиятҳои беназири релефӣ, геологӣ ва гидрологии худ дучори хатарҳои зиёди табиӣ, аз қабили обхезӣ, заминларза, лағжиши ярч, омадани сел, фаромадани тарма, хушксолӣ ва бориши зиёди барф мегардад. Офатҳои табиӣ, бахусус обхезӣ, заминларза ва ярч ҳамчун монеаи рафънашаванда дар роҳи рушди устувори Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
2. БАҲОДИҲИИ ВАЗЪИ КУНУНИИ ҲИФЗИ МОЛИЯВӢ АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
§1. Шарҳи оқибатҳои иқтисодии офатҳои табиӣ
4. Аз 24 мамлакати минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз нуқтаи назари дучоршавӣ ба тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Баландшавии ҳарорати солона ба обшавии шадидтари пиряхҳо оварда мерасонад ва дар оянда низ эҳтимол аст, ки хушксолӣ, обхезӣ, гармсел ё ҳавои сард метавонанд бештар ба амал оянд.
5. Заминларза, ярч, сел, обхезӣ, ҳарорати шадид - хушксолӣ ё сардии шадид, инчунин офатҳои дигари табиӣ ба маҳалҳои аҳолинишин ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар деҳот, ба чунин иншооти калидии инфрасохторӣ, ба монанди неругоҳҳои барқи обӣ, замин ва обёрӣ, аз он ҷумла иншооти гидротехникӣ, нақлиёт, аз ҷумла пулҳо, соҳилҳои дарёҳо, муассисаҳои маориф ва тандурустӣ таҳдид менамоянд, ки ба хисороти калони иқтисодӣ оварда мерасонад. Дар ин замина эҳтимол аст, ки сарбории иловагии молиявии буҷетӣ зиёд шавад ва мувозинати фискалӣ халалдор гардад.
6. Дар Тоҷикистон 93 фоизи ҳудудро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ҳамасола беш аз 5000 заминларза ба қайд гирифта мешаванд, ки метавонанд хатарҳои дигар, аз қабили ярч, тармафароӣ ва эпидемияро ба вуҷуд биёранд. Дар минтақаи аз ҳад баланди сейсмикӣ 63,2 фоизи аҳолӣ, хонаводаҳое зиндагӣ мекунанд, ки асосан бо кишоварзӣ машғуланд ва киштзорҳои бисёрсола, чорво, иншооти инфрасохтор ва объектҳои дигари барои зиндагӣ муҳим доранд. Дар натиҷаи таъсири заминларзаҳои харобиовар ва хатарҳои ба онҳо алоқаманд дар давраи аз соли 2010 то соли 2021 хисорот зиёда аз 204 миллион сомониро ташкил дод. Дар кишвар ҳар сол одатан селу обхезӣ дар фасли баҳор, вақте ки ҳарорат баланд мешавад, рӯй медиҳанд. Ҳамасола дарёҳои калоне, ки ибтидои худро аз кӯҳҳои барфпӯш ва пирях мегиранд, аз соҳилҳо баромада, садҳо гектар заминро зери об мемононанд ва киштзорҳоро нобуд месозанд. Солҳои 1993, 1998, 2002 ва 2015 селҳои азим ба амал омаданд, ки боиси талафоти ҷонӣ низ шуда, иншооти зиёди иқтисодӣ хароб гардида, ба иқтисодиёт хисороти калон расонида шуд. Ба ҳиссаи сел ва обхезӣ хисороти аз ҳама зиёди молиявӣ рост меояд. Ҳамин тавр, дар давраи аз соли 2010 то соли 2021 маблағи зарар зиёда аз 1 миллиард сомониро ташкил дод.
7. Дар Тоҷикистон хушксолӣ зуҳуроти зуд-зуд рӯйдиҳанда набуда, ин зуҳурот солҳои 2000 ва 2001 ба мушоҳида расидааст. Дар натиҷаи хушксолии бесобиқа ҳосили баъзе зироатҳои кишоварзӣшолӣ, ғалла, мева коҳиш ёфт. Дар давраи аз соли 2010 то соли 2021 аз таъсири хушксолӣ хисороти молиявӣ ба иқтисоди кишвар тибқи маълумоти оморӣ беш аз 215 ҳазор сомониро ташкил дод.
