Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 27 майи соли 2020, №292
 
Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024
 
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
§1. Заминаи таҳияи Барнома
1. Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 (минбаъдБарнома) санаде мебошад, ки тағйироти меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафториро нисбати рушди кӯдакони синни то 2-сола дар Тоҷикистон муайян мекунад.
2. Барномаи мазкур бо ташаббуси Ҳаракати умумиҷаҳонӣ оид ба беҳтаркунии сифати ғизо дар Тоҷикистон (SUN) бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҳадафҳои 2 (тандурустӣ) ва 6 (таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо), инчунин паст кардани тамоми нишондиҳандаҳои ғизои нокифоя ё нодуруст дар Тоҷикистон таҳия гардидааст.
3. Барномаи мазкур ба таври возеҳ роҳҳои техникиеро тавсиф медиҳад, ки тавассути онҳо бар зидди ақибмонии қадкашӣ дар байни кӯдакон мубориза бурдан мумкин аст. Барномаи зикргардида ба ҷанбаҳои рафторӣ ё аниқтараш ба шахсоне равона мегардад, ки бояд тарзҳои рафтории худро барои коҳиш додани нишондиҳандаҳои ақибмонии қадкашӣ тағйир диҳанд.
4. Ин Барнома муносибатро оид ба тағйир додани рафтори одамон (роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ҷомеаҳо ва оилаҳо) дар тамоми сатҳҳо муаррифӣ менамояд. Таваҷҷӯҳ ба тағйир додани рафтор барои тезонидани натиҷаҳо равона шудааст. Шаҳрвандон бояд нишондиҳандаҳои хизматрасониҳои босифатро, ки барои дастгирии онҳо пешбинӣ шудаанд, истифода баранд. Муносибати дуруст ва саривақтии ин шахсон метавонад ба солимии фарзандон замина гузорад.
5. Ҳангоми таҳияи Барнома дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муқаррароти зерин, аз қабили Нишондиҳандаҳои ҷаҳонии ғизо барои соли 2025 (Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ), Силсилаи шарҳҳои мухтасар оид ба сиёсат ва стратегия, инчунин Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024 низ ба асос гирифта шудааст.
§2. Ақибмонии қадкашии кӯдакон дар Тоҷикистон
6. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишондиҳандаҳои баланди қадпастии кӯдакон дар ҳудуди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Тибқи маълумоти Таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ аз соли 2017, 18 фоизи кӯдакони аз 0 то 59-моҳа дар Тоҷикистон ба қадпастӣ дучоранд. Ҳиссаи зиёдтарин ба минтақаҳои деҳот, хусусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Қадпастӣ метавонад ба фаъолияти мағзи сари кӯдак, саломатии вай, рушди узвҳо, низоми масуният, қобилияти азхудкунӣ ва натиҷаи хониш таъсири манфӣ расонад, ки ин дар оянда боиси маҳдуд шудани маҳсулнокӣ ва қобилияти худи кӯдакон мегардад.
7. Ҳазор рӯз аз лаҳзаи ҳомиладоршавӣ то ба 2-солагӣ расидани кӯдак давраи муҳимтарин барои расонидани таъсири мусбӣ ба рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии он мебошад.
8. Тибқи унсурҳои нигоҳбини ғамхорона солимии боқувват, ғизои хуб, нигоҳубини ғамхорона, бехатарӣ, омӯзишу ҳавасмандгардонии барвақтӣ, ки дар ҳазор рӯзи аввали ҳаёт ба кӯдак дода мешавад, метавонад барои муайян кардани ояндаи он кумак расонад.
9. Дар ҳоле ки ҳар яке аз ин унсурҳо дар алоҳидагӣ барои пурра қонеъ сохтани ниёзҳои кӯдак кофӣ нест, таваҷҷӯҳи махсус ба ғизои кӯдак дар ҳазор рӯзи аввали ҳаёт, шурӯъ аз лаҳзаи ҳомиладорӣ метавонад таҳаввулоти дарозмуҳлати иҷтимоиву иқтисодиро ба амал орад.
10. Кӯдакони дорои хуби инкишофи ақлонӣ ва ҷисмонӣ имконияти бештар доранд. Онҳо бо ҳифз кардани саломатӣ умри дарозтар мебинанд, дар мактаб беҳтар таҳсил мекунанд ва шахсони пурмаҳсултар гардида, дорои қобилияти хуб барои мутобиқшавӣ ба ҳаёти қадрас ба воя мерасанд.
11. Сармоягузорӣ дар ғизо ҳамчунин яке аз муассиртарин ва сарфакортарин тадбирҳо дар ҳазор рӯзи аввал ба ҳисоб меравад. Аз рӯи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ ҳар як доллари америкоии сармоягузорӣ барои коҳиш додани сатҳи ақибмонии қадкашӣ метавонад дар давраи пешомади дарозмуҳлат 18 доллари америкоӣ фоида оварад. Аммо агар ин равзанаи имконият сари вақт истифода нашавад, онро бозпас гардонидан ғайриимкон аст.
