Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, №114
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2021, №114
Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи илму маориф яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду такомули соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, шароитҳои мусоидро фароҳам меорад.
2. Дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф азнавсозӣ ва сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таҳким бахшидан ба заминаҳои моддӣтехникии муассисаҳои таълимӣ, нашри китобҳои дарсӣ, бознигарии нақшаву барномаҳои таълимӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот раванди тозаеро касб намуда, босуръат идома меёбад.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ, бахусус дар соҳаи илму маориф, ки ҳамчун омили муҳимтарини инкишофи миллат ва таҳкими асосҳои давлатдорӣ муайян шудааст, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
4. Асоси сиёсати давлатиро дар соҳаи илму маориф масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ кардани стандартҳои ҷаҳонӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибтахассуси ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил медиҳанд.
5. Навсозӣ ва рушди кишвар бе ноил гардидан ба пешрафтҳо дар соҳаи илму маориф ғайриимкон аст. Дар беҳтар намудани сифати таҳсилот, самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ мавқеи муҳим доранд.
6. Ҳадафи асосии қабули Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 (минбаъд - Барнома) иборат аст аз:
- муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ бо воситаҳои муосири техникӣ ва асбобҳои аёнӣ;
- тавассути ба роҳ мондани дарсҳои амалӣ ҷалб намудани хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ;
...