Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №414 "Дар бораи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Мутобиқи моддаи 5 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2021-2023 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалисозии стратегияи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии онро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намояд;

- оид ба ҷараёни амалисозии стратегияи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ҳар сол то 20 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 сентябри соли 2021, №414

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Стратегии охраны здоровья населения Республики Таджикистан на период до 2030 года

В соответствии со статьей 5 Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Стратегию охраны здоровья населения Республики Таджикистан на период до 2030 года и План мероприятий реализации Стратегии охраны здоровья населения Республики Таджикистан на период до 2030 года на 2021-2023 годы (приложения 1 и 2).

2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан:

- совместно с соответствующими министерствами и ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти обеспечить реализацию настоящей стратегии и плана мероприятий её реализации в рамках ежегодно предусмотренных средств государственного бюджета для отрасли здравоохранения и социальной защиты населения и других источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан;

- ежегодно до 20 января предоставлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе реализации настоящей стратегии и плана мероприятий её реализации.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 сентября 2021 года, №414