§3. Омилҳои иҷтимоӣ ва рафтории ақибмонии қадкашӣ
12. Новобаста аз маҳдудияти иттилооти рафторӣ дар Тоҷикистон, ба шарте ки агар мавҷуд бошад, таҳқиқот ва кор дар маҳалҳо дар умум аз сатҳи зарурии огоҳии аҳолӣ оид ба норасоии ғизо (таносуби вазн нисбат ба синну сол) шаҳодат медиҳад. Аз ҷониби дигар кормандони тиб, аҳолии маҳаллӣ ва оилаҳо оид ба қадпастӣ (таносуби қад нисбати синну сол) ва нишондиҳандаҳои он вобаста ба ғизои хуб ва рушди зеҳнӣ дорои огоҳии сатҳи паст мебошанд. Хулосаҳое, ки мардум аз ин нуқтаи назар дар сатҳҳои гуногун қабул мекунанд, ба гумон, ки ба натиҷаҳои дилхоҳи алоқаманд ба ғизо оварда мерасонанд.
13. Кормандони тандурустӣ, ҷомеа ва оилаҳо хулосаҳои худро дар асоси бисёр омилҳои дохилӣ ва берунӣ қабул мекунанд. Омилҳои беруна - чунин масъалаҳо, аз қабили вазъ, меъёрҳои иҷтимоӣ, шароит ва муҳит мебошанд, дар ҳоле ки ҳамчун омилҳои дохилӣ - дониш, дастурҳо ва эътиқодҳоро дар бар мегиранд. Барои тағйир додани рафтори одамони алоҳида, ба се ҷиҳат таъсир расонидан муҳим аст:
- ба муҳити онҳо (омилҳои беруна);
- ба идроки онҳо (дастурҳо);
- ба зеҳни онҳо (дониш).
14. Таъсир расонидан ба рафтори миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, ки сатҳи ақибмонии қадкаширо аз ҳама бештар ба таври мулоҳизакорона, таъсирбахш ва самаранок коҳиш медиҳад.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
15. Барномаи мазкур ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои мушаххаси Асамблеяи тандурустии ҷаҳонӣ барои коҳиш додани шумораи кӯдакони то 5-сола, ки ба ақибмонии қадкашӣ мубталоанд, ба 40 фоиз то соли 2025 ва мақсаду стратегияҳои Ҳаракати умумиҷаҳонӣ оид ба беҳтаркунии сифати ғизо дар Тоҷикистон (SUN) вобаста ба коҳишдиҳии сатҳи ақибмонии қадпастӣ ба 17 фоиз то охири соли 2024 мусоидат менамояд.
16. Ба туфайли корҳое, ки тайи солҳои зиёд дар Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, норасоиҳо дар дониши шахсоне, ки ба нигоҳубин машғуланд, монеаҳои азим барои тағйироти рафторӣ дар самти ақибмонии қадкашӣ ба ҳисоб намераванд. Шахсоне, ки ба нигоҳубин машғуланд (модарон, падарон ва бибиву бобоҳо), ба фароҳам овардани нигоҳубини беҳтарин барои кӯдакони хурдсоли худ бениҳоят шавқманданд. Дар бисёр ҳолатҳо муносибатҳо ва эътиқодҳои шахсоне, ки ба нигоҳубин машғуланд, ба ғояҳои нав, аз қабили ғизоҳои нав барои қадкашӣ ва инкишофи кӯдак, дастурамали нави хӯрокпазӣ ва моделҳои гуногуни нигоҳубини кӯдак мувофиқ кунонида мешаванд.
17. Инак, дар маҷмӯъ сатҳи муҳими ноогоҳӣ оид ба қадпастӣ мушоҳида гардида, зарурати бартараф кардани камбудиҳо вобаста ба дониш оид ба амалҳо ва тарзҳои рафторӣ, ки ақибмонии қадкаширо мусоидат менамоянд, ба вуҷуд омадааст. Бо вуҷуди ин, ҷанбаҳое, ки бо нарасидани дониш ва дастуру пешниҳодҳои нодуруст марбутанд, барои тағйирот дар Тоҷикистон на он қадар монеаҳои назаррас шуда метавонанд.
18. Чунин шароите фароҳам овардан лозим аст, ки барои беҳтар кардани муҳити модар кумак расонад ва ӯ ҳуқуқу имконияти бештар ҷиҳати тағйир додани тарзҳои рафтории худ дошта бошад. Шароитҳое, ки малакаву эътиқоди ӯро ба нуфузи шахсӣ мустаҳкам намуда, дастрасиашро ба хизматрасониҳо, одамон ва ақидаҳои нав тавсеа медиