Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 сентябри соли 2021,№414
СТРАТЕГИЯИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - Стратегия) раванди ислоҳот дар соҳаи тандурустиро муайян намуда, роҳҳои рушди минбаъдаи соҳаи ҳифзи солимии аҳолиро пешбинӣ мекунад.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи солимии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатро ташкил медиҳад.
3. Стратегия ба ҳамгироии уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) мусоидат мекунад.
4. Ҳангоми таҳияи Стратегия ҳадафҳои стратегии давлат ба инобат гирифта шудаанд. Солимии аҳолӣ ва хизматрасонии тиббии мусоид барои рушди иқтисодиёти давлат таъсири мусбат дорад.
5. Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ омода набуда, таҳияи ҳуҷҷати стратегӣ барои равнақ додани фаъолияти муассисаҳои тиббӣ мувофиқи мақсад мебошад.
6. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббиро кафолат медиҳад, ки борҳо дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст. Иҷрои кафолатҳои конститутсионӣ бо Кодекси тандурустӣ ва дигар қонунҳо, инчунин стратегияҳо ва барномаҳои дахлдори давлатӣ дастгирӣ карда мешаванд.
7. Дурнамои Стратегияи мазкур мутобиқи афзалиятҳо ва уҳдадориҳои дарозмуддати Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 барои ноил шудан ба ҲРУ, аз ҷумла паст кардани нобаробарӣ, таҳкими баробарии иҷтимоӣ ва некуаҳволӣ, зиёд намудани сармояи инсонӣ ва беҳтар намудани нишондодҳои солимӣ ва дарозумрии миллат тавассути таъмини дастрасии баробар ба хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ғизо таҳия шудааст. 2.
2. ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИЯ
8. Ҳадафи Стратегияро суръат бахшидан ба пешрафт дар самти фарогирии ҳамаҷонибаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматрасонии тиббию санитарии дастрас ва босифат тавассути таҳкими низоми стратегии идоракунӣ, ноил шудан ба маблағгузории устувор, таъминот бо кадрҳо ва рушди технологияҳои муосир ташкил медиҳад.
9. Расидан ба ҳадафҳои Стратегия ба принсипҳои асосии зерин асос меёбад:
1) такмили раванди қабули қарорҳои асоснокшуда, ки бо далелҳо асос ёфтаанд;
2) соҳаи тандурустии ба аҳолӣ нигаронидашуда мафҳуми асосии таъмини адолат дар дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифат тавассути истифодаи муносибати бисёрсоҳавӣ барои ҳалли омилҳои асосии иҷтимоии нобаробарии саломатиро дар бар мегирад;
3) таъмини якҷояшавии иҷтимоӣ ва дастрасии баробари тамоми одамон ба хизматрасонии тиббӣ бидуни ҳеҷ гуна табъиз ва ҷудошавии иҷтимоӣ вобаста ба ҷинс, синну сол, мавқеъ, сатҳи даромад ва камбизоатӣ, нажод, мансубияти этникӣ, дин, шаҳрвандӣ, категорияи иҷтимоии шаҳрвандон.
4) таҳияи низомҳои муосири идоракунии иттилоотӣ (СИИ), тавсеаи рақамикунонии низоми тандурустӣ.
3. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
§ 1. Шарҳи умумии вазъи солимии аҳолии Тоҷикистон
10. Дар баробари беҳбудии шароити иҷтимоию иқтисодии зиндагӣ, беҳбуди нишондиҳандаҳои солимии шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Давомнокии умр аз соли 2000 то соли 2019 6,8 сол зиёд шуда, барои мардон то 73 сол ва занон 76,9 солро ташкил медиҳад.
11. Ба омилҳои гуногуни таъсиррасонии солимии аҳолӣ дар Тоҷикистон бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, аз қабили бемориҳои дилу раг ва бемориҳои роҳи нафас дохил мешаванд. Тибқи маълумоти таҳқиқоти "Сарбории глобалии бемориҳо" дар давраи солҳои 2007-2017 дар Тоҷикистон 10 сабаби асосии фавт тақрибан бетағйир боқӣ мондаанд, аз ҷумла бемориҳои ишемияи дил, сироятҳои роҳҳои нафас, сактаи мағзи сар, бемориҳои навзод, сироятҳои шадиди рӯда, сиррози ҷигар, кардиопатияи гипертонӣ, диабети қанд, нуқсонҳои модарзодӣ, бемории Алсгеймер. Ҳамзамон, дар ин давра фавти одамон аз бемориҳои метаболитикӣ (диабети қанд) 112 фоиз афзудааст.
12. Дар кишвар дар самти беҳтар намудани нишондиҳандаҳои солимии модар ва кӯдак пешрафти назаррас ба даст оварда шудааст. Коэффитсиенти фавти модарон аз 97,7 ба 100000 таваллуди зинда дар соли 1990 то ба 24,1 ба 100000 таваллуди зинда дар соли 2018 коҳиш ёфт. Сатҳи фавти модарон дар ҷаҳон аз соли 2005 то 2017 2,8 фоиз паст шудааст, дар ҳоле ки сатҳи марги модарон дар Тоҷикистон 4,2 фоиз коҳиш ёфтааст.
13. Вазъ дар робита бо нишондиҳандаҳои солимии кӯдакон низ беҳтар шуда истодааст. Дар соли 2017 сатҳи фавти кӯдакони то 5сола мутаносибан 33 ва коэффитсиенти то 1 сола 27 буд (Таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ-соли 2017). Дар соли 2018 хароҷоти тандурустӣ ба ҳар сари аҳолӣ 62,8 доллари америкоиро ташкил дод, ки аз он 26,4 фоиз аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, 66,6 фоиз хароҷот аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва 7 фоиз аз ҳисоби шарикони рушд ва донорҳои байналмилалӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, кишвар 7,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро барои хароҷоти умумии тандурустӣ сарф мекунад (2018), ки аз сатҳи миёнаи минтақавӣ камтар аст.
§ 2. Шарҳи умумии низоми тандурустӣ
14. Низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон мақомотеро дар бар мегирад, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи тандурустии кишвар муайян мекунад ва барои таҳияи механизмҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва соҳавӣ, инчунин барои банақшагирии захираҳо, аз ҷумла захираҳои инсонӣ масъул мебошанд. Ин дар навбати аввал, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин дигар вазоратҳои соҳавӣ, аз қабили молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва ғайраҳо мебошанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои расонидани хизматрасонии маҳаллӣ ва маблағгузории ин хизматрасониҳо масъуланд.
15. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин дигар вазоратҳои соҳавӣ дар якҷоягӣ вазифаҳои асосии беҳбуди солимии аҳолии Тоҷикистонро иҷро мекунанд:
- идоракунӣ;
- таъминоти захираҳои молиявӣ ва инсонӣ;
- ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот;
- пешниҳоди хизматрасониҳо ва доруворӣ;
- таъмини пешгирӣ;
- амнияти эпидемиологии кишвар.
16. Ҳукумати кишвар, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои зеринро барои таъмини роҳбарӣ ва қабули қарорҳои асоснок дар самти солимии миллат ба зимма гирифтааст:
- таҳияи арзишҳои асосӣ, принсипҳои роҳбарикунанда ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ;
- таҷдиди қонунгузорӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва назорати иҷрои онҳо;
- ташаккули шарикии байнисоҳавӣ ва байниидоравӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ дар кишвар;
- таваҷҷуҳи бештар ба амалияи муосири байналмилалӣ;
- ҳамоҳангсозии кумаки байналмилалӣ ва ҳамкории техникӣ.
17. Ҳадафи Стратегия амиқ кардани ин раванд тавассути ҷалб намудани диққат ба ҷанбаҳои асосии идоракунии тандурустӣ ва татбиқи амалҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат мебошад.
18. Сиёсати оқилонаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ асоси соҳаи тандурустиро дар бар мегирад. Он афкори ҷамъиятиро оид ба сафарбаркунии захираҳо, муттаҳидгардонии захираҳо, харид ва барқароркунии хароҷот муайян мекунад.
19. Ноустувории маъмурӣ ва нобаробарии назарраси минтақавӣ ва ноҳиявӣ дар тақсим кардани маблағ барои соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, парокандагии манбаъҳои давлатии маблағгузориро ба амал меорад. Стратегияи мазкур ин мушкилотро тавассути таҳияи дастурҳо оид ба муттаҳидсозии маблағҳои давлатӣ аз манбаъҳои гуногун таҳти роҳбарии ягона дар сатҳи минтақавӣ дар марҳилаи аввал - дар механизмҳои зарурии таҷрибавӣ ва дар марҳилаи дуввум - бо роҳи ворид кардани онҳо ба сохтори ягонаи суғуртаи тиббии давлатӣ - баъд аз ба итмом расидани раванди институтсионалӣ дар доираи раванди таъсиси фонди суғуртаи тиббӣ ҳал менамояд.
20. Стратегияи пешниҳодшуда ислоҳоти низоми амалкунандаи маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамчун як қадами муҳим дар самти баланд бардоштани самаранокии низоми расонидани ёрии тиббӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрам, дастрасӣ ва қобили қабул будани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар хизматрасониҳои асосии тиббиро барои аҳолӣ пешбинӣ мекунад.
21. Тадбирҳои маблағгузорӣ, ки самаранокиро беҳтар мекунанд ё бастаҳои имтиёз, ки дар алоҳидагӣ бе дахолати иловагии тарафи пешниҳодкунанда гузаронида мешаванд, дар гумон аст, ки натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оранд. Мукаммалсозии бахши беморхонаҳо таъсири хароҷоти давлатро ба ёрии статсионарӣ ба таври назаррас беҳтар мекунад.
22. Расонидани хизматрасонии тиббӣ аз мавҷудияти захираҳои кадрии иттилоотонишуда, салоҳиятдор ва далелнок дар соҳаи тандурустӣ вобастагӣ дорад. Банақшагирӣ ва омӯзиши захираҳои инсонӣ, бахусус кормандони тиб, як раванди дарозмуддат аст ва натиҷаҳои он ба дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ барои аҳолӣ таъсир мерасонанд.
23. Захираҳои инсонӣ барои тандурустӣ "одамоне мебошанд, ки ҳадафи онҳо мусоидат ба солимӣ мебошад". Ба он кормандоне дохил мешаванд, ки бевосита дар пешгирӣ ва расонидани хизматрасонии тиббӣ, бо маълумоти тиббӣ ё бидуни он, инчунин роҳбарон, кормандони маъмурӣ ва ёрирасон ширкат мекунанд. Кормандоне, ки дар тайёрӣ ва таълими кормандони соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ иштирок мекунанд, низ қисми ҷудонашавандаи захираҳои кадрии тандурустӣ маҳсуб мешаванд.
24. Асос барои татбиқи Стратегияи мазкур ин таъсиси низоми банақшагирии стратегии захираҳои кадрии тандурустӣ мебошад. Мавҷудияти захираҳои инсонӣ, ки хизматрасониҳои дахлдор пешниҳод менамоянд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои соҳаи тандурустӣ, хусусан аз ҷиҳати дастрасӣ, адолат, сифат ва самаранокии соҳа муҳим аст. Ин низом бояд идоракунии самарабахши давлатии бозори меҳнатро дар соҳаи тандурустӣ таъмин намояд, барои гузаронидани сиёсати ягона оид ба беҳбудии солимии аҳолӣ ва таъмини рушди устувори низоми тандурустӣ имконият диҳад. Ин муносибат муносибати мунтазамро барои банақшагирӣ дар назар дорад:
1) омӯзиш барои соҳаи тандурустӣ;
2) фароҳам овардани шароити мувофиқ ва мусоид барои шуғл;
3) шартҳо барои мунтазам баланд бардоштани сифат ва таъминоти таҳсилоти баъдидипломӣ;
4) тавсеаи иқтидор ва фаъолияти илмӣ дар соҳаи тиб. Эҷоди шакли ҳамгирошуда барои омӯзиш, ташаккул додани малакаҳои клиникӣ ва рушди илми тиб яке аз натиҷаҳои асосии татбиқи Стратегияи мазкур мебошад.
25. Низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати қабули қарорҳои далелнок дар тамоми самтҳои муҳими идоракунӣ, муқаррар намудани стандартҳои ҳисоботӣ ва мубодилаи иттилоот дар реҷаи вақти воқеӣ, таъмини сатҳи баланди амният ва махфияти маълумот оид ба беморон асос ҳисобида мешавад. Ғайр аз он, низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ қодир аст, ки идоракунӣ, иҷро ва мониторинги хароҷотро беҳтар карда, муносибатҳои шарикии судмандро бо ҷонибҳои дахлдор барқарор намояд. Низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ дастгирии иттилоотии раванди қабули қарорҳоро дар ҳар як сатҳи низом барои кумаки дуруст ба даст овардани хизматрасониҳо ҷиҳати таъмини солимии аҳолӣ таъмин мекунад.
26. Рӯзномаи корӣ оид ба рушди устувор дар давраи то соли 2030 зарурати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро эътироф мекунад. Васеъ кардани дастрасӣ, истифода ва сифати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ метавонад барои ноил шудан ба ҳама Ҳадафҳои Рушди Устувор калиди асосӣ бошад.
27. Барои беҳтар кардани солимӣ ва некуаҳволии аҳолӣ дастрасӣ ба хизматрасонии асосии босифати тиббӣ зарур мебошад. Дар тӯли даҳсолаи охир, дар доираи татбиқи Стратегияи милии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, дар самти беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шуданд ва нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ низ беҳтар гардиданд.
28. Барои фарогирии хизматрасонии умумии тандурустӣ, хизматрасонии тиббӣ бояд дастрас, мувофиқ ва қаноатбахш аз нуқтаи назари маблағгузорӣ бошад. Хизматрасонӣ тибқи ин арзишҳо таҷрибаи бо далелҳо асоснокро талаб мекунад ва одамон (беморон) бояд дар маркази ҳама гуна шакли хизматрасонӣ бошанд.
29. Дар боби мазкур таркиби асосии хизматрасониҳо баррасӣ гардида, ҳар яке аз ин таркибҳо барои беҳтар кардани ҷанбаҳои хоси саломатӣ ё ҳалли нобаробарӣ барои солимии гурӯҳҳои осебпазир равона карда шудааст. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ ба беҳбудии солимӣ ва некуаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад.
30. Таъмини дастрасӣ ба хизматарсониҳои тандурустӣ:
- рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо тибби оилавӣ асоснокшуда;
- ҳифзи солимии модару кӯдак ва хизматрасонӣ оид ба солимии ҷинсӣ, репродуктивӣ ва ҳуқуқи наврасон;
- бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ, нигоҳубин ва табобат;
- бемориҳои ғайрисироятӣ, пешгирӣ ва табобат.
31. Таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ:
- баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ ва дигарон тавассути тарғиби тарзи ҳаёти солим;
- беҳтар кардани дастрасӣ дар шароити тандурустӣ, ҳам берун аз он;
- татбиқи механизми таъмини бехатарӣ ва қобили қабул будани таъминоти оби нӯшокӣ;
- фаъолияти пурраи соҳаи тандурустӣ ва низоми озмоишгоҳӣ.
§ 3. Имкониятҳо ва мушкилоти асосӣ
32. Дар зер баъзе аз имкониятҳои калидӣ оварда шудаанд, ки беҳтар истифода бурдани онҳо лозим аст:
- дастгирии қавии сиёсӣ: ҷорӣ намудани хизматрасонии тиббӣ бо хароҷоти назарраси давлатӣ вобастагӣ дорад. Бо дарназардошти маҳдудияти захираҳои давлатӣ, дастгирии васеи сиёсӣ ва муайян намудани афзалиятҳо дар соҳаи тандурустӣ барои сафарбар кардани захираҳо бо мақсади сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ аҳамияти муҳим доранд;
- гузариши демографӣ ва эпидемиологӣ, пиршавии аҳолӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ ба соҳаи тандурустӣ фишори назаррас мерасонанд, аз ин рӯ, диққати худро ба ҳалли ин мушкилот равона кардан лозим аст, на ба рафъи оқибатҳои онҳо;
- дастгирӣ аз ҷониби шарикони рушд ва донорҳои байналмилалӣ, шарикони байналмилалӣ на танҳо захираҳои муҳими молиявӣ, балки инчунин донишу таҷрибаро барои ҳалли мушкилоти тандурустӣ меоранд, ки ин дастгирӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои асосии тиббӣ ва баланд бардоштани иқтидори инсонӣ ва такмил додани инфрасохтор муҳим аст;
- такмили шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва фароҳам овардани ҷой барои сармоягузории хусусӣ боиси афзоиши сафарбаркунии захираҳо ва устувории расонидани хадамоти тиббӣ мегардад.
4. САМТҲОИ РУШДИ СТРАТЕГИЯ
§ 1. Идоракунии самаранок дар соҳаи тандурустӣ
33. Стратегияи мазкур тавассути як қатор чорабиниҳо амалӣ карда мешавад, ки дар ду самти асосии он сохта шудаанд:
- идоракунии самаранок, маблағгузории устувор, таъмини кадрҳо ва рушди технологияҳои иттилоотӣ;
- хизматрасонии тиббии дастрас, арзон ва босифат.
