Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 июни соли 2021, №463
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №200
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" аз 1 августи соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №8, мод. 827) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархатҳои понздаҳум ва шонздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- регламенти техникӣ - санади меъёрии техникӣ, ки талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди саноатии партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ муқаррар мекунад;";
- коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ - коркарди ҳароратӣ (ба ғайр аз яхкунонӣ ва хунуккунӣ), дуддиҳӣ, консервкунонӣ, пухтан, туршкунонӣ, намакхобонӣ, хушккунонӣ, сиркохобонӣ, ғализкунонӣ, тозасозӣ, афшурасозӣ, ҷавҳарситонӣ ё якҷоякунии ин равандҳо;".
2. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 5. Принсипҳои асосии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- масъулияти бевосита;
- арзёбии хатарҳо;
- огоҳонидани пешакӣ;
- назорати пурра;
- мушоҳидакунӣ;
- ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ба дараҷаи баланди имконпазир;
- шаффофият;
- реҷаи миллӣ;
- савдои озод.".
4. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 6, қисми 4 моддаи 23 ва матни моддаи 32 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
5. Ба моддаи 25 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Ҳангоми ташкил намудани хӯрок барои кӯдакони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ташкили истироҳати кӯдакон ва солимгардонии онҳо муассисаю ташкилотҳои масъул уҳдадоранд, ки меъёрҳои таъминот бо хӯрок ва талаботи санитарию эпидемиологиро риоя намоянд.".
6. Дар моддаи 28:
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"6. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода намудани иловаҳои хӯроквории барои саломатии инсон хатарнок манъ аст. Номгӯйи иловаҳои хӯроквориро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо муайян мекунанд.";
- қисмҳои 6-8 мувофиқан қисмҳои 7-9 ҳисобида шаванд.
7. Дар қисми 6 моддаи 30 калимаҳои "Чунин маҳсулоти хӯрокворӣ" ба калимаҳои "Маҳсулоти хӯрокворие, ки ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онҳо ба вайронкорӣ роҳ дода шудааст," иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 32:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" калимаҳои ", ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст," илова карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаи "хатарнок," калимаҳои "бесифат, қалбакӣ ва" илова карда шаванд;
- ба қисми 9 пас аз калимаҳои "Соҳиби маҳсулоти хӯроквории хатарнок" калимаҳои ", бесифат ва қалбакӣ" илова карда шаванд.
9. Ба моддаи 36 қисми 12 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"12. Маҳсулоти хӯроквории хатарнок, ки дар таркибашон ифлоскунандаҳои муҳити зист доранд, пеш аз нобудсозӣ ё дар раванди нобудсозӣ безарар гардонда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, №1827