8. Боридани барфи шадиду сармо, шамол ба минтақаҳои аҳолинишин, роҳҳои оҳан ва мошингард, хатҳои интиқоли барқ, қубурҳои обгузар, иншооти саноатӣ ва биноҳои истиқоматӣ ҳамасола зарар мерасонад. Дар соли 2008 бар асари сардшавии шадид беш аз 2 миллион нафар одам зарар дида, дар давраи аз соли 2010 то соли 2021 маблағи хисорот зиёда аз 242 миллион сомониро ташкил дод. Дар маҷмуъ, дар давраи солҳои 2010-2021 маблағи хисорот аз офатҳои табиӣ зиёда аз 1,5 миллиард сомониро ташкил дода, аз он 70 фоиз аз омадани сел, 15 фоиз аз бориши барфи зиёд, сармо ва шамоли сахт, 13 фоиз аз заминларза ва хатарҳои ба он алоқаманд, 2 фоиз ҳолатҳои дигар буданд.
9. Дар давоми даҳ соли охир маблағгузорӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 107 миллион сомониро ташкил дода, ҳаҷми он сол то сол тамоюли афзоиш дорад.
§2. Уҳдадориҳои шартӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ
10. Офатҳои табиӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои зиёди шартиро ба миён меорад, ки яке аз онҳо дарёфти манбаъҳои молиявӣ мебошад. Пас аз ба миён омадани офатҳои табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки хароҷоти зеринро маблағгузорӣ намояд:
- хароҷоти вобаста ба пешгирӣ, кумаки таъҷилӣ, эътино ва чораҳои таъхирнопазир барои рафъи офат;
- барқарор намудани инфрасохтори давлатӣ ва талафоти моддии иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ;
- барқарор намудани иқтидорҳои асосии истеҳсолӣ, ки дар натиҷаи офат пурра ё қисман хароб шуда, аз кор мондаанд;
- кумаки молиявӣ ба аҳолӣ пас аз офатҳои табиӣ дар барқарорсозии молу мулк ва заминҳои кишоварзӣ;
- дастгирии соҳибкорӣ ё тиҷорати хурд ва иқтисодиёти кишвар.
11. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарари ба саломатӣ ва молу мулки дар натиҷаи зуҳуроти номатлуби табиӣ расонидашударо пешбинӣ менамояд. Дар робита ба ин, аз соли 2013 то соли 2020 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба осебдидагони офатҳои табиӣ ба маблағи 1 640 700 сомонӣ ҷуброни пулии якдафъаина пардохт карда шудааст.
12. Хавфҳои молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хароҷоти буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, аз нав тақсим кардани захираҳо аз моддаҳои гуногуни буҷет, зиёд шудани қарз, хароҷот аз фондҳои хароҷоти ғайричашмдошт ва фондҳои захиравӣ асоснок карда шудаанд.
§3. Шарҳи воситаҳои молиявие, ки барои рафъи офатҳои табиӣ истифода мешаванд
13. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ як қатор воситаҳо, аз ҷумла воситаҳои буҷетии қаблан омодакардашуда (фонди хароҷоти ғайричашмдошт ё фондҳои захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) ва воситаҳои интиқоли суғуртаи офатҳоро истифода мебарад. Дар сурати сар задани офати азим ва нокифоя будани маблағи фонди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани қарз, азнавтақсимкунии маблағҳои буҷетӣ ва барномаҳои мақсадноки давлатӣ муроҷиат мекунад. Ҳамчунин, донорҳо дар эътино ба офатҳои табиӣ ва барқарорсозӣ дар Тоҷикистон дастгирии молиявӣ мерасонанд.
§4. Фонди хароҷоти ғайричашмдошт
14. Тоҷикистон метавонад аз фонди хароҷоти ғайричашмдошти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътино ба офатҳои табиӣ ва барқарорсозӣ аз як қатор воситаҳои пешакӣ омодашуда истифода барад. Хароҷот аз ҳисоби ин фонд дар асоси қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад ва инчунин метавонад барои маблағгузории мақсадҳои дигар истифода шавад. Фонд ба буҷети солона дохил карда мешавад, маблағҳои истифоданашуда ҷамъ карда намешаванд.