34. Замина ва дастовардҳои асосӣ. Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 барои рушди соҳаи тандурустии кишвар як рӯйдоди муҳим гардид. Ин аввалин стратегияи ҳамаҷониба буд, ки ба таъмини ҳамоҳангии стратегӣ ва мусоидат ба ҳамгироии ҷанбаҳои тандурустӣ дар тамоми соҳаҳо ва самтҳои сиёсат равона шудааст.
35. Дар ҷараёни татбиқ, фаъолияти умумии идоракунӣ ва назорати низоми тандурустӣ такмил дода шуд, ки ин ба дастовардҳои зерин оварда расонд:
- ба таври назаррас беҳтар намудани вазъи умумии солимии аҳолӣ ва навсозии низоми миллии тандурустӣ барои устувории бунёди сармояи инсонӣ дар кишвар;
- ташкили низоми муассири ҳамкорӣ ва идоракунии раванди ислоҳот;
- ба таври назаррас такмил додани ҳамкории байниидоравӣ байни вазоратҳо ва мақомоти давлатӣ, ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ноҳиявӣ.
36. Дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ раванди бизнеснақшагирӣ ҷорӣ карда шудааст, ки идоракунии муассисаҳои тандурустиро дастгирӣ мекунад ва механизми таъмин намудани муассисаҳоро бо мустақилияти бештар дар буҷет ва афзалияти саломатӣ бо ҷалби ҷомеа ва баланд бардоштани шаффофияти низомро дар маҷмӯъ таъмин менамояд. То охири соли 2018 бизнеснақшагирӣ дар 24 ноҳияи ҷумҳурӣ дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷорӣ карда шуда, ҷорикунии он дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
37. Беҳтаркунӣ ва назорати сифат: сифати таҳсилоти тиббии олӣ ва миёна яке аз омилҳои асосии диққатҷалбкунанда боқӣ мемонад. Дар ин самт пешравии назаррас тавассути вориднамоии омӯзиши солонаи клиникии ғайримутамарказ дар сатҳи тодипломии таҳсилоти тиббӣ ва нисбатан омодасозии баъдидипломии махсуси дарозмуҳлат (2-сола) барои табибони оилавӣ ба даст омадааст.
38. Дар баробари дастовардҳо масъалаҳои ҳалношудаи алоқаманд ба беҳтаркунии соҳаи тандурустӣ ва мушкилоти нави муҳити рушдёбанда боқӣ мондаанд:
- ҳамгироии хадамотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то ҳол анҷом наёфтааст. Бо дарназардошти вазифаҳои васеъ, дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифаи бениҳоят вазнин ҷиҳати ба таври таъҷилӣ ҳамгироӣ намудани фаъолияти хадамотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ истодааст, ки ин ҳам боз маблағгузории иловагиро талаб мекунад;
- вазифаи идоракунии тандурустӣ на ҳамеша бо дастгирии мувофиқи иттилоотӣ тақвият дода мешавад. Истифодаи маҳдуди далелҳо ва эътирофи пасти таъсироти воқеӣ ба истифодаи бесамари захираҳо ва сифати пасти раванди қабули қарорҳо оварда мерасонад. Аз ҷумла, ин ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои соҳаи тандурустии вилоятӣ ва ноҳиявӣ тааллуқ дорад, ки ин раванди мониторинг ва баҳодиҳии татбиқи стратегияро мушкил месозад. Нишондодҳо на ҳама вақт ба вазъи ҳақиқӣ мувофиқат мекунанд;
- низоми иттилоотии бесамари тандурустӣ: айни замон низоми иттилоотии тандурустӣ маълумоти ҷамъбастшударо дар сатҳи вилоятҳо, ноҳияҳо ва муассисаҳои тандурустӣ оид ба вазъи тандурустии ҷамъиятӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, инчунин маълумотро оид ба ҳисобҳои миллии тандурустӣ, даромад ва хароҷотҳои муассисаҳои тандурустӣ дорад. Маълумотҳои мазкур барои идоракунии саривақтии соҳаи тандурустӣ ва баҳодиҳии фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ бениҳоят заруранд; аммо онҳо далелҳои фардии беморонро надоранд, ки истифодаи чунин маълумотро маҳдуд месозад;
- то ҳол мушкилоти самти ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ дида мешавад. Ба сифати воситаҳо барои дастгирии Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 20102020 воситаҳои амудӣ ва нақшаҳо, ки ҳамгироӣ ва мувофиқасозии пурраро талаб мекунанд, қабул карда шуданд. Алоқаи мутақобилаи байни стратегияи тандурустӣ ва дигар стратегияҳои соҳавӣ то ҳол равшан муайян карда нашудааст. Бо таъмин намудани мувофиқати байни стратегияҳои маҷмӯавии рушд, сиёсат дар соҳаи тандурустӣ ва дигар стратегияҳои соҳавӣ, стратегияҳо ва нақшаҳои давлатӣ, инчунин, метавонад бевосита барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат намояд, ки "низоми нисбатан ботартибро дар таъмини рушди устувор" пайгирӣ намуда, ба "об кардани ях" дар соҳа барои амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор даъват менамояд. Ба раванди ислоҳотҳо муҳлати дарози мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои стратегӣ бо муассисаҳои байнисоҳавӣ ва норозигиҳои мавҷуда ҳангоми амалисозии лоиҳаҳои алоҳида монеа мешаванд;
- самаранокии паст ва ҳамоҳангсозии номувофиқ дар идоракунии захираҳои беруна ва сармояҳои хориҷӣ, дар навбати худ, самаранокии истифодаи маблағҳои барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ ҷалбшударо коҳиш медиҳад.
39. Мақсадҳо, вазифаҳо, амалҳо ва натиҷаҳои тахминӣ. Стратегия мақсадҳои зеринро бо вазифаҳо ва чорабиниҳои мувофиқ аз рӯи ҳар як мақсад барои таъмини расидан ба онҳо муайян менамояд.
40. Мақсади асосӣ ин мусоидат ба идоракунии самараноки низомҳои миллии тандурустӣ ба шумор рафта, аз чунин вазифаҳо иборат мебошад:
- мукаммалсозии идоракунии соҳаи тандурустӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ);
- баланд намудани иқтидори идоракунӣ дар ҳама сатҳҳои идоракунии соҳаи тандурустӣ тавассути омӯзиш;
- таъсиси низоми марказонидашудаи самараноки Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қабули нақши босамари назорати сифат ва бехатарии хизматрасониҳои тандурустӣ аз тарафи муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
- таъсиси механизмҳои самараноки ҳамоҳангсозии кумаки донорӣ бо мақсади таъсиси муттаҳидсозии ҳамаҷонибаи захираҳои молиявӣ барои амалисозии Стратегия.
41. Барои расидан ба ин мақсадҳо чунин амалҳо анҷом дода мешаванд:
1) мукаммалсозии идоракунии соҳаи тандурустӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи маҳаллӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ):
- мукаммалсозии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои дақиқ ҷудо намудани ҳуқуқ ва ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. Беҳтаркунии иқтидори идоракунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти сиёсат ва идоракунии соҳаи тандурустӣ;
- таҳияи принсипҳои роҳбарикунандаи мушаххас барои ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва иштироки ҷомеа дар қабули қарор ва таҳияи чораҳои сиёсат;
2) баланд намудани иқтидори идоракунӣ дар ҳама сатҳҳои идоракунии соҳаи тандурустӣ тавассути мукаммалсозӣ ва таъмини устуворнокии курси омӯзишии инноватсионии яксолаи "Менеҷменти тандурустии ҷамъиятӣ" дар сатҳи таҳсилоти тиббии баъдидипломӣ ва рушди муттасили касбӣ;
3) расидан ба самаранокии фаъолияти низоми марказонидашудаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба ҳама шаклҳои фаъолият, ки риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию эпидемиологиро танзим менамоянд;
- таҳия ва азнавсозии талабот оид ба таъмини об, санитария ва беҳдоштӣ ва идоракунии партовҳои тиббӣ барои аккредитатсияи муассисаҳои табобатию профилактикӣ;
- мукаммалсозии сохтори идоракунии мақомотҳо ва муассисаҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вориднамоии модели муносиби идоракунӣ дар ҳама сатҳҳо;
- тақсимоти дурусти уҳдадориҳои мақомоти назоратӣ оид ба бартараф намудани ҳолатҳои такрорёбии уҳдадориҳо байни якдигар;
- мукаммалсозии иқтидори идоракунии мақомот ва муассисаҳои назорати санитарию эпидемиологӣ аз ҳисоби ҷалби хизматчиёни дараҷаи олӣ аз рӯи ихтисосҳои гигиена, эпидемиология, санитария ва тандурустии ҷамъиятӣ;
4) қабули нақши босамари назорати сифат ва бехатарии хизматрасониҳои тандурустӣ аз тарафи муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ:
- мустаҳкамнамоии дониши табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар кишвар тавассути амалисозии консепсияи таҳсилоти тиббӣ, ки ба сифати рушди касбии тодипломӣ, баъдидипломӣ ва муттасил асос карда шудааст;
- тақвияти неруи кишвар оид ба таҳия, паҳнкунӣ, баҳодиҳӣ ва азнавкунии дастурамалҳо оид ба таҷрибаи клиникии ба маълумоти далелнок асосёфта;
- боздид ва таҳияи стандартҳо барои аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ ва дастгирии истифодашавӣ ва вориднамоии стандартҳои мазкур дар ҳама муассисаҳои мувофиқи кишвар;
- шарҳи стандартҳои аккредитатсияи мавҷуда ва таҳияи стандартҳои нав барои хизматрасониҳои бештар истифодашаванда, ба монанди пешгирӣ ва табобати сил, вируси норасоии масунияти одам, стоматология, иммунизатсия, хизматрасониҳои озмоишӣ, хизматрасонии санаторию курортӣ, кумаки паллиативӣ ва таҷрибаи тибби хусусӣ;
- омӯзонидани кормандон ва менеҷерони тандурустӣ оид ба баландкунии сифати хизматрасонии тиббӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ;
- таҳия ва вориднамоии низоми мониторинги бехатарӣ ва сифати табобати беморон.
42. Натиҷаи ин амалҳо таъсис додани вазифаи самараноки роҳбарикунанда ва идоракунии соҳаи тандурустӣ дар асоси чунин натиҷаҳои пешбинишуда мешавад:
- воридгардонии модели ҳамгироишудаи идоракунии хизматрасониҳои тандурустӣ ва баҳодиҳии онҳо;
- фаъолияти устувор ва беҳтари барномаи курси омӯзишии инноватсионии яксолаи "Менеҷменти тандурустии ҷамъиятӣ" дар сатҳи таҳсилоти тиббии баъдидипломӣ ва рушди муттасили касбӣ;
- баланд намудани шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар сатҳи ҳама соҳа;
- фаъолияти модели шарикии самаранок ва ҳамоҳангсозӣ барои идоракунии кумаки беруна;
- ҷоригардонии низоми ягонаи иттилоотии тандурустӣ;
- таъсиси низоми самаранок ва марказонидашудаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамгироии ҷанбаҳои тандурустӣ дар ҳама соҳаҳои ислоҳоти сиёсати давлатӣ.
§ 2. Маблағгузории устувор
43. Дар солҳои охир рушди устувори иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба афзоиши назарраси хароҷоти давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ оварда расонид. Дар соли 2019 хароҷотҳо то 1,8 млрд сомонӣ зиёд гардиданд, ки 5,0 маротиба нисбат ба соли 2010 (354,9 млн сомонӣ) зиёд мебошад. Дар соли 2018 хароҷоти умумии давлатӣ ба тандурустӣ 2,3 фоизро аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар соли 2010 бошад ин нишондод 1,4 фоизро ташкил додааст. Новобаста аз рушди устувор, ҳиссаи хароҷотҳо ба тандурустӣ дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҳиссаи хароҷотҳо ба тандурустӣ ба ҳар як аҳолӣ дар минтақа нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар маблағгузории тандурустӣ ҳанӯз ҳам пардохтҳои нақдӣ бартарӣ доранд, ки аз тарафи хонаводаҳо (66,6%) анҷом дода шуда, ин аз осебпазирии бисёре аз оилаҳо ба хароҷоти тандурустӣ ва хатари баланди камбизоатшавии бо тандурустӣ алоқаманд шаҳодат медиҳад.
44. Дар доираи ислоҳоти болозикр метавон чунин дастовардҳоро қайд кард:
- маблағгузории кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи маблағгузории сарикасӣ. Чунин муносибат бо мақсади тақсимоти одилонаи захираҳои молиявӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ қабул карда шуд. ,айр аз ин, механизми таҷрибавии маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият, ки бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад, барои модели самаранок барои фаъолияти муассисаҳои тиббӣ замина гузошт;
- тавсеаи Барномаи кафолатҳои давлатӣ ба коҳиш додани пардохтҳои ғайрирасмӣ тавассути ташаккули низоми пешгӯишаванда ва шаффофи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои беморон равона карда шудааст. Айни замон, барномаи кафолатҳои давлатӣ зиёда аз 21% аҳолии Тоҷикистонро фаро гирифтааст;
- институтикунонии низоми ҳисобҳои миллии тандурустӣ, ки ба беҳтаркунии назорати захираҳои тандурустӣ барои қабули қарорҳои дахлдори сиёсӣ мусоидат менамояд.
45. Мақсадҳо, вазифаҳо, амалҳо ва натиҷаҳои пешбинишуда. Мақсади асосӣ ин таъмини маблағгузории муносиб ва устувор ва идоракунии бомасъулияти захираҳои давлатӣ ба шумор рафта, аз чунин вазифаҳо иборат мебошад:
- беҳтаркунии равонасозии захираҳо, таъмини маблағгузории муносиб ва устувори соҳаи тандурустӣ;
- мусоидат ба тақсимоти захираҳои молиявӣ;
- беҳтаркунии харидҳои давлатии хизматрасониҳои тандурустӣ;
- мукаммалсозии инфрасохтори тиббӣ дар асоси принсипҳои самараноки иқтисодӣ, талабот ва манфиатҳои аҳолӣ.
46. Барои расидан ба ин мақсадҳо чунин амалҳо анҷом дода мешаванд:
1) беҳтаркунии равонасозии захираҳо, таъмини маблағгузории муносиб ва устувори соҳаи тандурустӣ:
- баландкунии хароҷоти давлатӣ ба тандурустӣ тавассути тақвияти Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ барои банақшагирии буҷет бо роҳи ҳамгироии пурраи мақсадҳои Барномаи миллӣ дар раванди банақшагирии буҷети солона;
- таъсиси заминаи ҳуқуқии дахлдор ва муҳити мусоид барои рушди низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ;
- таҳия ва дар ҳолати зурурӣ тасдиқи шакли иқтисодии вориднамоии низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ бо дар назар доштани асосноккунии иқтисодии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи тиббӣ";
- коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва дастгирии шарикии бахши давлатӣ ва хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- таҳияи харитаи роҳ барои ҷалби сармояҳо ва зиёдкунии ҳиссаи маблағгузориҳои бахши хусусӣ;
- ташкили шароит барои рушди суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;
2) мусоидат ба тақсимоти захираҳои молиявӣ:
- таъмини мукаммалсозӣ ва тавсеаи Барномаи кафолатҳои давлатӣ барои ҳамаи аҳолӣ бо таваҷҷуҳ ба кафолатҳои иҷтимоӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ;
- иттилоотонидан ва фаҳмонидани ҷомеа оид ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ;
3) беҳтаркунии харидҳои давлатии хизматрасониҳои тандурустӣ:
- мукаммалсозии механизми маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- таҳия/тавсеаи шакли маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият барои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кормандони тиббӣ;
- ҳамгироии минбаъдаи механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият ба маблағгузории сарикасӣ;
- таҳия/рушди минбаъдаи усулҳои пардохт дар асоси ҳолати табобат дар муассисаҳои кумаки бистаринамоӣ;
- ҷорӣ кардани низоми "Харидории ягонаи хизматрасоиҳои тиббӣ" ва таҳияи механизмҳои танзимкунанда барои бастани шартномаҳо бо таъминкунандагони хизматрасонии тиббӣ;
- такмили идоракунии шартномавӣ ва қобилияти идоракунии муассисаҳои давлатӣ ва таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ;
4) мукаммалсозии инфрасохтори тиббӣ дар асоси принсипҳои самараноки иқтисодӣ, талабот ва манфиатҳои аҳолӣ, шарҳи мақсадҳо ва муҳлатҳои татбиқи марҳилавии нақша оид ба мукаммалсозии инфрасохтори тиббӣ.
