Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018 № 485 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 "Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар муқаддима калимаҳои "моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ"" ба калимаҳои "моддаи 11 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар бандҳои 2, 3, 4 ва 5 калимаҳои "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан ба калимаҳои "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Ба Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 1 калимаҳои "моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ"" ба калимаҳои "моддаи 11 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар тамоми матн калимаҳои "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ" иваз карда шаванд;

- бандҳои 6(1),6(2),6(3),6(4),6(5),6(6) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"6(1). Талабот оид ба ҳаҷм, муҳлати иҷро ва ҳаққи хизматрасонии тиббию санитарӣ бо шартномаи тарафайн муайян карда мешавад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

6(2). Истеъмолкунанда шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки дар асоси шартнома хизматрасонии тиббию санитариро фармоиш медиҳад.

6(3). Иҷрокунанда муассисаи давлатии тиббӣ мебошад, ки хизматрасонии тиббию санитариро барои истеъмолкунанда тибқи шартнома дар бораи хизматрасонӣ таъмин менамояд.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2008 года, №600 "О Порядке оказания медико-санитарных услуг гражданам Республики Таджикистан учреждениями государственной системы здравоохранения" следующие изменения:

- в преамбуле слова "статьей 51 Закона Республики Таджикистан "Об охране здоровья населения"" заменить словами "статьей 11 Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан";

- в пунктах 2, 3, 4 и 5 слова "Министерству здравоохранения Республики Таджикистан" и "Министерством труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" соответственно заменить словами "Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан" и "Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан".

2. Внести в Порядок оказания медико - санитарных услуг гражданам Республики Таджикистан учреждениями государственной системы здравоохранения, утвержденный - постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2008 года, №600, следующие изменения и дополнения:

- в пункте 1 слова "статьей 51 Закона Республики Таджикистан "Об охране здоровья населения"" заменить словами "статьей 11 Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан";

- по всему тексту слова "Министерством здравоохранения Республики Таджикистан", "Министерство здравоохранения Республики Таджикистан" и "Министерства здравоохранения Республики Таджикистан" соответственно заменить славами "уполномоченным государственным органом в сфере здравоохранения", "уполномоченный государственный орган в сфере здравоохранения" и "уполномоченного государственного органа в сфере здравоохранения";

- дополнить пунктами 6(1), 6(2), 6(3), 6(4), 6(5), 6(6) следующего содержания:

"6(1). Требования к объёму, срокам выполнения и оплате медикосанитарных услуг определяется договором сторон, если иное не предусмотрено законодательством Республики Таджикистан.

6(2). Потребитель - физическое или юридическое лицо, которое на договорной основе заказывает медико- санитарные услуги.

6(3). Исполнитель - государственное медицинское учреждение, которое обеспечивает предоставление медико- санитарных услуг потребителю в соответствии с договором об оказании услуг.

6(4). Исполнитель не имеет права осуществлять дополнительные медико - санитарные услуги без согласия потребителя.

...