ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2022, №504
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бандҳои 39 ва 41 Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2022, № 504 "Дар бораи Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"39. Барои амалисозии Стратегия фаъолият дар соли 2023 ба ҷалби маблағҳои грантӣ ва маблағҳо аз сарчашмаҳои дигар равона гардида, минбаъд нақшаҳои амал қабул карда мешаванд.
41. Нақшаҳои амал аз соли 2024 барои марҳилаҳои зерин таҳия ва тасдиқ карда мешаванд:
- марҳилаи 1 - солҳои 2024-2026;
- марҳилаи 2 - солҳои 2027-2029;
- марҳилаи 3 - солҳои 2030-2032;
- марҳилаи 4 - солҳои 2033-2035;
- марҳилаи 5 - соли 2036;
- марҳилаи 6 - соли 2037.".
...