Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 феврали соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 559 "ғ"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
25 феврали соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 559 "ғ"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо
070.170.010
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Ба Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2019, №58 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июни соли 2019, №559 "г" ба қайд гирифта шудааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои дорои хусусияти таҳририро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, департаменти назорати бонкӣ, шуъбаи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Накҳатзода Моҳбону Киромиддин гузошта шавад.
...