15. Маблағҳои фонди хароҷоти ғайричашмдошти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуданд. Инчунин дар баробари эҳтиёҷоте, ки пас аз офати табиӣ ба вуҷуд меояд, ҳолатҳои дигари хароҷоти ғайричашмдошт мавҷуданд, ки барои онҳо метавонанд тамоми захираҳои солонаи фонд сарф шаванд.
§5. Фондҳои захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
16. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ метавонанд фондҳои захиравии худро таъсис диҳанд ва ҳаҷми фонд набояд аз 0,5 фоизи даромади буҷети дахлдори маҳаллӣ зиёд бошад. Қарор дар бораи истифодаи маблағҳои фонд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор қабул карда мешавад.
§6. Захираҳои моддии давлатӣ
17. Дар Тоҷикистон захираҳои моддӣ ҳангоми эътино ба офатҳо ва амалисозии тадбирҳои аввалиндараҷаи барқарорсозӣ дастгирии назаррасро таъмин менамояд. Қарорҳоро дар бораи истифодаи сарватҳои моддии захираҳои давлатӣ барои таъмини корҳои сафарбарӣ ва таъҷилӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти давлат ва ташкилотҳо, расонидани ёрии башардӯстона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд. Дастгирӣ аз захираи моддӣ бо чунин захираҳои асосӣ, аз қабили сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва озуқаворӣ маҳдуд мегардад.
§7. Суғурта аз офатҳо
18. Бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби паст будани сатҳи даромади қишрҳои асосии аҳолӣ, сатҳи пасти саводнокии суғуртавӣ ва эътимоднокӣ ба ин соҳа дар марҳилаи аввали рушд қарор дошта, шумораи ками суғуртакунандагон ба ин бозор, махсусан ба суғурта аз офатҳои табиӣ, ҷалб шудаанд.
19. Рушди бозори суғурта, бахусус суғурта аз офатҳои табиӣ аҳамияти калон дорад ва ин раванд метавонад сарбории буҷети давлатиро нисбат ба ҷуброни зарар аз офатҳои табиӣ хеле коҳиш диҳад.
§8. Воситаҳои маблағгузорӣ, ки пас аз офатҳои табиӣ истифода мешаванд
20. Пас аз офатҳои табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои ҷалби маблағгузорӣ воситаҳои зерини иловагиро истифода намояд:
- маблағгузории имтиёзнок аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ё маблағҳои қарзӣ;
- кумаки байналмилалӣ;
- аз нав тақсим кардани маблағҳо аз моддаҳои дигари буҷет.
§9. Хавфҳои муносибати ҷорӣ ва имкониятҳо барои таҳкими ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ
21. Сарфи назар аз мавҷудияти воситаҳои молиявии дар боло зикршуда, чорабиниҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар маҷмуъ мутобиқ ба офати рӯйдода бо ба худ қабул намудани дараҷаи назарраси хавф ва вобастагӣ аз кумаки донорҳо маблағгузорӣ карда мешаванд.
22. Вақте, ки хароҷот барои офатҳои табиӣ аз маблағҳои банақшагирифташуда зиёд мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки воситаҳои дигари молиявӣ, ба монанди аз нав тақсим намудани маблағҳо аз моддаҳои дигари буҷетро истифода барад. Ҳамин тариқ, маблағҳое, ки барои мақсадҳои муайян ба нақша гирифта шудаанд, метавонанд барои эътино ва барқарорсозӣ пас аз офатҳои табиӣ истифода шаванд.
23. Дар робита бо хуруҷи эпидемияи вируси COVID-19 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (минбаъд - СУТ) дар соҳаи тандурустӣ вазъияти фавқулодаи дорои аҳамияти байналмилалӣ эълон кард ва моҳи феврали соли 2020 баҳодиҳии хавфи сатҳи глобалиро аз сатҳи баланд ба сатҳи хеле баланд бардошт. Эпидемия на танҳо системаи тандурустии тамоми кишварҳоро зери хатар гузошт, балки хавфи навбатӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва тарзи ҳаёти одамон гардид.
24. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи дахлдор чораҳо андешида шуданд, аз ҷумла бастани сарҳадҳои беруна ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, имтиёзҳои андозу гумрукӣ барои ташкили шароит ва табобати бемории сироятии COVID-19, пардохти иловапулиҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба кормандони тиббӣ, ки бевосита бо табобати беморони гирифтори COVID-19 машғуланд ва ғайра.
25. Номуайянӣ нисбати рушди иқтисод дар давраи чораҳои бунбасти беруна ва дохилӣ, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омаданд, хатари инҳирофҳои назаррасро дар иҷрои буҷети ҷории давлатӣ аз буҷети банақшагирифташуда ба вуҷуд меорад, инчунин хавфҳои инҳирофӣ пас аз банақшагирии буҷети давлатӣ барои соли навбатӣ ва давраи миёнамуҳлат низ пешбинӣ мешавад.
26. Аз сабаби он, ки баҳисобгирии даромадҳои буҷети давлатӣ бо асъори миллӣ сурат мегирад ва пардохтҳо аз рӯи қарзи беруна бо асъори хориҷӣ анҷом дода мешаванд, дар ҳолати якбора тағйир ёфтани қурби асъори миллӣ давлат хавфи калонро ба дӯш мегирад. Сиёсати асъорӣ дар солҳои 2018-2020 ба реҷаи тағйирёбандаи идорашавандаи қурб асос ёфта, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар давоми як сол ба ҳисоби миёна 9,4 фоиз поён рафт. Ба тағйирёбии қурби сомонӣ дар соли 2020 беқурбшавии асъори кишварҳо- шарикони асосии тиҷоратӣ дар робита ба хуруҷи эпидемияи вируси COVID-19, аз ҷумла дар Россия - 28,7 фоиз, Қазоқистон - 12,3 фоиз, Туркия - 29,7 фоиз, цзбекистон - 8,5 фоиз, Беларус - 25,2 фоиз таъсир гузошт.
27. Ҳаҷми мавҷудаи қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эҳтимолияти таъсири манфии омилҳои беруна ва дохилӣ метавонад дар хизматрасонии он мушкилӣ эҷод кунад ва тамоюли афзоиши қарзгирӣ идома ёбад. Дар баробари ин, хавфи дигари макроиқтисодӣ боқӣ монда, хизматрасонии қарзи беруна бе сарбории иловагӣ ба буҷет аз устувории вуруди асъори хориҷӣ ба кишвар, инчунин аз шароиту талаботи сиёсати ҷалби вом ва қарзҳои нав, назорат ва таҳлили самаранокии истифодаи қарзҳои давлатӣ вобастагӣ дорад.
28. Донорҳо метавонанд дар рафъи офатҳои табиӣ кумак расонанд. Аз 577 миллион доллари ИМА, ки аз соли 1999 ба сифати кумаки башардӯстона аз ҷониби донорҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, маблағи мустақиман барои мақсадҳои вокуниш ва барқарорсозӣ баъди офатҳои табиӣ пешбинишуда 91 892 181 доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ҳисоби ин кумак танҳо як қисми зарар, ки бар асари офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон расонида шудааст, фаро гирифта шуд. Илова бар ин, кумаки донорҳо пешгӯинашаванда аст ва дар аксари мавридҳо нокифоя мебошад.
29. Бо вуҷуди ин хавфи молиявии марбут ба офатҳои табиӣ аксар вақт то сар задани офатҳо ба назар гирифта намешавад, зеро хароҷот барои офатҳои табиӣ бо сабаби номуайянии офатҳо ва маҳдудияти маълумоти дастрас одатан ба раванди стандартии банақшагирии буҷетӣ дохил карда намешавад. Набудани ин нишондиҳандаҳо метавонад банақшагирии молиявиро ба таври назаррас душвор гардонад, ба сармоягузорӣ ва рушди ба нақша гирифташуда таъсири манфӣ расонад ва ниҳоят ба ноустувории молиявӣ дар кишвар оварда расонад.
30. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмин, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва ироаи пешниҳодҳо оид ба тадбирҳои ба коҳиш додани чунин хавфҳо равонагардида, Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - ШМСМ ҶТ) таъсис дод. Ба ҳайати ШМСМ ҶТ роҳбарони вазорату идораҳое дохил мешаванд, ки бевосита дар нигоҳдории суботи молиявии кишвар, аз ҷумла омодагӣ ба вазъияти буҳронӣ ва андешидани чораҳои саривақтӣ ҷалб шудаанд.
31. Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 (минбаъдСтратегия) метавонад дар системаи интихоби натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ, ки таҳия ва қабули қарорҳои идоракуниро барои ШМСМ ҶТ таъмин намояд, ҳамчун воситаи самаранок хизмат намояд.
32. Барои таҳкими ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ бояд робитаҳои байниҳамдигарии буҷетҳои миёнамуҳлат ва ҷорӣ таъмин карда шавад, дақиқии банақшагирӣ баланд бардошта шавад, муҳлатҳои раванди буҷет кам гардад ва ба шаффофияти тақсимоти хароҷот тавассути такмил додани идоракунии хавфҳо, аудити дохилӣ, баҳисобгирии амалиёти молиявӣ ва фарогирии омори офатҳои табиӣ ба даст оварда шавад.
33. Стратегия ва татбиқи минбаъдаи он, таъсиси заминаи меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои молиявии ҳамоҳангшударо дар раванди сармоягузорӣ ва ҳаракати захираҳои молиявӣ нисбат ба офатҳои табиӣ дар ояндаи кӯтоҳмуддат ва дарозмуҳлат таъмин менамояд.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СТРАТЕГИЯ
34. Стратегия ва амалисозии минбаъдаи он бо дарназардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 таҳия шудааст ва инчунин ба Маърузаи миллӣ оид ба маблағгузории хатари офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2019 дар доираи кумаки техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мустаҳкам намудани устуворӣ таҳия шудааст, асос ёфта, дар он самтҳои асосии комёбиҳо барои баланд бардоштани устувории молиявӣ ба офатҳои табиӣ муайян карда шудаанд. Стратегия барои баланд бардоштани устувории молиявӣ ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ нигаронида шуда, муқаррароти созишномаҳои асосии байналмилалии ин самт, пеш аз ҳама Барномаи қолабии Сендайро оид ба коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 (минбаъд - Барномаи Сендай) ба роҳбарӣ мегирад:
- Стратегия махсусан ба се афзалияти Барномаи Сендай, аз ҷумла Афзалияти 1 - "Дарки хавфи офатҳо", Афзалияти 2"Такмили заминаи ташкилию ҳуқуқии идоракунии хавфи офатҳо" ва Афзалияти 3 - "Сармоягузорӣ ба тадбирҳои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои таҳкими устуворӣ" равона гардида, ҳамчунин вобаста ба хусусияти байнисоҳавии худ як қатор афзалиятҳои дигарро ба назар мегирад;
- Стратегия вазъи кунуниро дар самти ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ баррасӣ менамояд, шарҳи воситаҳои молиявиро пешниҳод мекунад, хавфҳои равиши ҷории маблағгузориро ошкор месозад, мақсад, вазифа ва имкониятҳои таҳкими устувории молиявӣ ба офатҳои табииро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
