Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 03 апрели соли 2021, №117
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 03 апрели соли 2021, №117
Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (минбаъд-Барнома) барномаи амали миёнамуҳлат мебошад, ки ба афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз навъҳои парваришёбанда, ҳамчунин маводи тухмӣ ва шинонидашаванда амалӣ мегардад.
2. Яке аз ҳадафҳои олии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини амнияти озуқавории мамлакат буда, барои ноил гардидан ба он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои ҳамаҷониба андешида мешаванд.
3.Таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат бо маводи тухмии сертификатсияшудаи мутобиқкунонидашуда ба омилҳои биотикӣ ва абиотикии навъҳои растанӣ бо ирсияти устувор яке аз вазифаҳои афзалиятнок дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
4. Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Зиёд намудани майдони кишти тухмипарварии ибтидоии зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои сертификатсияшуда дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба афзун намудани ҳосилнокӣ ва зиёд гардидани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад.
5. Мақсади асосии Барнома амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди селексияи растанӣ ва тухмипарварӣ дар мутобиқат бо меъёрҳои стандартҳои байналмилалиро ифода намуда, баҳри иҷрои масъалаҳои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи тухмипарварӣ, рушди селексияи растанӣ, санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ, назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, назорати фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, истеҳсол, коркард ва маркетинги тухмӣ, тайёр намудани кадрҳо ва бозомӯзии мутахассисони соҳа, таъмини амнияти тухмӣ ва таъсиси фондҳои давлатии тухмӣ пешбинӣ гардидааст.
6. Ҳадафи асосии баровардани навъҳои нави растанӣ аз таъмини деҳқонон бо навъҳои нисбатан серҳоси ли дорои сифатҳои хуби истеъмолидошта ва ба шароити маҳал мутобиқ буда, иборат мебошад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
7. Бо мақсади рушди селексияи растанӣ ва тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №438 Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардида, дар рафти амалисозии он шароит фароҳам омад, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва устувор гардидани соҳаи тухмипарварӣ зиёд гардад.
...