Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2026 № 39 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 6-уми августи соли 2021, №126"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

8-уми майи соли 2026, №1092.2

ба қайди давлатӣ гирифта шудааст

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 6-уми августи соли 2021, №126
070.170.010.


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ҚАРОР МЕКУНАД:

1.Ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 6-уми августи соли 2021, №126 «Дар бораи талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ дар варақаи махсус, шакли ҳисобот ва рӯйхати ташкилотҳои қарзии молиявии ваколатдор», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми августи соли 2021, №1092 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, иловаҳо ворид карда шаванд (замима мегардад).

2.Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3.Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4.Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, департаменти назорати бонкӣ, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.

5.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон - сарпарасти департаменти назорати бонкӣ гузошта шавад.


Раиси
...

Зарегистрировано Министерством юстиции Республики

Таджикистан от 8 мая 2026 года, №10922

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА

от 20 апреля 2026 года №39 г. Душанбе
О внесении дополнений в постановление Правления Национального банка Таджикистана от 6 августа 2021 года, №126
070.170.010.

В соответствии со статьёй 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правление Национального банка Таджикистана

ПОСТАНОВЛЯЕТ:

1. Внести дополнения в постановление Правления Национального банка Таджикистана от 6 августа 2021 года, №126 «О специальных требованиях при открытии банковских депозитных счётов или счётов до востребования для граждан Республики Таджикистан, на которые зачисляются легализируемые денежные средства, типовая форма свидетельства о легализации денежных средств в специальном бланке, форма отчета и список уполномоченных финансовых кредитных организаций», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 11 августа 2021 года, № 1092 (прилагаются).

2. Настоящее постановление представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Уполномочить департамент банковского надзора при государственной регистрации настоящего постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан, при необходимости, вносить в текст приложения к нему изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержание.

4. Возложить исполнение 2-го пункта настоящего постановления на секретаря Правления, департамент банковского надзора, юридическое управление и отдел прессы.

5. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на

первого заместителя председателя Национального банка Таджикистана - куратора департамента банковского надзора.

...