ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи маҳдудаи шумораи мошинҳои сабукрави хизматии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ба ғайр аз нақлиёти махсус)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2024 № 65)
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маҳдудаи шумораи мошинҳои сабукрави хизматӣ (ба ғайр аз нақлиёти махсус) ба теъдоди 2090 адад тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №195 "Дар бораи лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ба ғайр аз нақлиёти махсус)" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 апрели соли 2022, № 179
Ниг. ба Замимаҳои 1-2
Ниг. ба Замимаи 3