35. Мақсади Стратегия баланд бардоштани устувории молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ, такмили идоракунии ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва хавфҳои молиявии ба он алоқаманд ба вуҷуд омадаанд. Дар доираи Стратегия уҳдадориҳои ғайричашмдошт дар асоси принсипҳои беҳдошти воситаҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани воситаҳои молиявии нав дар маҷмуъ баррасӣ карда мешаванд. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, амалисозии вазифаҳои зерин зарур аст:
1) ташаккули низоми идоракунии хавфҳои маблағгузории офатҳои табиӣ дар асоси гузариши марҳила ба марҳила ба тақсимоти муносиби захираҳои молиявӣ дар байни марҳилаҳо: то офати табиӣ, эътино ва барқарорсозӣ, беҳдошт ва рушд, аз ҷумла:
- гузаронидани таҳлили ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ва манбаъҳои ғайрибуҷетии фаъолият вобаста ба марҳилаҳои огоҳонидан ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ (амал намудани системаҳои мониторинг ва дурнамои ҳолатҳои фавқулода, огоҳонидани бармаҳал ва ғайра), эътино ва расонидани кумаки башардӯстона, барқарорсозӣ, беҳдошт ва рушд;
- таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ташаккули низоми идоракунии хавфҳои маблағгузории офатҳои табиӣ;
- ташаккули низоми мониторинг ва баҳодиҳии идоракунии хавфҳои маблағгузории офатҳои табиӣ;
- таҷдиди ҳамкориҳои электронӣ бо мақомот ва муассисаҳои давлатӣ барои омода намудани таҳлил оид ба идоракунии хавфҳои маблағгузории офатҳои табиӣ;
- гузаронидани мониторинг, баҳодиҳӣ, таҳлил ва интихоби усулҳои идоракунии хавфҳои маблағгузории офатҳои табиӣ;
2) такмили шароит барои маблағгузории саривақтӣ баъди офатҳои табиӣ тавассути таъсиси фонди пасандозии хароҷоти офатҳои табиӣ, аз ҷумла:
- гузаронидани таҳлили заминаи меъёрии ҳуқуқии ҷорӣ, ки таъсис ва фаъолияти фонди пасандозии хароҷоти офатҳои табииро ба танзим медарорад;
- муайян намудани мақсад ва вазифаҳои фонди пасандозии хароҷоти офатҳои табиӣ;
- муайян намудани тавсифи техникии фонд ва гузаронидани таҳлили молиявӣ барои баҳодиҳии андозаи ҳадди ақалли фонди пасандозии хароҷоти офатҳои табиӣ ва маблағи муносиби ҷудошудаи он;
- таъсиси фонди пасандозии хароҷоти офатҳои табиӣ;
- таъсиси механизмҳои устувори маблағгузории фонди пасандозии хароҷоти офатҳои табиӣ;
- такмили механизмҳои маблағгузорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳангоми офатҳои табиӣ;
- муайян намудани тартиби мониторинги фонди пасандозии хароҷоти офатҳои табиӣ;
3) такмили низоми нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ ва омори давлатӣ вобаста ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла:
- гузаронидани таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва банақшагирии буҷети давлатӣ вобаста ба офатҳои табиӣ;
- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва банақшагирии буҷети давлатӣ вобаста ба офатҳои табиӣ;
- ташаккули сохторҳои ҳисоботдиҳанда ва шаклҳои ҳисоботдиҳӣ бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ;
- ҷорӣ намудани шаклҳои электронии ҳисоботдиҳӣ ва ҳамкорӣ бо мақомот ва муассисаҳои давлатӣ барои омода намудани ҳисоботҳо ва пешниҳод ба мақомоти оморӣ;
4) таҳкими ҳифзи молиявии аҳолӣ ва коҳиш додани таъсири молиявии офатҳо ба буҷети давлатӣ тавассути такмили механизмҳои суғурта, аз ҷумла:
- муайян намудани самти афзалиятнок барои тақвияти суғурта бо имконияти таҳияи механизмҳои суғуртаи ҳифзи буҷет, хонаводаҳо, тиҷорат, соҳибкорон ва ғайра;