47. Натиҷаҳои татбиқи ин чорабиниҳо баланд намудани баробарӣ ва самаранокӣ ҳангоми тақсимоти захираҳо дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мешавад:
- маблағгузории муносиб, баробар ва устувори тандурустӣ;
- дастрасии барномаи кафолатҳои давлатӣ барои ҳама аҳолӣ;
- баланд намудани сатҳи ҳифзи аҳолӣ аз хатарҳои молиявӣ, хусусан барои гурӯҳҳои осебпазир;
- идоракунии оқилона ва самараноки захираҳои молиявии давлатӣ барои тандурустӣ;
- баланд намудани сифат ва самаранокии идоракунии муассисаҳои тиббӣ.
§ 3. Таъмини рушди пайвастаи захираҳои кадрӣ - таъминоти кадрии соҳаи тандурустӣ
48. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои асосии шуғли аҳолӣ буда, айни замон, миқдори кормандони соҳаи тандурустӣ 111,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
49. Дар 10 соли охир миқдори табибон ва кормандоне, ки тавассути таълимоти тахассусӣ омода карда шудаанд (ҳамшираҳои тиббӣ ва ғайра) / кормандони миёнаи тиббӣ то 34,5% ва 70,1% мутаносибан афзудаанд. Дар натиҷа, дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 18716 табиб ва 51788 корманди миёна дар амалия фаъолият доштанд. Таъминотнокӣ бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба 10 ҳазор аҳолӣ дар 10 соли охир мутаносибан 12,2% ва 41,8% афзудааст. Дар натиҷа таъминотнокӣ бо табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 21,2 ва дар байни кормандони миёнаи тиббӣ 58,6 ташкил медиҳад.
50. Дар баробари ин, сарфи назар аз тамоюли мусбат доштани миқдори умумии иқтидори кадрии соҳаи тандурустӣ, дар сатҳи ҷумҳурӣ дар масъалаи таъминотнокии кадрӣ нобаробарии ҷуғрофӣ мушоҳида карда мешавад. Аз ҷумла, шумораи нисбатан зиёдтари кормандон дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, ки ба 10 ҳазор аҳолӣ 83,2 табиб рост меояд ва ин нишондод дар вилояти Хатлон танҳо 11,6 ба 10 ҳазор аҳолиро ташкил медиҳад.
51. Новобаста аз афзудани миқдори кормандони соҳаи тандурустӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилии норасоии мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои муайян (табибони оилавӣ, табибони кӯдакон, неонатологҳо, психиатр-нарколог, сироятшинос, мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ, протезистҳо, ортезистҳо ва ғайра) рӯ ба рӯ шудааст.
52. Муҳоҷирати кормандони соҳаи тандурустӣ берун аз кишвар яке аз сабабҳои асосии норасоии кадрҳои баландихтисоси тиббӣ мебошад.
53. Таълимоти тиббӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи муассисаҳои таълимии тиббии давлатӣ ва хусусӣ расонида мешаванд. Дар муқоиса, аз соли 2010 миқдори муассисаҳои таълимии тиббӣ, донишҷӯён ва хатмкунандагон тадриҷан афзуда истодааст.
54. Таълимоти муттасили тиббӣ ва рушд, ки ба кредит-соат асос ёфтааст, айни замон барои табибони оилавии шаҳри Турсунзода дар марҳилаи таҷрибавӣ қарор дорад. Таҷрибаи мазкур амалишавии тартиби таҳиягардида оид ба таълимоти муттасили тиббӣ ба ҳисоб рафта, 101 табиб ва 100 ҳамшираи тиббӣ ба раванди зикргардида ҷалб шудаанд. Натиҷаҳои мусбати лоиҳаи таҷрибавии мазкур бояд заминаи вусъати доимии барнома дар саросари кишвар бошанд.
55. Соҳаи муосири тандурустии кишвар ба роҳбарони баландтахассус эҳтиёҷоти воқеӣ дорад. Айни замон, ду барномаи тахассусӣ барои мутахассисони сатҳи роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ мавҷуданд, аз ҷумла барномаи дусолаи таълимӣ, ки баъди хатм намудани он тахассуси "Менеҷери соҳаи тандурустӣ" (59 нафар хатмкунанда дар соли 2018) ва даври таълимии яксолаи "Менеҷменти тандурустии ҷамъиятӣ" барои роҳбарони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки аз соли 2015 то инҷониб гузаронида мешавад.
56. Дар даҳсолаи охир дар илми тиб як қатор дастовардҳои назаррас низ мушоҳида карда мешаванд. Новобаста ба инфрасохтори фарсудашуда ва маблағгузории маҳдуд муассисаҳои тадқиқотии худмухтор, инчунин шуъбаҳои тадқиқотии муассисаҳои таълимии тиббӣ ва беморхонаҳо дар лоиҳаҳои миллӣ ва байналмилалӣ иштирок меварзанд. Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 маркази илмӣ, шуъбаҳои илмии муассисаҳои давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино", "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" ва "Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" фаъолият менамоянд.
57. Дар ин марҳила, зиёда аз 80 лоиҳаи илмию тадқиқотӣ ва 11 тадқиқоти инноватсионӣ бо маблағгузории давлатӣ анҷом дода шуда, миқдори мақолаҳо дар маҷаллаҳои миллӣ ва байналмилалии тақризшаванда афзуда истодааст. Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд.
58. Дар баробари дастовардҳо як қатор мушкилиҳо дар раванди рушди захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ боқӣ мондаанд:
1) мавҷудияти кормандони тиб:
- набудани тартиби ягонаи банақшагирии стратегии захираҳои кадрӣ;
- норасоии кормандони тиб;
- муҳоҷирати васеъ;
- номутаносибии ҷуғрофӣ дар тақсимоти кормандони соҳаи тандурустӣ;
- шароитҳои номуносиби корӣ;
2) таҳсилоти тиббӣ:
- танҳо баъзе аз устодон унвон ва дараҷаҳои илмӣ доранд;
- набудани пойгоҳҳои клиникии донишгоҳӣ;
- набудани тартиби муттасили таҳсилоти касбӣ ва рушд;
3) илми тиб:
- заминаи моддию техникии кӯҳнашудаи муассисаҳои илмӣ ва норасоии маблағҳои сармоягузорӣ барои навсозии он;
- норасоии маблағгузории грантӣ барои корҳои илмию тадқиқотӣ;
- манфиатҳои маҳдуд/нокифояи бахши хусусӣ барои анҷом додани корҳои илмӣ.
59. Мақсадҳо, вазифаҳо, чорабиниҳо ва натиҷаҳои пешбинишуда. Мақсади асосӣ таъмини миқдори зарурии захираҳои кадрии баландихтисос ва ба талаботи соҳаи тандурустӣ муносиб будан, ҷалби мутахассисон барои анҷом додани корҳои илмӣ ва муайян намудани манбаъҳои нави маблағгузорӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хусусӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ба шумор рафта, аз чунин вазифаҳо иборат мебошад:
- мукаммалсозии банақшагирии стратегии захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ тавассути воридсозии тартиб ва воситаҳои тақвиятбахшии маълумотҳо барои назорат, банақшагирӣ ва қабули қарорҳои асоснок;
- мукаммалсозии раванди таълими захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ бо таваҷуҳи хосса ба кормандони соҳа ва идоракунанда бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва тақвиятбахшии дастрасии захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ дар минтақаҳо. Он масъалаҳои таъмини кормандони соҳа бо донишҳои назариявии зарурӣ, малакаҳои амалӣ ва воридсозии тартиби рушди пайдарпаи касбиро дар бар мегирад;
- беҳтар кардани шароити корӣ барои захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ (кормандони тиббӣ ва ғайритиббӣ, ҳайати устодон ва ходимони илмӣ);
- дастгирии рушди илм, технологияҳои муосир ва инноватсия дар соҳаи тандурустии кишвар.
60. Барои расидан ба ин мақсадҳо чунин амалҳо анҷом дода мешаванд:
1) мукаммалсозии банақшагирии стратегии захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ:
- таҳия, озмоиш ва ҷорӣ кардани "Феҳристи миллӣ барои захираҳои инсонӣ дар соҳаи тандурустӣ", аз ҷумла заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва таъсиси махзани иттилоот;
- таҳия, тасдиқ ва воридсозии равандҳои асосии идоракунии стратегии захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ;
- таҳияи Барномаи миллии тарбияи кадрҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 бо дар назар доштани равандҳои асосии ислоҳоти соҳа, ки аз Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030, Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи мазкур сарчашма мегиранд;
- боздиди номгӯи ихтисосҳо ва вазифаҳои тахассусии кормандони дорои таҳсилоти олӣ, миёнаи тиббӣ ва фарматсевтӣ;
- аз нав дида баромадан ва соддагардонии қоидаҳо ва дастурамалҳое, ки ба мутахассисони тиббии хориҷӣ иҷозати кор карданро дар Тоҷикистон медиҳанд;
2) мукаммалсозии раванди таълими захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ:
- боздиди Консепсияи тартиби таҳсилоти тиббӣ, ки тамоми сатҳҳои таҳсилоти тиббиро дар бар мегирад - дар сатҳи тодипломӣ, баъдидипломӣ ва таълимоти муттасили касбӣ;
- воридсозии соли клиникии ғайримутаммаркази таълимӣ (9 моҳ) барои донишҷӯёни соли 6 муассисаҳои олии таълимии тиббӣ;
- воридсозии Тартиби таҳсилоти мутаасили касбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар, аз ҷумла даврҳои омӯзишии сертификатсияшуда / тавассути онлайн;
- боздиди барномаи таҳсилоти пайдарпаи касбӣ дар асоси кредит соатҳо, гурӯҳҳои "Баробар ба баробар" ва мураббигӣ барои табибони ҷавон;
- то соли 2030 иваз намудани тартиби мавҷудаи аттестатсияи табибон ба таҳсилоти пайдарпаи тиббӣ, ки дар давоми ҳар 5 сол гузаронида мешавад;
- давра ба давра тамдид намудани муҳлати омӯзиши баъдипломии мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ / ихтисосгирии аввалия аз рӯи тамоми ихтисосҳо дар муҳлати на камтар аз 2 соли таҳсил анҷом дода шаванд;
- омода намудани миқдори зарурии мутахассисони тибби оилавӣ, аз ҷумла, бозомӯзии мутахассисони маҳдуд дар сатҳи баъдидипломӣ аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ;
- беҳтар намудани инфрасохтори муассисаҳои таълимии тиббӣ бо мақсади таъмини сифати таълим бо дар назар доштани талаботи муайянгардидаи байналмилалии сифат;
- таҳия ва боздиди барномаҳои таълимӣ аз рӯи ихтисосҳо/ малакаҳои нави тиббӣ, аз ҷумла, дар соҳаи тавонбахшӣ, ҳавасмандгардонии раванди дар сатҳи байналмилалӣ аккредитатсия намудани барномаҳои таълимии тиббӣ;
- дар хориҷи кишвар тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои тиббие, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда намешаванд;
3) беҳтар намудани шароити меҳнат барои захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ:
- аз нав дида баромадан ва ҳангоми зарурат барои ҷалб намудан ва нигоҳ доштани кормандони тиббӣ таъмин намудани ҳавасмандгардонии молиявӣ ва коммуналӣ (масалан, таъмини манзили зист) дар минтақаҳои бо захираҳои кадрии тандурустии сатҳи пастдошта;
- таъмини ҳавасмандгардонии довталабон ва донишҷӯёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурие, ки нишондиҳандаҳои пасти таъминотнокии кадрӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти тиббӣ. Аз ҷумла, ҳавасмандии мутахассисони ҷавон тавассути муайян намудани квотаҳо ва имтиёзҳо ҳангоми дохилшавӣ;
4) дастгирии раванди рушди илм, технологияи муосир ва инноватсия дар соҳаи тандурустии кишвар:
- афзоиш додани миқдор ва сифати корҳои илмию тадқиқотӣ;
- такмили тартиби экспертизаи ҷанбаҳои ахлоқии тадқиқотҳои тиббӣ тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои даркории таҷрибаи клиникӣ;
- такмили стандартҳои давлатӣ ва дастрасӣ барои таҳлили ҷанбаҳои этикии тадқиқотҳои тиббӣ бо иштироки бевоситаи одам;
- афзоиш додани миқдори шӯроҳои диссертатсионӣ барои зиёд намудани унвонҷӯёни дараҷаи илмии докторони тиб аз ҳисоби номзадҳои илм ва таҳсил дар сатҳи докторантура. Васеъ намудани тартиби иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсия барои тамоми муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ;
- тадриҷан азнавсозии инфрасохтори муассисаҳои илмӣ дар асоси маблағгузории мақсадноки давлатӣ ва бахши хусусӣ.
61. Дар натиҷаҳои амалигардонии чорабиниҳои мазкур соҳаи тандурустии кишвар имконияти дастрасии одилона ба захираҳои кадрии баландихтисос ва пурра таълимдодашуда пайдо менамояд, ки чунин натиҷаҳои мушаххаси корӣ пешбинӣ шудаанд:
- раванди банақшагирии захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ тавассути коркарди маълумотҳои "Феҳристи миллии захираҳои кадрии соҳаи тандурустӣ" ва дар ин замина қабули қарорҳои асоснок мукаммал карда мешавад. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои мазкур захираҳои мавҷудаи кадрии соҳаи тандурустии кишвар самаранок истифода карда мешаванд;
- барномаҳои таълимии мавҷуда бо мақсади мукаммалсозии донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён, кормандони илмӣ ва мутахассисони амалия тадриҷан боздид карда мешаванд. Дар баробари ин, кормандони соҳа оид ба малакаҳои идоракунӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ оид ба масъалаҳои алоқаманди рушди соҳаи тандурустӣ омӯзонида мешаванд;
- тадриҷан баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи тандурустии кишвар ва таъсис додани тартиби ҳавасмандгардонии кормандони соҳа имконият фароҳам меоварад, то ин ки нобаробарии ҷуғрофӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ беҳтар карда шавад. Дар баробари ин, масъалаи мазкур сабаби паст гардидани муҳоҷирати меҳнатии кормандони соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар, баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар ҷумҳурӣ мегардад;
- имконият ва иқтидори илмии соҳаи тандурустии кишвар баланд бардошта мешавад. Миқдори зиёди мутахассисон ба раванди гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои онҳо бо мақсади ҷалби манбаҳои нави маблағгузорӣ ва дар амалия мавриди истифодаи васеъ қарор додани натиҷаҳои он, фаро гирифта мешаванд.
§ 4. Низомҳои иттилоотии идоракунӣ ва тандурустии рақамӣ
62. Дар самти рушди низомҳои иттилоотии идоракунӣ ва тандурустии рақамӣ то ҳол як қатор мушкилиҳо боқӣ мондаанд:
- набудани қонунгузории дахлдор, ки татбиқи самараноки низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ, тандурустии электронӣ, тандурустии рақамӣ ва телетибро таъмин намояд;
- парокандагии низомҳои иттилоотии тандурустӣ. Солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо низоми ягонаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ таъсис дода шудааст, ки дар заминаи DHIҒ2 (низоми ягонаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ) амалӣ гардида истодааст, ки ба пуррагӣ, тибқи нишондиҳандаҳои миллии қабулшуда ба таври онлайн ба ташаккули маълумот дар бораи вазъи саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ имкон медиҳад. Ғайр аз ин, сохторҳои инфиродии тандурустӣ бетартиб низомҳои иттилоотии худро бо қисмҳо таъсис ва рушд додаанд, ки ин ба парокандагии низомҳои иттилоотии соҳаи тандурустӣ, парокандагӣ ва паст гардидани масъулият ва манфиатҳои рақобатии субъектҳои гуногуни соҳаҳо оварда расонидааст;
- сифати баъзе маълумоти тавлидшуда ба стандартҳо ҷавобгӯ нест. Яке аз масъалаҳои мубрами технологияҳои иттилоотии соҳаи тандурустӣ таҳлил ва қабули стандартҳои миллии маълумот дар соҳаи тандурустӣ мебошад;
- талаботи зиёд ба маълумот ва ҳисоботдиҳӣ. Аз кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар сатҳи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, пешниҳод намудани маълумот ва ҳисобот аз ҳад зиёд талаб карда мешавад. Мушкилоти дигар он аст, ки маълумоти пешниҳодгардида аслан барои корбарӣ истифода намешавад;
- нокифоя будани маблағгузорӣ. Таъсиси шабакаи ягонаи муассисаҳои тандурустӣ барои вориднамоии низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ баҳодиҳии дақиқро талаб менамояд/пешгӯии ҳама хароҷот тақозо менамояд, ки бояд барои дуруст дар буҷет ва маблағгузорӣ барои таъмини пайваста ба инобат гирифта мешаванд;
- инфрасохтори нокифоя рушёфтаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва иқтидори маъмурӣ: инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ нокифоя рушд ёфта, нопурра маблағгузорӣ гардида ва нобаробар тақсим шудааст.
