Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2021, № 170
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2021, № 170
Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) бо мақсади суръат бахшидан ба низоми самарабахши дастгирӣ ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият додани таъсири илм ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, наздик кардани илм ба эҳтиёҷоти мавҷуда, баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, ҳамгироии неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таҳия гардидааст.
2. Рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаҳои илму маориф дар ҷумҳурӣ пайваста аз ҷониби Президенти мамлакат ва Ҳукумати кишвар дастгирӣ ёфта, дар ин самт консепсияву барномаҳо ва қонунҳои соҳавӣ қабул шуда, комёбиҳои муайян ба даст омадааст. Олимони соҳаи илмҳои мазкур дар солҳои охир як зумра навъҳои ихтирооту навовариҳои манфиатбахшро офарида, технологияи самаранокии ҳифзи онҳоро тарҳрезӣ намуда, дар ҷамъият татбиқ карда истодаанд. Ҳамзамон, дастовардҳои илмии фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаҳои илму маориф ва хусусан татбиқи онҳо барои рушди самараноки он ҳанӯз ҳам басанда нест.
3. Барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самти рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаҳои илму маориф, инчунин ҷиҳати татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, афзоиши истеҳсолот, ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти соҳаҳои илму маориф дастгирии давлатӣ лозим мебошад.
4. Низоми самарабахши тайёр кардани кадрҳои илмии баландтахассус аз таъминоти молиявии он вобастагӣ дорад. Имрӯз ҳиссаи хароҷот ба илм аз рӯи ҳисоб ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи паст қарор дорад ва дар омода кардани неруи илмӣ таъсир мегузорад. Амалисозии Барнома ба ташаккули неруи илмие, ки қобилияти самаранок ҳал намудани масъалаҳои рушди илмию техникӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дошта бошад, мусоидат мекунад.
5. Дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, афзоиши донишу дурнамоии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ зарур мебошад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНӢ
6. Баъди амалӣ гаштани Барномаи рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008 ва Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар институту марказҳо ва озмоишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рушду такомул пайдо кард. Таҷрибаи манфиатовари ҳамоҳангсозии таҳқиқот дар ин соҳа андӯхта шуда, самтҳои афзалиятдоштаи рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ муайян гардида, неруи илмӣ ба ин самтҳо мутамарказонида шудааст.
7. Дар доираи Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 дар пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиӣ гузаронида шуда, таҷрибаи судманди ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои мухталиф, самтҳои афзалиятноки рушди илмҳои дақиқ ва табиӣ муайян ва неруи илмии онҳо мутамарказонида шуда бошанд ҳам, вале мушкилоту камбудӣ ва норасоиҳо дар пешравӣ ва сифати амалисозии бандҳои алоҳида ба назар мерасанд, ки онҳо бо татбиқи Барнома бояд ҳалли худро ёбанд.
...