- баҳодиҳии талабот ва самаранокии намуди интихобшудаи суғурта аз офатҳои табиӣ ва қабули қарорҳо;
- татбиқи тадбирҳои пешбинишуда дар соҳаи суғурта;
5) ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ барои коҳиш додани хавфи маблағгузории офатҳои табиӣ, аз ҷумла:
- такмили тадбирҳо оид ба ҳамоҳангсозии маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва шарикони рушд дар расонидани кумак дар давраи рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ;
- амалисозии банақшагирии захираҳои молиявӣ аз рӯи намудҳо ва самтҳои мусоидат ва кумаки молиявӣ, аз ҷумла дар сатҳи маҳаллӣ;
- ташаккул ва ҷорӣ намудани ҳисобот оид ба тақсими маблағҳои кумаки сармоягузорӣ вобаста ба офатҳои табиӣ (аз ҷумла кумаки моддӣ, тиббӣ, озуқаворӣ ва ғайра);
6) баланд бардоштани иқтидори кормандони сохторҳои давлатӣ дар соҳаи идоракунии хавфи маблағгузории офатҳои табиӣ бо таваҷҷуҳ ба равишҳои нав ва бо дарназардошти хусусияти байнисоҳавии Стратегия, аз ҷумла:
- таҳияи барномаи таҳкими иқтидори молиявӣ ва мутахассисони дигари вазорату идораҳо дар соҳаи идоракунии хавфи маблағгузории офатҳои табиӣ ва воситаҳои молиявии дар доираи Стратегия таҳиягардида;
- амалӣ намудани тадбирҳо оид ба табодули таҷриба бо кишварҳои дигар дар соҳаи идоракунии хавфҳои маблағгузории офатҳои табиӣ;
- таҳияи барномаҳои модулии таълим бо дарназардошти категорияҳои гуногуни мутахассисон;
- ҷорӣ намудани барномаҳои модулӣ дар низоми такмили ихтисоси категорияҳои гуногуни мутахассисон.
36. Стратегия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки банақшагирии молияро оид ба ҳолатҳои фавқулодаи офатҳои табиӣ беҳтар намояд. Натиҷаҳои амалисозии Стратегия баланд бардоштани сифат ва самаранокии амалияи идоракунии молияи давлатӣ ва идоракунии хавфи маблағгузорӣ дар ҳолати офатҳои табиӣ хоҳанд шуд. Ин тавассути ноил шудан ба ҳадафҳои зерин иҷро карда мешавад:
- ба таври фаврӣ ва самаранок эътино намудан ба офатҳои табиӣ тавассути таъсис ва дастрасӣ ба фонди пасандози хароҷоти офатҳои табиӣ оид ба ҷалб ва истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ ва донорҳо барои офатҳои табиӣ бо ҳадафҳои дақиқи истифодаи захираҳо зиёд карда мешавад;
- низоми идоракунии хавфҳои маблағгузории офатҳои табиӣ бо роҳи ҷорӣ намудани расмиёти мониторинг ва баҳодиҳии идоракунии хавфҳо, такмили банақшагирӣ ва маблағгузорӣ барои офатҳои табиӣ ҷорӣ карда мешавад;
- низоми нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ ва омори давлатии ба офатҳои табиӣ нисбатдошта бо роҳи таҷдиди низоми ҳисоботдиҳӣ ва шаклҳои ҳисобот такмил дода мешавад;
- иқтидори институтсионалии кормандони молиявӣ оид ба идоракунии хавфҳои маблағгузории офатҳои табиӣ тавассути тайёр намудани методология, омӯзонидани омӯзгорон, гузаронидани семинару тренингҳо оид ба ҷорӣ ва истифодаи методологияи нав такмил дода мешавад;
- ҳифзи молиявии гурӯҳҳои муайяни мақсаднок тавассути такмили механизмҳои суғурта баланд бардошта мешавад;
- механизмҳои молиявӣ барои ҳавасмандгардонии чорабиниҳо оид ба коҳиш додани офатҳои табиӣ бо роҳи такмил додани ҳамоҳангсозии банақшагирӣ ва маблағгузории кумаки донорҳо дар давраи пас аз офатҳои табиӣ амал мекунанд.