63. Мақсадҳо, вазифаҳо ва натиҷаҳои пешбинишуда. Мақсади асосӣ ин беҳтаркунии низоми иттилоотии идоракунӣ, тавсеаи низомҳои рақамикунонӣ ва телетиби тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, аз вазифаҳои зерин иборат мебошад:
- ба тартиб даровардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои дастгирии рушди низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамӣ ва телетиб дар соҳаи тандурустӣ;
- тақвият бахшидани инфрасохтори рақамии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- тақвияти иқтидори маъмурӣ ва кадрии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои истифодаи платформаҳои рақамӣ ва расонидани хизматрасонии телетиб ва тандурустии рақамӣ ба аҳолӣ;
- таҳияи нақшаи миллии сармоягузорӣ барои дастгирии рушди низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ, тибби рақамӣ ва хадамоти телетиб;
64. Барои расидан ба ин мақсадҳо чунин амалҳо анҷом дода мешаванд:
1) ба тартиб даровардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои дастгирии рушди низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамӣ ва телетиб дар соҳаи тандурустӣ:
- такмили сиёсати миллӣ ва қонунгузорӣ барои мусоидат ба рушди низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ: гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва қабул намудани қонунгузории ваколатдор нисбат ба низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва хизматрасонии тандурустии рақамӣ;
- таҳия ва тасдиқи стандартҳои миллии маълумоти тиббӣ: гузаронидани стандартҳои миллӣ мутобиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ; возеҳ муайян намудани нақшҳо ва масъулияти ҳамаи муассисаҳое, ки дар фаъолияти низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамӣ дар сатҳҳои гуногун иштирок мекунанд, мувофиқасозии маҷмӯи ҳадди ақали нишондиҳандаҳои миллии солимӣ;
- таҳия ва таъмини фаъолияти самараноки низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва хизматрасонии тандурустии рақамӣ;
2) тақвияти инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тандурустии рақамӣ:
- ҷойгиркунии шабакаҳои миллӣ, минтақавӣ ва махсус барои мукаммалнамоии низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамӣ;
- арзёбии эҳтиёҷот ва таъминоти таҷҳизоти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва кормандони ботаҷрибаи низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.
65. Дар натиҷаи амалигардонии чорабиниҳои мазкур чунин натиҷаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд, ки ба беҳтар намудани ҷанбаҳои идоракунии соҳаи тандурустӣ таъсири чашмдошт мерасонанд:
- қабули низоми мувофиқи ҳуқуқӣ ва меъёрӣ ва дастгирии молиявӣ барои таъмини тавсеаи самараноки низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар кишвар;
- таҳияи маҷмӯи ҳадди ақали нишондиҳандаҳои миллии солимӣ;
- таҳияи воситаҳо барои идоракунӣ ва истифодаи иттилоот;
- фароҳам овардани имкониятҳо барои омӯзонидани истифодаи низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва тандурустии рақамӣ дар муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ);
- муайян гардидани нақшҳо ва масъулияти ҳамаи субъектҳо дар робита бо такмил додани низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ ва вориднамоии тандурустии рақамӣ;
- таъсис ва фаъолияти низоми миллии тандурустии рақамӣ ва хадамоти телетиб.
§ 5. Хизматрасонии тиббӣ
66. Амалисозии Стратегияи мазкур имкониятҳои воқеиро барои беҳтар намудани дастрасӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад. Натиҷаҳои пешбинишуда ҷанбаҳои зеринро дар бар мегиранд:
- паст кардани нобаробарӣ дар дастрасӣ ба хизматрасониҳои баландсифат дар ҳамаи сатҳҳо;
- фарогирии пурраи аҳолӣ бо бастаи кафолатноки хизматрасониҳои тиббӣ бо дар назар доштани хусусиятҳо, талабот ва манфиатҳои гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа;
- паст кардани фавти кӯдакони навзод, кӯдакон ва модарон;
- беҳтар намудани дастрасӣ ба оби босифати нӯшокӣ, коҳиши нобаробарӣ байни аҳолии шаҳр ва сокинони деҳот ва ноҳияҳои дурдаст;
- паст кардани паҳншавии ҳама намудҳои камғизоӣ дар байни аҳолӣ, алалхусус дар байни кӯдакон ва занони синну соли репродуктивӣ;
- такмили пешниҳоди хизматрасониҳои босифати кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, коҳиши нобаробарии гендерӣ ва манъи табъизи синну сол дар хизматрасониҳо;
- беҳтар шудани дастрасӣ ва сифати хизматрасонӣ ба модарон, кӯдакон ва наврасон. Чунин хизматрасониҳо бояд ба принсипҳои самаранокии иқтисодӣ ва ниёзҳои беморон асос ёбанд;
- баланд бардоштани ҳиссаи хизматрасониҳо ва муассисаҳое, ки дар он стандартҳои клиникии миллӣ татбиқ карда шудаанд;
- паст кардани бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ;
- паст кардани фавти бармаҳал аз бемориҳои ғайрисироятӣ;
- такмили усулҳои нигоҳубини оила ва ғизогирӣ, аз қабили танҳо синамаконӣ барои кӯдакони то 6-моҳа;
- васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар низоми тандурустӣ;
- таъмини барқарорсозӣ ва ҳамгироии иҷтимоии маъюбон;
- паст кардани доғи тамғагузорӣ ва табъиз ҳангоми гирифтани хизматрасонии махсус;
- ҳамгироии ҷанбаҳои тандурустӣ ба ҳамаи бахшҳои ислоҳоти сиёсати давлатӣ;
- зиёд кардани иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла гурӯҳи мақсадноки аҳолӣ;
- амалӣ намудани роҳнамои "Шарикӣ бо ҷомеаҳо дар масъалаҳои саломатӣ", ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ тасдиқ намудааст ва таъмини устувории чунин намунаи кор дар сатҳи ҷомеа дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- омодасозии мутахассисони соҳибихтисос оид ба таъмини сифати доруҳо, фаъолияти истеҳсолӣ дар саноати фармасевтӣ;
- такмили заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳо барои арзёбии сифати доруҳо дар сатҳи марказӣ ва минтақавӣ;
- истифодаи стандартҳои байналмилалӣ (GLP, GCP, GMP) дар саноати дорусозии маҳаллӣ;
- таъсиси корхонаҳои нави истеҳсоли дорусозӣ ва афзоиши ҳиссаи истеҳсоли доруҳои маҳаллӣ дар бозори дорусозии кишвар;
- татбиқи низоми электронии хариди доруҳо ва молҳои тиббӣ;
- андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ташкили дорухонаҳои нав дар деҳот ва васеъ намудани дастрасии доруҳо дар маҳал.
§ 6. Беҳтар кардани дастрасӣ, сифат ва вокуниши кумаки аввалияи тиббию санитарӣ
67. Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ самти асосии соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар Тоҷикистон модели кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси тибби оилавӣ қабул карда шудааст ва дар соҳаи таълим (омӯзиш) -и табибон ва ҳамшираҳои оилавӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда шудааст, то нигоҳубини эҳтиёҷот ва заминаро фароҳам оранд. Бо дар назар доштани он ки зиёда аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ нуқтаи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва хизматрасонии тиббӣ ба аксарияти аҳолӣ мебошад.
68. Хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бояд на танҳо бо табобати беморон маҳдуд шавад, балки ба пешгирии бемориҳо ва нигоҳ доштани саломатӣ, расонидани кумаки барқарорсозӣ ва паллиативӣ, бо дар назар доштани фарқияти ҷинсӣ ва синну сол, хусусан барои одамоне, ки дар шароити камбизоатӣ ва осебпазирӣ зиндагӣ мекунанд, инчунин маъюбон пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои саратон ва ҷарроҳатҳо зарар дидаанд, равона карда мешаванд.
69. Ҳадафи Стратегияи мазкур пешгирӣ аз парокандагӣ ва баҳисобгирии захираҳо ва маҳдудиятҳои мавҷудаи миллӣ, мусоидат ба расонидани доираи васеи хизматрасониҳо ва намудҳои нигоҳубин дар доираи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла эмкунӣ, таҳқиқ, пешгирӣ, назорат ва идоракунии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ; кумак ва хизматрасониҳое, ки ба таҳким, нигоҳдорӣ ва солимии модарон, кӯдакони навзод, кӯдакон ва наврасон равона карда шудаанд. Ҳангоми ҳалли масъалаҳои солимии наврасон, инчунин аҳамияти солимии рӯҳӣ ва репродуктивии онҳо ва ҳуқуқҳои онҳоро дар хотир доштан лозим аст.
70. Яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи мазкур густариш додани дастрасӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси тибби оилавӣ барои аҳолии Тоҷикистон мебошад. Дар робита ба ин, самти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ барои беҳтар ва ҳифзи саломатии ҷомеаҳо ва шахсони алоҳида асосӣ ва зарурӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, зарур аст, ки:
- хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба принсипҳои тибби оилавӣ асос ёфтааст, аз ҷиҳати молиявӣ ба ҳама ниёзмандон дастрас ва мувофиқ бошад;
- кумаки расонидашуда бояд бо тавсияҳои дар асоси далелҳо асосёфта дар муҳити бехатар ва барои мизоҷон мувофиқ бошад;
- кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бояд ба ниёзҳои шахсони алоҳида ва ҷомеа ҷавобгӯ бошад ва бо барномаи миллии тандурустӣ мувофиқат кунад.
71. Дар кишвар принсипи тибби оилавӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бомуваффақият ҷорӣ ва такмил дода шудааст. Ҳиссаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки принсипҳои тибби оилавиро татбиқ мекунанд, аз 56% дар соли 2010 ба 70,1% дар соли 2017 афзоиш ёфтанд.
72. Ҷанбаҳое, ба монанди фарогирии ҳамаҷонибаи хизматрасонии тибби оилавӣ ва сифати он хизматрасониҳо ва инфрасохторе, ки ин сатҳ мерасонанд, дар даҳсолаи охир меҳвари ислоҳот буданд, алахусус бо таваҷҷуҳ ба минтақаҳои деҳот ва дурдаст. Дар айни замон, ҷумҳурӣ дорои 53 маркази саломатии шаҳрӣ, 54 ноҳиявӣ ва 844 деҳот ва 1711 бунгоҳи саломатӣ мебошад, ки ба аҳолӣ кумаки аввалияи тиббӣ мерасонанд.
73. Мақсадҳо, вазифаҳо ва натиҷаҳои мунтазира. Мақсади асосӣ ин рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба шумор рафта, аз вазифаҳои зерин иборат мебошад:
- беҳтар кардани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ асос ёфтааст;
- баланд бардоштани сифат ва салоҳияти хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- таҳияи низоми иттилоотӣ барои такмил додани равандҳо ва идоракунӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- беҳтар кардани ҳамгироӣ ва рушди хизматраснии ибтидоӣ таҳти сарпарастии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ асос ёфтааст;
- ҷалби ҷомеаҳо ба масъалаҳои саломатӣ ва ташкили шарикӣ байни ҷамоатҳо, марказҳои пешрафти саломатӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ.
74. Барои расидан ба ин мақсадҳо чунин амалҳо анҷом дода мешаванд:
1) баланд бардоштани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ:
- таҳияи нақшаи чорабиниҳои дахлдор оид ба рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси принсипҳои тибби оилавӣ бо мақсади таъмини дастрасии ҳамаҷониба, сарфакорона ва расонидани хизматрасониҳои ҳамаҷониба, ки ба бемор нигаронида шудааст;
- таҳия ва тасдиқи нақшаи сармоягузорӣ барои сохтмон, барқарорсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тибқи нақшаи генералии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- таҳияи модели ҳамгироии хизматрасонии таъҷилӣ/ёрии таъҷилӣ, ки таҳти сарпарастии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар сатҳи ноҳия таҳия шуда, азнавсозии инфрасохтори хизматрасонии ёрии таъҷилиро дар бар мегирад;
2) баланд бардоштани сифат ва салоҳияти хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ:
- тасдиқи механизми таҳия ва қабули дастурҳои миллии амалияи клиникӣ барои хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки афзалияти таҳия ва татбиқи онҳоро муайян мекунад;
- таҳия ва татбиқи дастурҳо оид ба амалияи клиникӣ оид ба ташхиси барвақт ва табобати бемориҳои соматикӣ, репродуктивӣ, сироятӣ, рӯҳӣ-асабӣ, равонӣ, аз ҷумла дар наврасон;
- таҳия ва тасдиқи низоми мониторинг ва арзёбӣ барои истифодаи дастурҳои амалии клиникии миллӣ барои сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- дохил кардани арзёбии истифодаи дастурҳои амалияи клиникӣ дар низоми аккредитатсия барои муассисаҳои тиббии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- шарҳи салоҳияти табибони оилавӣ/мутахассисони хизматрасони сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки қобилияти онҳоро дар расонидани кумаки ҳамаҷониба ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои махсус баланд мебардорад (ки он бояд бо инфрасохтор ва ҳамгироии идоракунии хизматрасониҳо ҳамгироӣ карда шавад);
3) таҳияи низоми иттилоотӣ барои такмил додани равандҳо ва идоракунӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ:
- ихтисор намудани миқдор ва ҳаҷми ҳисоботдиҳӣ барои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бо дарназардошти сода ва дастрас гардонидани раванди ҳисоботдиҳӣ;
- тадриҷан таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотии рақамӣ барои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, таҷрибаи бомуваффақияти татбиқи лоиҳаи "Автоматизатсияи клиникаҳо ва беморхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Душанбе, ки метавонад ҳамчун платформаи омӯзишӣ барои рушди ин низоми ҳамгиро ва ягона хидмат кунад;
- таҳия намудани низоми такмилшудаи нишондиҳандаҳои фаъолият ва нишондиҳандаҳои солимӣ, ки дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд ва барои назорати низоми тандурустӣ ва пардохтҳо истифода мегарданд;
- таҳия ва ба низоми иттилоотӣ дохил намудани як қатор нишондиҳандаҳо оид ба солимии наврасон, тавсифи механизмҳои ҷамъоварии маълумот ва сабти рушди наврасон;
4) беҳтар намудани ҳамгироӣ ва рушди хизматрасониҳои зарурӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла ёрии паллиативӣ, ёрии таъҷилӣ ва сохторҳои амудии хизматрасонӣ:
- таҳияи стандартҳо оид ба расонидани кумак ба беморони паллиативӣ чи аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ ва чи аз ҷониби оилаҳо ва ҷомеа;
- таҳияи механизми расонидани ёрии паллиативӣ ба беморон дар хона, аз ҷониби як гурӯҳи байнисоҳавии мутахассисон, ки модели афзалиятнок мебошад, бо фармоиш додани шумораи маҳдуди катҳои беморхонаҳо, ки дар беморхонаҳои мавҷуда ҷойгиранд;
- ҳамбастагии вазифаҳои дахлдори сохторҳои амудии хизматрасонӣ (кумаки амбулаторӣ барои вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният ва сил, марказҳои тарзи ҳаёти солим, марказҳои эмгузаронӣ ва ғайра). Таҳти сарпарастии сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар доираи такмил ва таҷдиди сохтори шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таъмини дастрасии беморон тибқи принсипи "Як равзана";
- таҳия ва тадриҷан ҳамгирои кардани хизматрасонии таъҷилӣ/ёрии таъҷилӣ ва интиқоли беморон таҳти сарпарастии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар сатҳи ноҳия;
5) ҷалби ҷомеаҳо ба масъалаҳои тандурустӣ ва ташкили шарикӣ байни ҷамоатҳо, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ:
- амалӣ намудани Дастурамали "Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ", ки бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017, №153 тасдиқ шудааст ва фаъолияти якҷояи ҷомеаҳо, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар самти таҳким, мусоидат ба саломатӣ;
- иштироки ҷомеа дар раванди бизнеснақшагирии (тарҳрезӣ, татбиқ ва таҳлили) муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- баланд бардоштани дастрасии ҷомеа ба маводҳои иттилоотии боэътимод оид ба пешгирии бемориҳо ва тавонмандии саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим.
§ 7. Беҳтар намудани солимии модарон, навзодон, кӯдакон, наврасон ва дастрасӣ ба ҳифзи солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ ва ҳуқуқҳо
75. Дар Тоҷикистон дар ин самт барои рушди устувори хизматрасонии солимии репродуктивӣ, солимии модарон, кӯдакон, наврасон ва ҷавонон тадбирҳои муайян андешида шудаанд. Фаъолияти соҳа тибқи стандартҳо, стратегияҳо ва барномаҳои байналмилалӣ, дар асоси протоколҳои клиникӣ, аз ҷумла оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ ба роҳ монда шудааст.
76. Дахолат ё чорабиниҳо дар синну соли барвақти кӯдакӣ - ин муносибати ниҳоӣ ба беҳтар намудани саломатии кӯдакон мебошад ва зарурати пешгирии маъюбӣ дар Тоҷикистон махсусан муҳим аст. Кӯдакони дорои ақибмонии рушд ва маъюб дараҷаи осебпазири аҳолӣ мебошанд. Норасоии ғизои кофӣ дар занони ҳомила ва кӯдакони навзод яке аз сабабҳои асосии пайдоиш ва маъюбӣ боқӣ мемонад.
