Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 августи соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1092
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ дар варақаи махсус, шакли ҳисобот ва рӯйхати ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор
070.170.010.
(қарори Раёсати Бонк аз 29.06.2022
№ 79)
Мутобиқи қисми 6 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қарор мекунад:
1. Талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ дар варақаи махсус, шакли ҳисобот ва рӯйхати ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4) (№79).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Идораи ҳуқуқ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаҳои ҳамин қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи котиби Раёсат, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад гузошта шавад.
Раиси Раёсат Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло
аз 6 августи с.2021 №126
ш. Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
аз 6 августи соли 2021, №126
ТАЛАБОТИ МАХСУС ҲАНГОМИ КУШОДАНИ СУРАТҲИСОБҲОИ АМОНАТИ МУҲЛАТНОК Ё ДАРХОСТШАВАНДАИ БОНКӢ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ БА ОНҲО МАБЛАҒҲОИ ҚОНУНИГАРДОНИДАШАВАНДА ВОРИД КАРДА МЕШАВАНД
Ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор мутобиқи рӯйхати бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқшуда ё филиалҳои онҳо (минбаъд - ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор), ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 2 июли соли 2021 (минбаъд - Қонун) тибқи аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи онҳо суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ кушода, маблағҳои қонунигардонидашавандаро ба ин суратҳисобҳо қабул менамоянд, бояд қоидаҳои зерини бо талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд (минбаъд Талаботи махсус), муайяншударо риоя ва таъмин намоянд (№79).
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани суратҳисоби амонати (пасандози) муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо мақсади қонунигардонии маблағҳои пулӣ тибқи Қонун ташкилоти қарзии молиявии ваколатдорро (аз ҷумла ташкилоти қарзии исломиро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона интихоб менамоянд ва ҳуқуқ доранд дар як ё якчанд ташкилоти қарзии молиявии ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва қоидаҳои дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ тасдиқшуда суратҳисоби амонати (пасандози) муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ кушоянд (№79).
2. Барои кушодани суратҳисоби амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ бо мақсади қонунигардонии маблағҳои пулӣ тибқи Қонун, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор дар баробари ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории амалкунанда барои кушодани суратҳисоб ва гузоштани амонат пешбинӣ намудааст, инчунин аризаро дар шакли ба Талаботи махсус замимашуда пешниҳод менамоянд. Ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор ҳуқуқ надоранд ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани суратҳисобҳоро рад намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ чунин радкуниро муқаррар кардааст (№79).
3. Ҳангоми қабули аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани суратҳисоби амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо мақсади қонунигардонии маблағҳои пулии онҳо ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор уҳдадоранд иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом"-ро таъмин намоянд (№79).
4. Ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор инчунин барои муайян намудани қонунигардонии маблағҳои пулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳое, ки тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (№79 Ф)-ро ба таври лозимӣ татбиқ наменамоянд, чораҳои дастрас андешида, ба он роҳ намедиҳанд (№79).
5. Ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор қонунигардонии маблағҳои пулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо риояи қатъии тартиб ва муқаррароти Қонун, инчунин талаботҳои махсуси мазкур анҷом медиҳанд (№79).
6. Ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор дар асоси аризаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани суратҳисоби амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қоидаҳои дохилии худ оиди кушодани суратҳисобҳо, шартномаҳои дахлдорро ба расмият медароранд. Дар шартнома бо банди махсус ишора намудани таъиноти суратҳисоб, ки бо мақсади қонунигардонии маблағҳои пулӣ тибқи Қонун мебошад, ҳатмист (№79).
7. Ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор суратҳисоби амонати муҳлатнок, пасандозӣ ё дархостшавандаи бонкиро бо мақсади қонунигардонии маблағҳои пулӣ тибқи Қонун дар ҳисобҳои тавозунии 20216, 20218, 20220, 20222 барои ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ва 200026, 200028, 200088, 200200, 200206, 200208, 200214, 200216, 200222, 200224 барои ташкилотҳои қарзии исломӣ мекушоянд. Маблағи воридшаванда маҳдудият надорад (№79).
8. Маблағҳои пулии қонунигардонидашаванда дар шакли нақдӣ тибқи тартиби амалкунанда қабул карда шуда, дар ҳуҷҷати хазинавии даромад ва расид таъиноти пардохт"Қонунигардонии маблағҳои пулӣ" ишора карда мешавад.
