Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон
17 июни соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгири 550 "и"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон
17 июни соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгири 550 "и"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2009,№304
070.170.010
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2009, № 304 "Дар бораи тасдиқи Дастурамали № 176 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 2009, № 550 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад,ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои дорои хусусияти таҳририро, ки мазмуни онро тағӣир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, департаменти назорати бонкӣ, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад гузошта шавад.
...