77. Тибқи омори тиббӣ ва иттилооти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар ҳар сол аз 2000 то 3300 кӯдаки дорои нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд мешаванд. Сохтори ин нуқсонҳо, шумораи зиёд ва фавти онҳо бо ин шароит алоқамандии фаврии ташхиси перинаталии ихтилоли генетикии ҷанинро нишон медиҳад.
78. Ҳиссаи занони синни 15-49, ки норасоии вазни бадан доранд, аз соли 2012 то инҷониб аз 11 фоиз то 7 фоиз коҳиш ёфтааст, аз панҷ зан ду нафар (41 фоиз) дар Тоҷикистон гирифтори камхунӣ мебошанд.
79. Ғизои солим ва мутавозуни кӯдакон, хусусан дар синни хурдсолӣ, дар кишвар мушкилот аст. Сарфи назар аз чораҳои андешидаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар даҳсолаи охир тамоюли каме беҳтар кардани вазъи ғизоии кӯдакон ба назар мерасид. Ҳамин тариқ, синамаконии то 6-моҳаро 36 фоиз кӯдакон дар соли 2017 нисбат ба 34 фоиз дар соли 2012 (ТДТ 2017) мегиранд ва асосан синамаконӣ (0-5-моҳа) 70 фоизро ташкил медиҳад.
80. Соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор мушкилоти солимии модару кӯдак рӯ ба рӯ шудааст:
- саломатии умумии модарон ва кӯдакон беҳбудиро талаб менамояд: аз сатҳи баланди беморӣ ҳангоми нигоҳубини ҳомиладорӣ, мушкилоти ҳангоми таваллуд, мушкилот дар давраи баъди таваллуд ва навзод, то сатҳи фавти модарон, навзодон, навзодон ва кӯдакон, ҳамаи ин бори вазнинро дар бораи нишондиҳандаҳои буҷет ва тандурустӣ ба вуҷуд меорад;
- дастрасӣ ва истифодбарии нокифояи хизматрасониҳои банақшагирии оила ва нигоубини тотаваллудӣ;
- дастрасии нокифоя ба дахолатҳои илмӣ асоснокшуда ва пурнатиҷа барои беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак, ба монанди туршии фолий ва иловаҳои оҳан, инчунин сатҳи нокифояи таҷрибаи ширмаконии холиси кӯдакони то 6-моҳа;
- сарфи назар аз тамоюли коҳишёфтаи таваллуди хонагӣ дар саросари кишвар, дар баъзе минтақаҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ душвор, ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам баланд аст;
- паҳншавии баланди камхунӣ дар байни занони синни репродуктивӣ, зуд таваллуд ва парҳези нокофии занони ҳомила ва кӯдакони то 5-сола боиси паҳншавии баланди қадпастӣ ва ақибмонии инкишофи кӯдакон мегардад;
- иқтидори маҳдуд дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ барои расонидани кумаки ҳамаҷониба, инчунин роҳнамоии саривақтӣ ба дигар сатҳҳои нигоҳубин.
81. Мақсадҳо, вазифаҳо ва натиҷаҳои мунтазира. Мақсади асосӣ ин рушди хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ба шумор рафта, аз вазифаҳои зерин иборат мебошад:
- васеъ кардани дастрасӣ ба тамоми хизматрасониҳои солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ, саломатии модарон, навзод, кӯдакон ва наврасон;
- такмили инфрасохтор ва расонидани хизматрасониҳо барои солимии модар ва кӯдак;
- мунтазам баланд бардоштани механизми сифати расонидани хизматрасониҳо дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, акушерӣ ва кӯдакона таъмин карда шавад;
- коҳиш додани паҳншавии ҳама шаклҳои камғизоӣ (афзоиши суст, лоғарӣ ва фарбеҳӣ), инчунин паст кардани сатҳи норасоии микроэлементҳо дар аҳолӣ, хусусан дар байни кӯдакон ва занони синни репродуктивӣ, тавассути беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои ғизоӣ бо таваҷҷуҳ ба кӯдакони то 5-сола, наврасон ва занони синни репродуктивӣ;
- васеъ намудани мавҷудияти барномаҳои рушди бармаҳали кӯдакӣ барои муайян ва расонидани хизматрасониҳо ба кӯдакони хурдсоли дорои нуқсонҳои гуногуни рушд ва оилаҳои онҳо, аз ҷумла тавсеаи барномаи ташхиси барвақтии бемориҳои ирсӣ;
- ташкили низом, мавҷудияти ҷуғрофӣ ва сифати хизматрасонии таҳқиқи пешазтаваллуд барои нуқсонҳои модарзодӣ ва ихтилоли генетикӣ.
82. Барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда чунин амалҳо анҷом дода мешаванд:
1) васеъ кардани дастрасӣ ба тамоми хадамоти солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ, саломатии модарон, навзод, кӯдакон ва наврасон:
- такмили низоми минтақавӣ ва муроҷиат барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои зарурии тиббӣ;
- ба ҳамаи занон таъмин намудани хизматрасониҳо оид ба ташхиси ҳомиладорӣ, нигоҳубини ҳомиладорӣ ва таваллуд, инчунин хизматрасониҳо оид ба идоракунии маҷмӯии бемориҳои кӯдакона барои ҳамаи кӯдакони то 5-сола;
- таъмин намудани машваратдиҳӣ ба занони ҳомила, модарони ширдеҳ ва модарони навзод оид ба нигоҳубин, хӯрок ва хӯрокхӯрии кӯдакони то 2-сола, аз ҷумла дар бораи ширмаконии холиси онҳо;
- баланд бардоштани сифати расонидани ёрии таъҷилии акушерӣ ва навзодӣ;
- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таваллуди бехатар дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон (таъмини авиатсияи санитарӣ);
- баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба масъалаҳои солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ, саломатии модарон, навзод, кӯдакон ва наврасон бо истифодаи технологияҳои муосир;
- таъмини хизматрасонии дӯстонаи наврасон/ҷавонон мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ;
- огоҳии мардум дар бораи рӯйхати кафолатноки хизматрасониҳои ройгони тиббӣ аз ҷониби солимии ҷинсӣ ва репродуктивӣ, саломатии модарон, навзод, кӯдакон ва наврасон, аз ҷумла дар доираи модели "Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои солимӣ";
2) такмили инфрасохтор ва расонидани хизматрасониҳо барои солимии модар ва кӯдак:
- таъсиси марказҳои муосири перинаталӣ дар асоси принсипи дастрасии ҷуғрофӣ;
- эҷоди низомҳои нақлиётӣ барои интиқоли занони ҳомила, модарони бемор ва кӯдакони навзод, аз ҷумла авиатсияи санитарӣ;
- таҳия ва татбиқи стандартҳои ягонаи идоракунӣ дар ҳама сатҳҳои нигоҳубини акушерӣ ва навзодӣ;
- таъмини занон бо интихоби репродуктивӣ ва ҳомиладоршавӣ бо хоҳиши худ;
- ташкили машварати авиатсионии ёрии таъҷилии тиббӣ;
- баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон тавассути тавсеаи дастрасӣ ба тадбирҳои пешгирикунанда ва тавонбахш, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ;
3) таъмини механизми мунтазам баланд бардоштани сифати расонидани хизматрасониҳо дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, акушерӣ ва кӯдакона:
- таҳия ва навсозии роҳнамо ва воситаҳо ва омӯзиши гурӯҳҳо барои баҳодиҳӣ/худбаҳодиҳии сифати хизматрасонии тиббӣ ба занон ва кӯдакон дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, акушерӣ ва навзодӣ;
- дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, инчунин шуъбаҳои таваллуд ва кӯдаконаи беморхонаҳои ноҳия гурӯҳҳои босифат таъсис дода, онҳоро бо принсипҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ шинос намудан;
- таҳия, навсозӣ ва паҳн намудани протоколҳои клиникӣ ва дастгирии раванди татбиқ;
- дастгирии гурӯҳҳои сифат дар таҳия ва татбиқи нақшаҳои баланд бардоштани сифат, аз ҷумла таъмин намудани таҷҳизоти зарурӣ, такмили инфрасохтори муҳим, аз қабили мавҷудияти низоми коркунандаи об ва санитария, пешгирӣ ва мубориза бо сироятҳо;
- васеъ ва такмил додани механизми татбиқи аудити фавти модарон ва перинаталӣ ва таҳлили ҳолатҳои вазнинии беморӣ;
- тарҳрезӣ ва татбиқи низоми назорати дастгирии беруна;
4) коҳиш додани паҳншавии ҳама шаклҳои риоя накардани ғизо (ақибмонии қадкашӣ, лоғарӣ ва фарбеҳӣ), инчунин паст кардани сатҳи норасоии микроэлементҳои ғизонок дар байни аҳолӣ, бахусус дар байни кӯдакон ва занони синну соли репродуктивӣ тавассути беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои ғизоӣ бо таваҷҷуҳ ба кӯдакони синну соли то 5-сола, наврасон ва занони синну соли репродуктивӣ:
- чорабиниҳои оммавӣ оид ба тағйир додани меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафторӣ дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои ғизо бо мақсади пешгирии камғизоӣ дар кӯдакони то 5-сола, наврасон ва занони синни репродуктивӣ;
- тақвияти тавонмандӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ барои дастгирии мувофиқ барои беҳтар намудани ғизои модар ва кӯдак;
- ҳамбастагии маҷмӯи пурраи чорабиниҳои марбут ба ғизо ба хизматрасониҳои асосии тиббӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ (дар сатҳи вилоят, ноҳия ва ҷамоат);
- такмили усули ғизогирӣ барои кӯдакони навзод ва кӯдакони хурдсол;
- институтсионализатсия кардани протоколҳои табобати ҳамаҷонибаи камғизоии шадид дар шароити табобати беморхонавӣ ва амбулаторӣ дар сатҳи миллӣ;
5) васеъ намудани мавҷудияти барномаҳои рушди кӯдакии барвақт барои муайян ва расонидани хизматрасониҳо ба кӯдакони хурдсоли дорои нуқсонҳои гуногуни рушд ва оилаҳои онҳо, аз ҷумла тавсеаи барномаи ташхиси барвақтии бемориҳои ирсӣ:
- мусоидат ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии байнисоҳавӣ барои татбиқи барномаҳои ҳамаҷонибаи рушди барвақти кӯдакона;
- такмили инфрасохтор ва хизматрасониҳо барои ошкорсозии барвақтӣ ва дахолати барвақти кӯдакона барои кӯдакони дорои маълулиятҳои гуногуни рушд;
- татбиқи стандартҳои клиникии муайянкунии барвақтӣ ва стандартҳои сифат барои хизматрасонии кӯдакони хурдсол, аз ҷумла кӯдакони дорои нуқсонҳои гуногуни рушд, дар ҳама сатҳҳои хизматрасонӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳо ва равишҳои устувори таҳсилот барои дастгирии оилаҳо ва ҷомеаҳо барои баланд бардоштани малакаҳои волидон дар нигоҳубин, таҳсил ва ҳавасмандкунии барвақти кӯдакони хурдсол;
- мусоидат ба татбиқи Низомномаи марказҳои дастгирии оила ва кӯдакон бо мақсади пешгирии вуруди кӯдакони хурдсол ба муассисаҳои бистаринамоӣ;
6) таъмин ва ноил шудан ба устуворӣ ва фарогирии баланд, тавассути дахолатҳои муҳим барои беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак:
- вобаста ба имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ афзоиши ҳиссаи маблағгузории давлат барои хариди ваксинаҳо, контрасептивҳо, ғизои табобатӣ ва микроэлементҳо (сулфати оҳан, кислотаи фолат) сӯзандоруҳо ва қуттиҳои бехатар барои нобудсозӣ ва тадриҷан гузаштани кишвар ба худмаблағгузории пурра;
- боздиди қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 "Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ" барои коҳиш додани сарбории молиявӣ барои гирифтани хизматрасониҳои босифати тиббӣ барои кӯдакони то 5-сола, ки таҳти идораи маҷмӯии бемориҳои кӯдакон ва бо нишондиҳандаҳои нокифояи вазн ва қад дар муассисаҳои тандурустии ҳар сатҳ қарор доранд;
- Тоҷикистон барои узвият дар шабакаи байналмилалии таҳқиқоти "Рафтори саломатӣ дар кӯдакони синни мактабӣ" омодагӣ мегирад, ки дар робита ба он дастгирии ҳадди аққал ду даври таҳқиқоти байналмилалӣ дар қатори дигар кишварҳои узви Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар минтақаи Аврупо зарур аст.
83. Дар натиҷаи амалигардонии чорабиниҳои мазкур чунин натиҷаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд:
- дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, таваллудхонаҳо ва кӯдакона гурӯҳҳо оид ба беҳтар намудани сифат таъсис дода шудаанд ва фаъолият мекунанд;
- роҳбарони соҳаи тандурустии ноҳиявӣ/вилоятӣ оид ба назорати доимии самаранокӣ ва таъмини мониторинги дастгирӣ ва худидоракунии сифати нигоҳубини занон ва кӯдакон омӯзонида шуданд ва малака доранд;
- паст кардани паҳншавии камхунӣ дар байни занони синни репродуктивӣ ва кӯдакони то 5-сола;
- афзоиши паҳншавии танҳо додани шири сина;
- паст кардани паҳншавии қадпастӣ дар байни кӯдакони то 5сола;
- паст кардани фавти модарону кӯдакон;
- татбиқи механизми тағйир додани рафтор ва муносибат ба хӯроки солим дар мактаб;
- паст шудани сатҳи ҳомиладории наврасон;
- паст шудани фавт аз худкушӣ дар байни наврасон.
§ 8. Паст намудани бемориҳои сироятӣ
84. Коҳиш додани фавт ва беморӣ алоқаманд ба бемориҳои сироятӣ тавассути пешгирӣ ва беҳтаркунии дастрасӣ ба табобат барои бо ин сироятҳо зиндагоникунанда, яке аз мақсадҳои асосии Стратегияи мазкур ба шумор меравад.
85. Стратегия ба вируси норасоии масунияти одам, сил, гепатитҳои вирусӣ ва сироятҳои тавассути роҳҳои ҷинсӣ гузаранда равона карда мешавад, дар ҳоле, ки беҳтаркунии алоқаманд ба пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ дар ҳама самтҳои стратегӣ ворид карда шудаанд- аз беҳтаркунии дастрасӣ ба обтаъминкунӣ ва хизматҳои санитарӣ, то назорати эпидемиологӣ ва беҳтаркунии сифати хизматрасониҳои тандурустӣ.
86. Муносибат ба беҳтаркунии бемориҳои сироятӣ асосан ба мукаммалсозии низоми самараноки назорати эпидемиологӣ асоснок карда шудааст, аз он ҷумла ҷамъоварии маълумот барои назорати самаранок ва қабули қарорҳои асосноккардашуда. Инчунин ба пешгирӣ ва ҷалби ҷомеа, ҳамгироии хизматҳои ташхисӣ ва табобатӣ бо хизматрасонии умумии тиббӣ ва усулҳои хизматрасонии ба бемор равонакардашуда таваҷҷуҳ бояд кард.
87. Ин беҳтаршавии нишондиҳандаҳои саломатиро нисбат ба ин ҳолатҳо таъмин менамояд, инчунин, низоми умумии тандурустӣ ва қобилияти зуд эътино кардани онро нисбати дигар ҳолатҳои сироятӣ беҳтар менамояд. Мушкилии хос нисбат ба сил ва вируси норасоии масунияти одам раванди гузариш аз маблағгузории донорҳо ба шумор рафта, Тоҷикистонро барои тадриҷан андешидани чораҳои мақсаднок барои захиракунии маблағгузории дохилии хизматрасониҳо даъват менамояд, ки барои ҳифзи дастовардҳои азим аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок, мувофиқ ва маъқул ҳисобида мешаванд.
88. Тоҷикистон давлати дорои сатҳи пасти паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ба шумор меравад ва эпидемия асосан дар байни гурӯҳи хатари баланди рафтор - муҳоҷирон, нашъамандони тазриқӣ, мардони ҳамҷинсгаро ва занони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ дида мешавад. Новобаста аз ин, усули асосии гузариштамосҳои гетеросексуалӣ - ба хурӯҷи эпидемияи вируси норасоии масунияти одам мусоидаат кард. Аз рӯи маълумотҳои муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам" дар соли 2019 дар Тоҷикистон 1320 ҳодисаи нави сирояти вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шуданд. Аз шумораи умумии ҳолатҳои вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифташуда, дар охири соли 2019 фавтидагон 3244 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо бо сабаби бемории пайдошудаи норасоии масуният 1681 нафар фавтидаанд, ки 51,8%-ро ташкил медиҳад.
89. Дар байни занони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагоникунанда, 95 фоиз барои табобат ё пешгирӣ барои гузариши вертикалӣ муроҷиат намудаанд. Дар байни одамони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагоникунанда, дар 73 фоиз бемороне, ки табобати зиддиретровирусиро идома медиҳанд, вазнинии вирусии пахшкунанда мушоҳида мешавад.