4. ПРИНСИП ВА МЕХАНИЗМҲОИ ИҶРОИ СТРАТЕГИЯ
§ 1. Принсипҳои Стратегия
37. Иҷрои Стратегия ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- сари вақт маблағгузорӣ намудан дар муҳлати кӯтоҳ ва дарозмуддат пеш ва баъд аз офатҳои табиӣ;
- азхудкунии мақсаднок, унвонӣ, баробари маблағҳо, ки эҳтимолияти камтарини азнавтақсимкунии маблағҳои буҷетиро барои мақсадҳои дигар кафолат медиҳад;
- тақсим намудани сатҳи хавфҳои маблағузории офатҳои табиӣ барои муайян намудани воситаҳои мухталиф ва ҳифз аз дараҷаҳои гуногуни ҷиддияти хавфҳои молиявӣ;
- дурустӣ ва пуррагии ҳисоботҳо, ташаккули низоми нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ ва омори давлатии ба хароҷот барои офатҳои табиӣ нисбатдошта ва дастрасии ҷомеа ба ин иттилоот;
- таъмини чорабиниҳо, мониторинг ва баҳодиҳии натиҷаҳо барои амалисозии Стратегия;
- ҳамкории шаффоф ва зич бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни амалисозии Стратегия.
§ 2. Механизми иҷрои Стратегия
38. Стратегия таҳти роҳбарии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Барои мусоидат дар амалӣ намудани Стратегия ва таъмини чорабиниҳои ҳамоҳангшудаи алоқаманд бо хавфҳои молиявии аҳамияти байнисоҳавидошта дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори соҳавии ба ҷараёни амалисозии Стратегия ҷалбшуда шомил мешаванд.
39. Ҷараёни иҷрои Стратегия дар асоси нақшаи амал татбиқ карда мешавад.
40. Нақшаи амал иттилоот дар бораи амалҳои иҷро, натиҷаҳои интизоршаванда, муҳлатҳо, масъулони иҷро ва индикаторҳои иҷрои Стратегияро дар бар мегиранд.
41. Нақшаи амал барои ҳар давра ба муҳлати то 3 сол дар давоми се моҳи аввали ҳар давраи сесола тартиб дода шуда, аз панҷ марҳилаи зерин иборат аст:
- марҳилаи 1 - солҳои 2023-2025;
- марҳилаи 2 - солҳои 2026-2028;
- марҳилаи 3 - солҳои 2029-2031;
- марҳилаи 4 - солҳои 2032-2034;
- марҳилаи 5 - солҳои 2035-2037.
5. МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ
42. Ҷараёни самаранок ва натиҷабахши амалисозии Стратегия бо роҳи гузаронидани мониторинг - назорати доимӣ ва навсозии иттилоот оид ба ҷараёни иҷрои чорабиниҳои банақшагирифташуда барои қабули қарорҳои идоракунӣ имконпазир аст. Мониторинг аз тарафи мақомоти дахлдор оид ба амалисозии Стратегия дар асоси нақшаҳои миёнамуҳлати тасдиқшуда барои давраи муайян гузаронида мешавад.
43. Баҳодиҳӣ таҳлил ва андозагирии фаъолияти анҷомдодашуда ё идомадоштаро бо мақсади муайян кардани комёбии ҳадафҳои гузошташуда дар татбиқи ҳар як марҳилаи Стратегия дар бар мегирад. Ба сифати нишондиҳандаҳои асосӣ маълумоти давраи фарогири мониторинг истифода мешавад.
44. Натиҷаҳои мониторинг ва баҳодиҳӣ барои таҳияи тадбирҳо ва воситаҳо барои устувории дарозмуддати Стратегия истифода мешаванд. Ҳисобот оид ба натиҷаҳои мониторинг ва баҳодиҳии татбиқи Стратегия дар ҷаласаҳои мақомоти дахлдор оид ба амалисозии Стратегия баррасӣ карда мешавад.
45. Барои гузаронидани мониторинг оид ба амалисозии Стратегия метавонанд мутахассисони маҳаллӣ ва байналмилалӣ ҷалб карда шаванд.
6. ТАЪМИНИ МОЛИЯВИИ СТРАТЕГИЯ
46. Маблағгузории Стратегияи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетие, ки барои маблағгузории барномаҳои мақсаднок ва маблағгузории солонаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ, грантҳо, маблағҳои башардӯстона ва донории ташкилотҳои байналмилалӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. Барнома бо маблағгузории 1,96 млрд сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ 760,0 млн сомонӣ ва аз ҳисоби шарикони рушд 1,2 млрд сомонӣ амалӣ мегардад.