Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз 2 декабри соли 2008, № 600

Санаи амалкуни: 27.09.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри соли 2008, № 600

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри соли 2008, № 600

тасдиқ шудааст

Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 485, аз 27.09.2023 № 472)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 485, аз 27.09.2023 № 472)

 

1. Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ (минбаъд - Тартиб) дар асоси моддаи 11 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия шуда, тартиб ва шароитҳои пешниҳод намудани хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва музднокро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ муайян месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 485).

2. Хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон - намуд, ҳаҷм ва шартҳои пешниҳод намудаи кӯмаки тиббию санитариро дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз буҷети давлатӣ, инчунин мавҷудияти захираҳои донорӣ барои татбиқи барномаҳои дахлдор дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ дар бар мегирад.

3. Шарти асосии расонидани кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани роҳхати духтури оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавии муассисаи тандурустии маҳали зист, хулосаи комиссияи назоратӣ тиббӣ мебошад.

4. Хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон ба шахсони дорои имтиёз, тибқи номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ва нишондодҳои тиббӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳои иҷтимоӣ, пешниҳод карда мешаванд.

5. Таъминот бо доруворӣ ҳангоми хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ мутобиқи Рӯйхати доруворҳои асосӣ ва синонимҳои онҳо (РВАД) анҷом дода мешавад.

6. Кӯмакҳои башардӯстона, грантҳо ва маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, манбаи иловагии таъмини хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон мебошанд.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 декабря 2008г. № 600

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 декабря 2008г. № 600

Порядок оказания медико-санитарных услуг гражданам Республики Таджикистан учреждениями государственной системы здравоохранения

(в редакции постановления Правительства РТ от 25.09.2018г.№485, от 27.09.2023 №472)

(в редакции постановления Правительства РТ от 25.09.2018г.№485, от 27.09.2023 №472)

1. Порядок оказания гражданам Республики Таджикистан медико-санитарных услуг учреждениями государственной системы здравоохранения (далее - Порядок) разработан в соответствии со статьей 11 Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан  и определяет порядок и условия предоставления медико-санитарных услуг гражданам Республики Таджикистан в учреждениях государственной системы здравоохранения (в редакции постановления Правительства РТ от 25.09.2018г.№485).

2. Бесплатные медико-санитарные услуги - включают виды, объем и условия предоставления медико-санитарной помощи в государственных учреждениях системы здравоохранения в соответствии с объёмом финансирования отрасли здравоохранения из государственного бюджета, а также имеющимися в наличии донорскими ресурсами на реализацию соответствующих программ в области охраны здоровья населения.

3. Основным условием предоставления бесплатной медико-санитарной помощи населению Республики Таджикистан является наличие направления семейного врача, участкового терапевта, педиатра, акушер-гинеколога, территориального учреждения здравоохранения, заключение врачебно-контрольной комиссии.

4. Бесплатные медико-санитарные услуги предоставляются льготным лицам, согласно Перечню групп населения Республики Таджикистан, которые в соответствии с социальным статусом и медицинскими показаниями имеют право на  получение бесплатных медицинских услуг, при предъявлении документов, подтверждающих их права на социальные льготы.

5. Лекарственное обеспечение бесплатных медико-санитарных услуг осуществляется за счет бюджетных средств в соответствии со Списком основных лекарственных средств и их синонимов (СОЛС).

6. Дополнительным источником для обеспечения бесплатных медико-санитарных услуг являются гуманитарная и грантовая помощи, а также дополнительные средства, изысканные местными исполнительными органами государственной власти, не противоречащие законодательству Республики Таджикистан.

6(1). Требования к объёму, срокам выполнения и оплате медикосанитарных услуг определяется договором сторон, если иное не предусмотрено законодательством Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 25.09.2018г.№485).

...