90. Дар самти мубориза бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар кишвар чунин мушкилиҳо мавҷуданд:
- монеа барои гурӯҳи хатари баланди рафтор ва аҳолии умумӣ дар гирифтани хизматрасонии алоқаманд бо вируси норасоии масунияти одам;
- мушкилоти гузариши амудӣ аз модар ба кӯдак;
- тестикунонии донорҳои хун ва таъмини бехатарии ҷузъҳои хун тавассути ташхисҳои озмоишии мувофиқ ва низоми назорати сифат;
- вобастагии барномаҳо оид ба мубориза бо вируси норасоии масунияти одам/ бемории пайдошудаи норасоии масуният аз маблағгузории донорӣ ва буҷети давлат дар алоқа бо гузариш ба маблағгузории давлатӣ;
- мушкилот дар фарогирӣ бо хизматҳо оид ба тестикунонӣ ба вируси норасоии масунияти одам, хусусан барои гурӯҳи хатари баланди рафтор мушоҳида мешавад.
91. Дар самти мубориза бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам чунин вазифаҳо пешбинӣ шудаанд:
- бартарафсозии гузариши вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак;
- таъмини фарогирии 100 фоизи скрининги хуни донорӣ бо усулҳои босифати ташхиси сироятҳои хун (сироятҳои парентералӣ), аз он ҷумла вируси норасоии масунияти одам;
- таҳияи механизм барои маблағгузории устувори чорабиниҳо оид ба мубориза бо вируси норасоии масунияти одам;
- таъмини фарогирии 100 фоиз табобати зиддиретровирусии одамони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагоникунанда.
92. Барои расидан ба мақсадҳо ва вазифаҳои гузошташуда чунин амалҳо анҷом дода мешаванд:
1) бартарафсозии гузариши вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак:
- тавсеаи фарогирии занони ҳомила бо скрининг ба вируси норасоии масунияти одам;
- таъмини дастгирии муносиб, доруворӣ ва маводҳои масрафшаванда барои занони ҳомилаи бе вируси норасоии масунияти одам-мусбат, ки ҳамроҳи онҳо вируси норасоии масунияти одаммусбат ба шумор меравад, барои пешгирии сироятёбии вируси норасоии масунияти одам ҳангоми ҳомиладорӣ;
2) таъмини фарогирии 100 фоиз скрининги хуни донорӣ бо усулҳои сифатноки ташхиси сироятҳои хун (сироятҳои парентералӣ), аз он ҷумла вируси норасоии масунияти одам;
- рушди инфрасохтор ва тақвияти иқтидор дар сатҳи маҳаллӣ барои истифодаи усулҳои мувофиқ ва босуботи скрининги хуни донорӣ;
- таҳияи қоидаҳое, ки бехатарии 100 фоизи хун ва ҷузъҳои онро, ки дар статсионарҳо истифода мешаванд, таъмин мекунанд;
3) таҳияи механизм барои маблағгузории устувори чорабиниҳо дар самти мубориза бо вируси норасоии масунияти одам:
- таҳияи минбаъдаи муҳити меъёрии ҳуқуқии мусоид барои осонкунии монеаҳои мавҷуда нисбат ба дастрасӣ ба пешгирӣ, нигоҳубин ва табобат;
- пасткунии тамғагузорӣ бо ёрии чорабиниҳои иҷтимоии мақсаднок;
- дастгирии таҳияи барномаҳои ба муҳоҷирон ва дигар гурӯҳҳои хатари баланди рафтор нигаронидашуда;
4) таъмини фарогирии 100 фоиз табобати зиддиретровирусии одамони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагоникунанда:
- таъмини фарогирӣ бо табобати зиддиретровирусии одамони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагоникунанда тибқи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ;
- таъмини дастгирӣ ва мутобиқати беморон ба табобати зиддиретровирусӣ;
- тавсеаи харидории ҳамҷоякунии меъёрҳои муқарраршуда бо мақсади баландкунии мутобиқат ба реҷаи табобат.
93. Дар натиҷаи амалигардонии чорабиниҳои мазкур чунин натиҷаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд:
- сатҳи гузариши сирояти вируси норасоии масунияти одам ба уҳдадориҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунад;
- гузариши вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак бартараф карда шуд;
- хуни донорӣ ба вируси норасоии масунияти одам тестикунонӣ карда мешавад;
- сифати ҳаёти одамони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагоникунанда беҳтар гардид;
- мустаҳкамии маблағгузории хизматрасониҳо ва маводҳо барои пешгирӣ ва табобати вируси норасоии масунияти одам давра ба давра аз буҷети давлатӣ пардохт карда мешаванд
94. Бо мақсади паст намудани беморӣ ва фавти алоқаманд ба бемории сил, идоракунии мушкилоти афзояндаи устуворнокии доругӣ ва ҳифзи хонаводаҳо аз хароҷотҳои алоқаманд бо бемории сил, дар доираи Стратегия чунин вазифаҳо пешбинӣ шудаанд:
1) мукаммалсозии низоми ошкорнамоии бармаҳал ва таъмини алоқа бо беморон, хусусан бо таваҷҷуҳи хоса ба гурӯҳи осебпазири аҳолӣ, бо роҳи фаъолкунии ошкорнамоӣ тавассути ҷанбаҳои зерин:
- муносибат бо ташаббуси бемор - хизматрасонии муносиб, таъҷилӣ ва босифат ба бемороне, ки фаъолона ба хизматҳои ташхисӣ ва табобати сил муроҷиат мекунанд;
- скрининг - хизматрасонии ташхисӣ ва табобатӣ ба беморони гумонбар ба бемории сил (аз ҷумла назорати тамосбудагон, гурӯҳҳои хатари клиникӣ ва гурӯҳҳои хатари баланд);
- скрининги систематикӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷойи ҷамъшавии одамон;
2) таъмини мавҷудияти ташхис ва табобати босифати сил, хусусан дар заминаи бемории сил бо дорувории зиёд устувор;
3) дастгирӣ дар таҳияи модели табобати сил, ки ба бемор бо таваҷҷуҳ ба ҳамгироии хизматрасониҳо нигаронида шудааст, хусусан дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, тавсеаи дастрасӣ ба моделҳо аз рӯи принсипи табобати амбулаторӣ ва ҷалби ҷомеа;
4) пурзӯр намудани ҷанбаҳои профилактикии сил, тавассути вориднамоии табобати бемории сил;
5) таъмини маблағгузории устувори хадамоти мубориза бар зидди бемории сил, хусусан дар мазмуни гузариш аз маблағгузории беруна ба маблағгузории дохилӣ;
6) таъмини мавҷудияти кадрҳои тахассуснок барои ошкорнамоӣ (аз он ҷумла тавассути усулҳои озмоишӣ), табобат ва гузаронидани тестҳо ба устуворнокии доругӣ (аз он ҷумла бо мақсади мониторинги устуворнокӣ);
7) таъмини назорати мувофиқ, ҷамъоварии маълумот ва ҳисоботдиҳӣ оид ба сил.
95. Барои расидан ба мақсадҳо ва вазифаҳои гузошташуда чунин амалҳо анҷом дода мешаванд:
- таъмини барномаҳои фаъоли скрининг ба бемории сил дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон (маҳбасҳо ва муассисаҳо, ба монанди хонаи кӯдакон, парасторхонаҳо барои пиронсолон ва ғайра);
- беҳтаркунии скрининг ба сил, таъмини имкониятҳои ташхисии баландсифат ва таъҷилӣ дар диспансерҳои зиддисилӣ, инчунин дар муассисаҳои тиббии умумӣ бо шарофати тавсеаи дастрасӣ ба технологияи Xpert MTB/RIF;
- афзоиши ботадриҷи шумораи бемороне, ки дар табобати амбулаторӣ қарор доранд, аз он ҷумла бо вориднамоии технологияи VDOT (табобати кутоҳи мустақиман мушоҳидашуда) дар шаҳру ноҳияҳо;
- мукаммалсозии инфрасохтор ва захираҳои кадрӣ барои беморони сил бо мақсади беҳтаркунии табобати амбулаторӣ;
- таҳияи протоколи табобати бемории сили ба доруворӣ устувор ва ташкили омӯзиши кормандони тиббӣ, аз он ҷумла табибони оилавӣ, бо мақсади баландкунии самаранокии табобати бемории сили ба доруворӣ устувор;
- таҳияи барномаҳои таълимӣ ва омодасозӣ/бозомӯзии шумораи муносиби мутахассисони озмоишгоҳӣ, табибон ва ҳамшираҳо, аз ҷумла табибони оилавӣ/ҳамшираҳо ва омӯзонидан оид ба ҷанбаҳои Муносибати амалӣ ба саломатии шушҳо;
- ҳамгироии назорати эпидемиологии бемории сил ба низоми умумии назорати тандурустии ҷамъиятӣ;
- баланд намудани иттилоотнокии аҳолӣ бо мақсади баланд намудани скрининг дар ҳолати мавҷудияти аломатҳои огоҳкунанда.
96. Интизор меравад, ки амалисозии Стратегияи мазкур чунин натиҷаҳоро тибқи мақсадҳои дар Стратегияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба бартарафкунии сил муқарраргардида медиҳад:
- коҳиш ёфтани фавт аз бемории сил;
- пастшавии нишондиҳандаҳои беморшавӣ аз сил;
- ҳеҷ яке аз оилаҳо, ки дар онҳо беморони сил ҳастанд, набояд хароҷоти зиёд кунад.
97. Гепатитҳои вирусӣ (В ва С) дар саросари ҷаҳон нигаронии зиёдро ба миён овардаанд. Шаклҳои нави табобат бештар имкониятро барои табобати бобарор фароҳам меоваранд ва ҳамин тавр шумораи фавт дар ҷаҳон, ки сабаби он гепатитҳои вирусӣ ба шумор мераванд, кам мегардад. Тоҷикистон ба Коалитсия барои барҳамдиҳии глобалии гепатит ҳамроҳ гардида, мақсадҳоро барои пешгирии гузариш ва беҳтаркунии натиҷаҳои табобат муайян намудааст.
98. Ба ҳамин монанд, бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда барои солимии аҳолӣ хавфи ҷиддӣ доранд ва барои гурӯҳи осебпазири аҳолӣ бояд хизматрасониҳо оид ба пешгирӣ, дарёфт ва табобат дастрас бошанд.
99. Мушкилоти асосӣ ин табобати гаронарзиш ва мавҷуд набудани имкониятҳои ташхисӣ ба шумор мераванд, ки дастрасиро ба ташхис ва табобати беморон маҳдуд месозанд.
100. Мақсади асосии Стратегияи мазкур дар ин самт - дарёфти саривақтӣ ва дастгирии барҳамдиҳии гепатитҳои вирусӣ ва оташак мебошад ва барои расидан ба ин мақсад чунин вазифаҳо пешбинӣ шудаанд:
- таъсиси низоми самараноки назорати эпидемиологӣ аз рӯи гепатитҳои вирусӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва иншоотҳое, ки хизматҳои маишӣ мерасонанд;
- васеъ намудани хизматрасониҳои тиббӣ - беҳтаркунии навъҳо, сифат ва дастраснокии хизматрасониҳои тиббии зарурӣ;
- фарогирии аҳолии ба хизматрасонӣ ниёзманд - беҳтаркунии истифодаи баробар ва муносиби хизматрасониҳо вобаста аз талабот;
- кам намудани хароҷотҳои мустақим ба хизматрасонӣпешниҳоди ҳимояи молиявӣ ба шахсоне, ки ба хизматрасонӣ ниёз доранд;
- барҳамдиҳии гузариши оташак аз модар ба кӯдак.
101. Барои расидан ба мақсадҳо ва вазифаҳои гузошташуда чунин амалҳо анҷом дода мешаванд:
- вориднамоии эмкунӣ бар зидди гепатити В барои гурӯҳҳои хатари баланд;
- пешгирии гузариши гепатити В аз модар ба кӯдак бо роҳи вориднамоии барномаҳои скрининг ба гепатити В ҳангоми назорати антенаталӣ ва амалисозии чораҳои пешгирӣ ҳангоми таваллуд;
- чорабиниҳои васеъ, ки ба бехатарии хун ва сӯзандору равона карда шудаанд;
- барномаҳои профилактикӣ дар байни одамоне, ки нашъаро ба таври тазриқӣ истифода мебаранд;
- тавсеаи муоинаи тиббӣ ва табобати оташак дар ҳомиладорон.
102. Дар натиҷаи амалигардонии чорабиниҳои мазкур чунин натиҷаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд:
- ба соли 2030 шумораи сироятҳои нав ба 90% кам карда шавад;
- ба соли 2030 фавт аз гепатитҳои вирусӣ ба 65% коҳиш дода шавад;
- гузариши оташак аз модар ба кӯдак бартараф карда шавад.
§ 9. Тақвияти чораҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ ва мушкилоти маъюбӣ
103. Пешгирии бемориҳо афзалияти Стратегияи мазкур бо мақсади паст намудани бемориҳои ғайрисироятӣ ба шумор меравад. Бояд амалҳо нисбат ба чор омилҳои умумии хатар, ки бо тарзи ҳаёт ва мақсадҳои рафторӣ, аз ҷумла истеъмоли тамоку, истеъмоли зараровари машрубот, фаъолияти нопурраи ҷисмонӣ ва ғизои носолим алоқаманданд, тақвият дода шаванд.
104. Таҷрибаи мусбии як қатор давлатҳо нишон медиҳад, ки дар давоми 10-20 сол расидан ба коҳишдиҳии дукарата ва аз ин зиёди фавт имконпазир аст, асосан аз ҳисоби гузаронидани пешгирии бемориҳо. Сарфи назар аз он, ки дар ҷумҳурӣ баъзе пешравиҳо дар татбиқи сиёсати зидди тамоку, кам кардани таъсири зараровари машруботи спиртдор, инчунин тақвияти сиёсат дар самти ғизо ва маҳсулоти хӯрока ба даст омадаанд, имкониятҳои зиёд барои гирифтани таъсири бештар ба саломатии аҳолӣ мавҷуд мебошанд.
105. Дастрасии васеъ ба барномаҳои скрининг ва ташхиси бармаҳал зарур аст. Дар байни дигарон, ин барои пешгирии маъюбӣ ва фавт ва баланд кардани сифати ҳаёт кумак мерасонад.
106. Доштани захираҳои кадрӣ барои таъмини табобати муносиб ва пешгирии маъюбӣ бениҳоят зарур аст. Дастрасӣ ба барқарорсозӣ ва шаклҳои беҳтаршудаи нигоҳубин метавонад ба одамон барои ҳифзи мустақилият ва фаъолнокии иқтисодӣ кумак расонад.
107. Қисми ҷудонашавандаи хизматрасонӣ оиди нигоҳубини дарозмӯҳлат кумаки паллиативӣ ба шумор меравад, ки дар доираи он одамон барои баланд намудани сифати ҳаёт дар марҳилаи ниҳоии беморӣ дастгирӣ меёбанд.
108. Бемориҳои саратонӣ мушкилоти инкишофёбанда дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Кишвар бо мушкилоти ташхиси бармаҳал, натиҷаҳои табобат ва расонидани кумаки паллиативӣ рӯ ба рӯ мешавад. Айни замон дар кишвар зиёда аз 15 ҳазор нафар бо омосҳо ба қайд гирифта шудаанд ва сатҳи беморшавӣ боло рафта истодааст (35,5 ба 100 ҳазор аҳолӣ, ба ҳолати охири соли 2018). Бисёре аз бемориҳои онкологӣ дар марҳилаи II ва III ошкор карда мешаванд. Беморон ба кумаки паллиативӣ бениҳоят ниёз доранд: зиёда аз 4 ҳазор беморони ниёзманд ба кумаки паллиативӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз рӯи баҳодиҳӣ, тақрибан 8550 кӯдак дар 1 сол метавонанд аз кумаки паллиативӣ баҳравар шаванд.
109. Сарфи назар ба болоравии душбории бемориҳои рӯҳӣ ва зиёдшавии шумораи беморони ба табобат ниёзманд, мутаасифона дигаргуниҳои кам дар самти хизматрасонии рӯҳӣ ба аҳолӣ дида мешавад. Шахсоне, ки ба табобати интенсивӣ ниёз доранд, ба муассисаҳои калони давлатии дорои инфрасохтори харобшуда ва сифати пасти хизматрасонӣ, ки ба стандартҳои қобили қабули сифат ва усулҳои табобат бо риояи ҳуқуқҳои асосии одам мутобиқат намекунанд, вобаста шудаанд.
110. Душбории бемориҳои ғайрисироятӣ ҳам аз ҳисоби пиршавии аҳолӣ ва ҳам аз ҳисоби оқибатҳои манфии истеъмоли тамоку, мавҷуд намудани фаъолнокии ҷисмонӣ, пурхӯрӣ, инчунин истеъмоли зараровари машруботи спиртдор зиёд мегардад.