9. Ҳангоми интиқоли пул дар дохили кишвар бо шакли ғайринақдӣ дар супоришнома ва беруннавис таъиноти пардохт (асос) - "Қонунигардонии маблағҳои пулӣ" нишон дода мешавад. Ҳангоми интиқоли пул бо шакли ғайринақдӣ аз давлатҳои хориҷӣ таъиноти пардохт (асос)"Қонунигардонии маблағҳои пулӣ" дар беруннавис нишон дода мешавад (№79).
10. Барои тасдиқи қонунигардонии маблағҳои пулии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор бо риояи қатъии талаботи моддаи 6 Қонун шаҳодатнома дар бораи қонунигадонии маблағҳои пулиро дар варақаи ҳимояшудаи шакли махсус тибқи намунаи бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқшуда медиҳанд (№79).
11. Шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии маблағҳои пулӣ бо имзои роҳбар ва сармуҳосиби саридораи ташкилоти қарзии молиявии ваколатдор дода мешавад (№79).
12. Варақаи шаҳодатнома ҳуҷҷати ҳисоботдиҳии қатъӣ мебошад.
13. Бонки миллии Тоҷикистон варақаҳои шаҳодатномаро тайёр мекунад ва ба ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор бо гирифтани ҷуброни хароҷот аз рӯи арзиши аслӣ месупорад. Хароҷоти ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор вобаста ба арзиши аслии варақаҳои шаҳодатнома аз ҳисоби шаҳрванд, ки барои қонунигардонӣ муроҷиат намудааст, ҷуброн карда мешавад (№79).
14. Бонки миллии Тоҷикистон бақайдгирии рақами ҳисоб ва миқдори варақаҳои шаҳодатномаи ба ҳар як ташкилоти қарзии молиявии ваколатдор додашударо амалӣ менамояд (№79).
15. Ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор варақаҳои шаҳодатномаи аз Бонки миллии Тоҷикистон гирифтаашонро ба қайд гирифта, дар ҳисобҳои тавозунии дахлдор (вобаста ба арзиш ва миқдор) инъикос менамоянд ва аз рӯи рақам ва маблағ шаҳодатномаҳои ба муштариён додашударо тибқи феҳристи бақайдгирии варақаи шаҳодатномаҳо дар бораи қонунигардонии маблағҳо дар шакли ба Талаботи махсус замимашуда (шакли 1) ба ҳисоб мегиранд. Шакли электронии феҳристи бақайдгирии варақаи шаҳодатномаҳо дар бораи қонунигардонии маблағҳо (шакли 2) дар муҳлатҳои тибқи банди 9 барои пешниҳоди ҳисобот муқарраршуда, аз ҷониби саридораи ташкилоти қарзии молиявии ваколатдор ба Бонки миллии Тоҷикистон ба суроғаи почтаи электронӣ ob@nbt.tj ирсол карда мешаванд (№79).
16. Баъди анҷоми давраи қонунигардонӣ дар давоми 30 рӯзи корӣ варақаҳои истифоданашудаи шаҳодатнома аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор барои баъдан нобуд кардани онҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон баргардонида мешаванд, ки дар ин хусус санади дахлдор тартиб дода мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши варақаҳои истифоданашудаи шаҳодатномаҳоро, ки аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор баргардонида мешаванд, бозпас мегардонад (№79).
17. Ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор, ки қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом додаанд, дар давраи қонунигардонӣ ҳар моҳ на дертар аз санаи 7 моҳи минбаъда ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот тибқи шакли бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқшуда дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронӣ ob@nbt.tj пешниҳод менамоянд (№79).
18. Дар ҳисоботи ҳар як ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор оид ба гардишҳои хазинавӣ маблағҳои пулии қонунигардонидашавандаи воридшаванда аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор ҳамчун "Маблағҳои пулии қонунигардонидашаванда" алоҳида инъикос карда мешаванд (№79).
19. Ҳамаи хароҷоти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки барои барасмиятдарории қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон пардохт карда мешавад, аз ҳисоби худи шаҳрвандон сурат мегирад.
Ниг. ба Замимаҳо (№79)