111. Вориднамоии чораҳо оид ба мубориза бар зидди тамоку самти дуюм аз рӯи самаранокии сармоягузорӣ ба беҳтаркунии саломатӣ, баъд аз эмкунии кӯдакон ба шумор меравад. Чораҳои арзишӣ ва андозӣ, аз он ҷумла арзиши аксизҳо ба маҳсулоти тамоку ва машрубот бояд ин тавр тартиб дода шаванд, ки шаҳрвандонро ба бурдани тарзи ҳаёти солим ва инчунин баландкунии масъулияти сармоя ба солимии аҳолӣ ҳавасманд кунад.
112. Бисёре аз омилҳои хатари бемориҳои ғайрисироятӣ наметавонад, ки танҳо аз тарафи соҳаи тандурустӣ бартараф карда шаванд, ва ин бори дигар муҳимияти истифодаи муносибати байнисоҳавӣ ва афзалиятнокии тиббӣ пешгирикунандаро собит менамояд.
113. Ошкоркунии пасти бемориҳои ғайрисироятӣ яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Мисол, танҳо 0,2% беморони бистаригардида дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил дар шаҳри Душанбе дар соли 2018 тавассути азнавравонасозӣ қабул карда шудаанд.
114. Инфрасохтори на он қадар рушдёфта барои ташхис ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, инчунин маблағгузории нокифояи хизматрасониҳои махсусгардонидашуда ва таҷҳизоти ёрирасон барои баланд намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасонӣ дар ин самт монеа эҷод менамояд.
115. Имрӯз дар Тоҷикистон, зиёда аз 10 ҳазор бемороне, ки аз бемории саратонӣ азият мекашанд ва зиёда аз 4 ҳазор бемороне, ки ба кӯмаки паллиативии ба беҳтаркунии сифати ҳаёт равонашуда ниёз доранд, ба қайд гирифта шудаанд. Кумаки паллиативӣ айни замон, ҷузъи зарурии табобати маҷмӯавии беморони саратонӣ дар ҳама марҳилаҳо ба шумор рафта, дар баъзе ҳолатҳо маънои мустақил пайдо мекунад.
116. Дар соли 2016 аввалин маротиба Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 таҳия шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 қабул гардид. Дар моҳи марти соли 2018 Ҳукумат Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонид.
Форуме, ки 18 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қабули эъломияи нав ва ҳамаҷонибаи маъюбиро қайд кард. Эъломияи нав уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини барқарорсозӣ, хизматрасониҳои тиббӣ ва таълимии беҳтарин, инчунин хизматрасонӣ оиди ҳифзи иҷтимоӣ тасдиқ менамояд.
117. Муносибати маҷмӯавӣ ба барқарорсозӣ самаранокии худро ҳангоми табобати бисёр бемориҳои музмин, мушкил ва вазнин, ки метавонанд қобилият ва фаъолияти узвҳои ҳиссиёти инсонро нисбатан маҳдуд намоянд (биноӣ, муошират, қобилияти гардиш ва фаъолияти маърифатӣ) собит намуд. Шаклҳои гуногуни барқарорсозӣ малакаҳои махсусро талаб менамояд, аз ин лиҳоз дастаҳои бисёрсоҳавии мутахассисон қобилияти нисбатан беҳтаркунии сифати кумаки тиббӣ ва натиҷаҳои табобатро доранд.
118. Дар ин самт Стратегия ҳадафҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- коҳишёбии нишондиҳандаҳои фавти бармаҳал аз бемориҳои ғайрисироятӣ, оқибатҳои осеббардорӣ ва пиршавӣ;
- беҳтаркунии сифати ҳаёт ва ҳамгироии иҷтимоии маъюбон, пиронсолон, шахсони дорои оқибатҳои бемориҳои ғайрисироятӣ ва осебҳо.
119. Барои расидан ба ин ҳадафҳо чунин вазифаҳо пешбинӣ шудаанд:
- ташкили инфрасохтори самаранок барои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва таъмини дастрасии умумӣ ба скрининг;
- паст намудани сарбории молиявии бемориҳои ғайрисироятӣ ба хонаводаҳо ва ҳифзи хонаводаҳои камбизоат аз боз ҳам камбизоатшавии минбаъда;
- тарғиби тарзи ҳаёти солим дар давоми давраи пурраи ҳаёт;
- беҳтаркунии дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои барқарорнамоӣ дар ҳама сатҳҳои хизматрасонии тиббӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба воситаҳои барқарорсозии маъюбон.
120. Барои расидан ба мақсадҳо ва вазифаҳои гузошташуда чунин амалҳо анҷом дода мешаванд:
1) паст кардани паҳншавии омилҳои хатари умумӣ барои бемориҳои ғайрисироятии асосӣ - сигоркашӣ, ғизои носолим, истеъмоли барзиёди машруботи спиртдор, фаъолнокии ҷисмонии паст ва стресси рӯҳӣ-иҷтимоӣ:
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба иттилоотнокии ҷомеа оид ба омилҳои ба рушди бемориҳои ғайрисироятӣ таъсир расонанда;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба паст кардани омилҳои хатари бемориҳои ғайрисироятӣ;
- таъсиси низоми самараноки ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва шарикӣ барои баланд намудани афзалияти пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ;
2) ташкили инфрасохтори самаранок барои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва таъмини дастрасии умумӣ ба скрининг:
- тавсеаи фарогирии хизматрасониҳои фардӣ, ки ба беҳтаркунии ошкорнамоии бармаҳал, бақайдгирӣ ва назорати самараноки фишорбаландӣ ва бемории қанд, дахолати саривақтӣ ва муносиб ҳангоми ҳолатҳои шадид равона гардидаанд, инчунин барқарорсозӣ бо мақсади паст намудани сатҳи фавти бармаҳал ва пешгиришаванда аз инсулт ва сактаи дил;
- ҳамгироии барномаҳои скрининги бемориҳои ғайрисироятӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- гузаронидани тадқиқотҳои доимии демографӣ ва институтсионалӣ барои баҳодиҳии талабот дар пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва мубориза бо онҳо, инчунин барои мусоидат ба қабули қарорҳо дар асоси маълумоти далелнок;
- мусоидат ба таҳия ва вориднамоии рӯйхати бемориҳои ғайрисироятӣ;
- таъсиси инфрасохтори самаранок барои ташхис ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ;
- вориднамоии усулҳои муосири ташхис ва табобат;
- қабул ва вориднамоии протоколҳои клиникии ҳамгироишуда, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия дода шудаанд, барои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ асосӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- омӯзиши имконияти маблағгузории баробар барои пӯшонидани хароҷот ба ташхис ва табобати беморони дорои бемориҳои музмин, аз ҷумла таъмини дастрасӣ ба усулҳои муосири табобат;
- содда кардани тартиби тасдиқнамоии маъюбӣ барои гурӯҳи шахсони гирифтори ҳолати барнагарданда (набудани узвҳо, дасту пой ва ғайра), ки хароҷоти такрориро барои шаҳодатномадиҳӣ бартараф мекунад;
3) тарғиби тарзи ҳаёти солим дар давоми давраи пурраи ҳаёт: мустаҳкамнамоии минбаъдаи хадамоти тандурустии ҷамъиятӣ ва ҳамгироии тарғиби тарзи ҳаёти солим ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва барномаи пешгирии бемориҳо ва саводнокии тиббӣ;
4) беҳтаркунии дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои барқарорнамоӣ дар ҳама сатҳҳои хизматрасонии тиббӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба воситаҳои барқарорсозии маъюбон:
- таъсиси механизми самараноки идоракунии хизматрасониҳои барқарорсозӣ таҳти сарпарастии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- таҳияи стандартҳои барқарорсозӣ барои расонидани хизматҳои тиббию иҷтимоӣ ва таъмини назорати сифат;
- таҳияи барномаҳои мақсадноки дастгирӣ ва барқарорсозӣ барои гурӯҳҳои муайяни маъюбон: фалаҷи серебралии кӯдакона, аутизм, бемориҳои хромосомӣ, бемории қанд;
- ҳамгироии хизматрасониҳои барқарорсозӣ дар сатҳҳои якум, дуюм ва сеюми соҳаи тандурустӣ;
- таъмини мавҷудияти шуъбаҳои барқарорсозии махсусгардонидашуда дар беморхонаҳои бисёрсоҳавӣ барои беморони дорои талаботи мушкил/махсус;
- ҷудо намудани миқдори кофии захираҳо барои маблағгузории хизматрасониҳои барқарорсозӣ ва хариди воситаҳои техникии (ёридиҳандаи) босифати барқарорсозӣ, паҳнкунии хизматрасонӣ аз рӯи принсипи "Равзанаи ягона барои воситаҳои техникии барқарорсозии маъюбон" дар саросари кишвар;
- таъмини омӯзонидани мувофиқ барои ёридиҳандаҳо ва истифодабарандагони воситаҳои техникии барқарорсозии маъюбон;
- ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд барои баҳодиҳии ҳолати ҷории маъюбӣ, барқарорнамоӣ ва воситаҳои техникии барқарорсозии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ошкорнамоии омилҳои ба беҳтаршавии вазъ дар ин соҳа мусоидаткунанда, барои муайянсозии усулҳои беҳтари дастгирии давлат дар тақвияти чораҳои сиёсат, низомҳо ва хизматрасониҳо оид ба барқарорсозӣ ҳамчун қисмати фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тандурустӣ;
- мусоидат ба ҷалби бахши хусусӣ барои кушодани марказҳои барқарорсозӣ ва хизматрасонӣ оид ба барқарорсозӣ;
- вориднамоии хизматрасониҳо оиди барқарорсозӣ ба барномаи суғуртаи тиббӣ;
- таҳияи низоми ягонаи муайянсозӣ ва гурӯҳбандии маъюбӣ тибқи Таснифоти байналмилалии вазифаҳо ва вориднамоии навгониҳо дар Дастурамал оид ба муайянсозии маъюбӣ;
- таъмини ҳамгироии ҷамъоварии маълумот оид ба маъюбӣ ба низоми иттилоотии ягонаи тандурустӣ;
- таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ барои шахсони маъюбӣ дошта ва таъминнамоӣ бо технологияҳое, ки дастрасиро ба шахсони маъюб таъмин менамоянд;
- таҳияи хизматрасониҳои фарогир ва хизматрасониҳои дӯстона барои шахсони маъюбӣ дошта, тавассути бартараф кардани монеаҳо барои дастрасӣ;
- мустаҳкамнамоӣ ва тавсеаи хизматрасониҳо оид ба барқарорсозӣ, мутобиқшавӣ, кумак ва дастгирӣ барои шахсони маъюбӣ дошта;
- таҳияи махзани ягонаи маълумоти истифодабарандагон дар асоси Рӯйхати миллии ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамчун восита барои бақайдгирии электронии шахсони маъюбӣ дошта;
- суръатбахшии ҷамъоварии маълумоти мувофиқ, боэътимод ва муқоисашаванда дар сатҳи байналмилалӣ оид ба маъюбӣ ва хизматрасониҳои ба онҳо алоқаманд, барои қабули қарорҳои асоснокшуда;
- баланд намудани иттилоотнокӣ оид ба талаботи занон ва духтарон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири маъюбон ва барҳамдиҳии табъиз ва поймолкунии ҳуқуқ нисбат ба онҳо;
- беҳтаркунии ҳамоҳангсозӣ ва таҳкими алоқа бо чораҳои сиёсат ва барномаҳои дигар соҳаҳо, то ин ки шахсони маъюб тавонанд ба хизматрасониҳои иҷтимоии асосӣ дастрасӣ пайдо кунанд ва дар фаъолияти иқтисодӣ иштирок намоянд;
- фароҳамоварии шароит барои иҷтимоикунонӣ ва ҳамгироии гурӯҳҳои осебпазир ба ҷомеа (пиронсолон, хатмкунандагони мактабинтернатҳо ва ғайра) тавассути барқарорсозӣ дар сатҳи ҷомеа.
§ 10. Беҳтарнамоии ҷанбаҳое, ки бо таъмини маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ алоқамандӣ доранд
121. Айни замон заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳо оид ба назорати сифати маводи доруворӣ дар марказҳои вилоятӣ ва минтақавӣ ба талаботи муосири таъмини сифат мувофиқат намекунанд ва озмоишгоҳҳо барои гузаронидани тадқиқотҳои иммунобиологӣ ва радиологӣ мавҷуд нестанд.
122. Таҳлили таҷрибаи таъини маводи доруворӣ нишон медиҳад, ки то ҳол мушкилоти полипрагмазия муҳим боқӣ мондааст. Мушкилоти мазкур дар байни табибони дар марказҳои шаҳрӣ фаъолияткунанда, нисбат ба табибони дар муассисаҳои тиббии маҳаллӣ фаъолияткунанда рушдёфта мебошад. Дигар мушкилот дар самти истифодаи оқилонаи маводи доруворӣ ин набудани дониши зарурии табибон ва фармасевтҳо, инчунин набудани сарчашмаи маълумоти объективона оид ба маводи доруворӣ ба ҳисоб меравад.
123. Яке аз афзалиятҳои сиёсати дорувории давлатии ҷумҳурӣ рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба шумор меравад. Дар давоми 6-7 соли охир бо ҷалби сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ 10 ширкати калон дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ бо истифодаи зиёда аз 200 миллион сомонӣ барои сохтмони иншоот ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти истеҳсолӣ таъсис дода шуданд.
124. Инчунин, бо мақсади рушди истеҳсоли маҳаллӣ ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид гардиданд. Бинобар ин, баррасии масъалаи аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кардани таҷҳизот, субстансияҳо ва моддаҳои ёрирасоне, ки дар истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ истифода мешаванд ҳангоми ворид ба кишвар ба мақсад мувофиқ аст.
125. Ҳамин тавр, мушкилоти мавҷудае, ки бо таъмини сифат, истифодаи оқилона ва дастрасии маводи доруворӣ алоқамандӣ доранд, қабули қарорҳои дахлдорро барои рушди минбаъдаи соҳаи фармасевтии кишвар бо мақсади беҳтаркунии сифати кумаки тиббӣ талаб менамоянд.
126. Мақсади асосии Стратегияи мазкур дар ин самт - ин беҳтаркунии дастрасӣ ва дастраснокӣ ба маводи дорувории самаранок, босифат ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас барои аҳолӣ ба шумор рафта, ин ҳадаф бояд тавассути иҷрои вазифаҳои зерин ба даст оварда шавад:
- таъмини дастрасии оқилона физикӣ ва иқтисодии аҳолӣ ба маводи дорувории асосӣ;
- тақвияти назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти маводи доруворӣ барои роҳ надодан ба маводи дорувории қалбакӣ ва ба қайд гирифта нашуда дар бозори фарматсевтии мамлакат.
127. Барои расидан ба ин мақсадҳо бояд амалҳои зерин иҷро карда шаванд:
1) таъмини дастрасии оқилона, физикӣ ва иқтисодии аҳолӣ ба маводи дорувории асосӣ:
- боздиди номгӯи ҷории маводи дорувории асосӣ, бо истифодаи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ;
- мукаммалсозии заминаи меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти фармасевтӣ ва дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолиро ба маводи дорувории ройгон танзим менамоянд;
- истифодаи пойгаҳи харидҳои электронӣ барои харидҳои давлатӣ ва молҳои тиббӣ;
- ҷалби сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолии фарматсевтии нав;
- қабули чораҳо оид ба истифодаи оқилонаи маводи доруворӣ;
- рушди истеҳсоли маҳаллии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ;
2) тақвияти назорати давлатӣ дар соҳаи муомилоти маводи доруворӣ барои роҳ надодан ба маводҳои дорувории қалбакӣ ва ба қайд гирифта нашуда дар бозори фарматсевтии мамлакат:
- мукаммалсозии заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба назорати сифати маводи доруворӣ ва воситаҳои таъиноти тиббӣ;
- таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи танзими нархгузорӣ ва нарх ба маҳсулоти доруворӣ;
- мониторинги таъсироти манфии маводи дорувории истифодашаванда ва таҳияи усулҳои иттилоотонии аҳолӣ оид ба бехатарӣ ва самаранокии мавод;
- гузаронидани тадқиқот оид ба истифодаи маводи доруворӣ ва танзими фаъолияти фарматсевтӣ;
- вориднамоии стандартҳои байналмилалӣ (GLP, GCP, GMP).
§ 11. Хизматрасониҳои тандурустии ҷамъиятӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим
128. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти иқтидори идоракунӣ ва фаъолияти барномаҳои иммунизатсия, мукаммалсозии инфрасохтор ва тартиби харидҳо, нигоҳдорӣ ва интиқолдиҳии ваксинаҳо, инчунин хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо таваҷҷуҳ ба сифат ва бехатарии иммунизатсия афзалият додааст. Дар даҳсолаи охир фарогирӣ бо эмкунии нақшавӣ то ,95% расидааст. Дар ҷадвали эмкунии нақшавӣ ваксинаи ротавирусӣ ва полиоваксинаи ғайрифаъолкардашуда ворид карда шуданд. Ҳангоми зиёд намудани хароҷоти давлатӣ ба иммунизатсия камтар аз 20% дар соли 2015 то ба 29,4% дар соли 2019, баландкунии ҳиссаи маблағгузории давлатӣ ва баландкунии самаранокии барномаҳо дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ яке аз афзалиятҳои муҳими Барномаи миллии иммунопрофилактика ба шумор меравад.
129. Дар моҳи майи соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи миллии амалҳо оид ба мубориза бо устуворнокӣ ба маводҳои дорувории зиддимикробӣ қабул намуд, ки дар он амалҳое, ки бояд дар соҳаҳои гуногун қабул шаванд, аз ҷумла саломатии инсон, солимии бойторӣ ва муҳити атроф, барои таъмини муносибати ҳамоҳангшуда ва ҳамаҷонибаи "Тандурустии ягона" барои ҳалли мушкилоти устуворнокӣ ба маводи зиддимикробӣ дарҷ гардидааст.
130. Хизматрасонии тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешавад:
- душбории афзоишёбандаи бемориҳои ғайрисироятӣ, ба монанди бемориҳои алоқаманд ба ғизогирӣ ва тарзи ҳаёти нодуруст, диққати бештарро ба тарғиби тарзи ҳаёти солим талаб менамояд;
- равонасозии захираҳо барои таъмини устуворнокии молиявии Барномаи миллии иммунопрофилактика нокифоя боқӣ мемонад;
- талабот ба беҳтаркунии минбаъдаи идоракунии барнома, дар тавсеаи фарогирии иммунизатсия ва дар бартарафкунии хуруҷи сироятҳои бо ваксина идорашаванда мавҷуд аст;
- иқтидори маҳдуд барои назорати бемориҳо: назорати эпидемиологӣ ва мониторинги бемориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол дар марҳилаи рушд қарор дорад ва сифати маълумот бояд беҳтар карда шаванд;
- устуворнокии инкишофёбанда ба маводи зиддимикробӣ ва зарурати тақвияти иқтидор дар самти пешгирӣ, ошкорнамоӣ ва эътино;
- мушкилоти тандурустии наздисарҳадӣ - сатҳи баланди муҳоҷират ва дастрасии маҳдуди муҳоҷирон ба хизматрасониҳои тиббии асосӣ вазъи саломатии онҳоро, инчунин солимии аҳолии Тоҷикистонро зери хатар мегузорад;
- бояд вориднамоии барномаҳо оид ба пешгирӣ ва назорати вараҷа, лейшманиёз, гелминтозҳо ва дигар бемориҳои паразитӣ ва трансмиссивиро дар байни аҳолӣ идома ва тақвият дод.
131. Стратегия ба пешгирии бемориҳо, чораҳо оид ба мустаҳкамнамоии саломатӣ ва дарозумрӣ равона гардида, барои расидан ба ин мақсад вазифаҳо ва чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
- такмил ва ҷамъоварии маълумот оид ба солимӣ ва ҳолати саломатии миллат тавассути беҳтаркунии низоми назорат аз рӯи хизматрасониҳои тандурустии ҷамъиятӣ;
- таъмини устуворнокӣ ва самаранокии Барномаи миллии иммунопрофилактика;
- тақвияти нақши роҳбарӣ ва таълимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар беҳтаркунии об, санитария ва беҳдоштӣ ва идоракунии самараноки партовҳо дар муассисаҳои тиббӣ, ҳам дар соҳаи тандурустӣ ва ҳам берун аз он;
- вориднамоии механизмҳои нисбатан самаранок барои таъмини бехатарӣ ва қобили қабули низоми оби нӯшокӣ ва санитария (корезӣ);
- огоҳисозӣ ва боздошти устуворнокии инкишофёбанда ба маводи зиддимикробӣ бо ёрии чораҳои тандурустии ҷамъиятӣ;
- таъмини ҳамоҳангсозӣ ва вокуниш ба мушкилоти наздисарҳадии тандурустӣ, хусусан оид ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирон;
- ҷалби ҷомеа дар масъалаҳои тақвияти саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар доираи вориднамоӣ ва татбиқи дастурамали "Ҳамкорӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ".
132. Барои расидан ба ин мақсадҳо ва вазифаҳои пешбинишуда бояд амалҳои зерин иҷро карда шаванд:
1) такмил ва ҷамъоварии маълумот оид ба солимӣ ва ҳолати саломатии миллат тавассути беҳтаркунии низоми назорат аз рӯи хизматрасониҳои тандурустии ҷамъиятӣ:
- бо таваҷҷӯҳи хоса ба иттилооти демографӣ аз нав дида баромадан ва мукаммалсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои беҳтаркунии пешниҳоди маълумоти тандурустии ҷамъиятӣ;
- таҳияи модели ислоҳоти марҳилавии низоми ҳисоботдиҳии тандурустии ҷамъиятӣ бо мақсади пасткунии сарбории ҳисоботдиҳӣ, ҳисоботи коғазӣ ва ҳисоботдиҳии дукарата;
- таъмини ҳамгироии ҷамъоварии маълумот оид ба бемориҳои мушаххас ба низоми ягонаи иттилоотии тандурустӣ ва истифодаи маълумот барои таҳияи чораҳои афзалиятнок ва пешгирии бемориҳо;
- таҳияи низоми назорати эпидемиологии фаъол;
2) таъмини устуворнокӣ ва самаранокии Барномаи миллии иммунопрофилактика:
- таъмини устуворнокии маблағгузории барномаҳои иммунизатсия дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ, аз он ҷумла бо назардошти вориднамоии ваксинаҳои нав дар тақвими миллии иммунизатсия;
- таъмини занҷираҳои баландсифати таъминот ва идоракунии самараноки ваксинаҳо барои таъмини фарогирии иммунизатсия;
- ҷамъоварӣ ва мониторинги маълумот, аз ҷумла низоми назорати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои бо ваксина идорашаванда, барои истифодаи минбаъдаи онҳо барои қабули қарорҳо дар асоси маълумоти далелнок;
- расидан ба фарогирии баланди иммунизатсия дар сатҳи миллӣ ва дар ҳама ноҳияҳо, аз ҷумла дар байни гурӯҳҳои нисбатан осебпазири аҳолӣ;
3) тақвияти нақши роҳбарӣ ва таълимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар беҳтаркунии об, санитария ва беҳдоштӣ ва идоракунии самараноки партовҳо дар муассисаҳои тиббӣ, ҳам дар соҳаи тандурустӣ ва ҳам берун аз он:
- гузаронидани тадқиқоти миллии ҳамаҷониба, барои муқаррар намудани сатҳи заминавии об, санитария ва беҳдоштӣ дар муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла тақсимоти молиявӣ ва талабот;
- боздиди стандартҳои миллии мавҷудаи пешгирии сироятҳои дохили беморхонавӣ ва таҳияи стандартҳои санитарию эпидемиологии назорат барои об, санитария ва беҳдоштӣ ва идоракунии самараноки партовҳо дар муассисаҳои тиббӣ мувофиқи принсипҳои роҳбарикунандаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ;
- ҳамгироии талабот ва нишондиҳандаҳои об, санитария ва беҳдоштӣ дар низоми миллии аккредитатсияи муассисаҳои тиббӣ ва таъсиси механизмҳои амалкунанда барои тақвияти стандартҳо ва қоидаҳо;
- таъмини маблағгузории муносиби ҷанбаҳои об, санитария ва беҳдоштӣ дар муассисаҳои тиббӣ;
4) вориднамоии механизмҳои нисбатан самаранок барои таъмини бехатарӣ ва қобили қабули низоми оби нӯшокӣ ва санитария (корезӣ):
- таъсиси низоми самараноки назорати давлатӣ аз рӯи сифати оби нӯшокӣ бо роҳи тақвияти иқтидор ва вориднамоии муносибатҳои ба баҳодиҳии хатарҳо асоснокшуда дар фаъолияти таҷрибавӣ;
- таҳияи дастурамали миллӣ оид ба вориднамоии нақшаҳо оид ба таъмини бехатарии об;
- вориднамоии тартиби баҳодиҳии хатарҳо ва идоракунии омилҳои хатар дар ҳама марҳилаҳои хизматрасонии санитарӣ ва таҳияи санадҳои меъёрӣ, харитаи роҳҳо ва дастурамали методӣ оид ба амалигардонии нақшаҳо оид ба таъмини бехатарии санитарӣ;
- мустаҳкамнамоии шарикӣ ва ҳамкорӣ бо соҳаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва санитарӣ ва пешбурди ҳамоҳангсозии кори дигар тарафҳои манфиатдор (аз ҷумла таъминкунандагони хизматрасонӣ) барои вориднамоии нақшаҳо оид ба таъмини бехатарии об ва нақшаҳо оид ба таъмини бехатарии санитарӣ;
5) боздошти устуворнокии инкишофёбанда ба маводи зиддимикробӣ бо ёрии чораҳои тандурустии ҷамъиятӣ:
- таъмини татбиқи чораҳои зарурии эътинои зарурӣ бо мақсади боздошти устуворнокии инкишофёбанда ба маводи зиддимикробӣ;
- тақвияти нерӯи назорати истеъмол ва устуворнокӣ ба маводи зиддимикробӣ;
- мукаммалсозии барномаҳои пешгирӣ ва назорати сироятҳо, инчунин дастурамал оид ба истифодаи маводи дорувории зиддимикробӣ дар муассисаҳои тиббӣ;
6) таъмини ҳамоҳангсозӣ ва вокуниш ба мушкилоти наздисарҳадии тандурустӣ, хусусан оид ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирон ва оилаи онҳо:
- рушди муносибатҳои шарикӣ бо кишварҳои таъинот барои беҳтаркунии дастрасии муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба хизматрасониҳои пешгирикунанда ва тиббӣ;
- нисбати бемориҳои сироятии паҳнгардида, таҳияи барномаҳои скрининг ва азнавравонасозӣ барои муҳоҷирони баргашта ва оилаи онҳо, бо истифодаи муносибати ба ҳуқуқҳои инсон асоснокгардида;
133. Натиҷаҳои мунтазира дар самти хизматрасонии тандурустии ҷамъиятӣ:
- устуворнокӣ ва самаранокии барномаҳои иммунопрофилактика таъмин мешавад;
- муассисаҳои тиббӣ ба инфрасохтори муносиб дар соҳаи таъминоти об, беҳдоштӣ ва санитарӣ дастрасӣ доранд;
- аҳолӣ ба оби нӯшокии тоза ва бехатар дастрасӣ дорад;
- ҳангоми қабули қарорҳо дар самти тандурустии ҷамъиятӣ, тарафҳои манфиатдор аз маълумот оид ба вазъи саломатии аҳолӣ истифода мебаранд;
- муҳоҷирон/муҳоҷирони баргашта ба хизматрасониҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ дастрасӣ доранд;
- иттилоотнокии ҷомеа оид ба тарзи ҳаёти солим баланд мешавад.
§ 12. Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодаи тандурустии ҷамъиятӣ
134. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ва таъмини эътинои зуд ва дуруст - вазифаи аввалиндараҷаи соҳаи тандурустӣ ва уҳдадории мақомоти тандурустӣ мебошад.
135. Ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ метавонад бо сабабҳои гуногун ба амал ояд, аз он ҷумла хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва хатарнок барои ҳаёт, офатҳои табиӣ, ки бо хавфҳои табиӣ, оқибатҳои дигаргуншавии иқлим ва офатҳои техникӣ рух додаанд, аз ҷумла ифлосшавии химиявии муҳити атроф ва партови радиатсионӣ.
136. Уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба идоракунии ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, аз ҷумла Қоидаҳои тиббию санитарии байналмилалӣ (соли 2005) даъват менамояд, ки барҳамдиҳӣ ва идоракунии хатарҳои тандурустии ҷамъиятиро, ки ба паҳншавии байналмилалии бемориҳо алоқамандӣ дорад, мусоидат менамояд.
137. Стратегия ба баландшавии омодабошӣ ва эътинои соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ дар кишвар равона карда шудааст, ки тавассути иҷрои чунин вазифаҳо ба даст меояд:
- таъсиси низоми ягона ва самараноки назорати санитарию эпидемиологӣ;
- беҳтаркунии усулҳои назорат/назорати сироятӣ;
- баландкунии иқтидори миллӣ дар самти ошкорнамоии бармаҳал, эътино, аз ҷумла эътинои фаврӣ, аз ҷумла баландкунии иқтидори озмоишгоҳҳо;
- тақвияти мониторинг ва назорати хатарҳои рафторӣ, аз рӯи бехатарии маҳсулоти хӯрока ва омилҳои муҳити атроф, аз ҷумла нишондиҳандаҳои иҷтимоии саломатӣ ва ҷамъоварии маълумот барои қабули қарор дар асоси маълумоти далелнок;
- тавсеаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва татбиқи Қоидаҳои тиббию санитарии байналмилалӣ;
- рушди ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии амалҳо байни тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла қонунбаророн ва муассисаҳои ҳифзи муҳити зист, таъминкунандагони хизматрасониҳои таъминот бо об ва обу корезӣ.
138. Барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои гузошташуда амалҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
1) таъсиси низоми ягона ва самараноки назорати санитарию эпидемиологӣ:
- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба ҳама намудҳои фаъолият, ки риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию эпидемиологиро танзим менамояд;
- таъсиси низоми иттилоотӣ барои ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва мубодилаи маълумот байни сохторҳои зертобеъ;
- таъсиси низоми самараноки назорати давлатии сифати оби нӯшокӣ бо роҳи вориднамоии муносибатҳои ба баҳодиҳии хатар асоснок гардида;
2) беҳтаркунии усулҳои назорат/назорати сироятӣ:
- таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо эмкунӣ бар зидди сироятҳои идорашаванда мувофиқи муқаррароти Барномаи миллии иммунопрофилактика;
- беҳтаркунӣ ва дастгирии самаранокии низоми назорати эпидемиологии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла бемориҳои алоқаманд ба омилҳои обӣ;
- беҳтаркунии низоми назорати эпидемиологии сироятҳои бо ваксина идорашаванда, инчунин зуҳуроти баъдидоругӣ баъд аз эмкунӣ;
- беҳтаркунии омодасозӣ, барҳамдиҳӣ ва кам кардани таъсири оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ки сабаби онҳо офатҳои табиӣ мебошанд, инчунин офатҳои техногенӣ, бо иштироки шарикони байналмилалӣ;
- ҳамгироии вазифаи Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода дар низоми байналмилалии чораҳои эътиноӣ (иҷозатдиҳии озмоишгоҳҳои сайёр) ва гузаронидани омӯзишҳои якҷояи зерсохторҳои зиддиэпидеикии сайёр;
- таҳияи стандартҳои нави озмоишӣ ва таҳкими иқтидор барои истифодаи стандартҳои мазкур барои озмоишгоҳҳои химиявӣ, бактериологӣ ва дигар озмоишгоҳҳо;
- вориднамоии ин стандартҳо барои озмоишгоҳҳо дар ҳама сатҳҳои бехатарии биологӣ;
- вориднамоии технологияҳои нави ташхисии инноватсионӣ дар таҷриба;
3) тавсеаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва татбиқи Қоидаҳои тиббию санитарии байналмилалӣ:
- тақвияти ҷанбаҳои алоқаманд ба ташкили чорабиниҳои махсус ва риояи талаботи Қоидаҳои тиббию санитарии байналмилалӣ;
- тавсеаи ҳамкориҳои байнисоҳавӣ барои мониторинги фаъоли масъалаҳои беҳдошти инсон, муҳити атроф, бехатарии об ва маҳсулоти хӯрока.
5. МАБЛАҒГУЗОРИИ СТРАТЕГИЯ
139. Маблағгузории Стратегияи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинишуда ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
140. Тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ дар доираи ҳадди ниҳоии маблағҳои барои онҳо пешбинишаванда барои соли дахлдори молиявӣ, таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи мазкурро ба роҳ мемонанд.
6. МЕХАНИЗМИ МОНИТОРИНГ ВА НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА
141. Мониторинг дар асоси назорати мунтазами нишондиҳандаҳои интихобгардида, ки ба стандарту талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд ва ба иттилооти сифатноку боэътимод ва стандартонидашуда вобастагӣ доранд, анҷом дода мешавад.
142. Мониторинги амалисозии Стратегияи мазкур ба зиммаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад.
143. Мониторинг ва баҳодиҳии Стратегияи мазкур пайваста ва мунтазам дар намуди ҳисоботи солона амалӣ карда мешавад. Баҳодиҳӣ ҳамасола гузаронида шуда, дар Шарҳи солонаи якҷоя баррасӣ карда мешавад.
144. Ҳисобот оид ба мониторинг ва баҳодиҳии натиҷаҳои амалисозии Стратегия ва пешниҳодҳо барои мукаммалсозии чорабиниҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд муҳокима гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 сентябри соли 2021, №414
НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030 БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2023
Замима мегардад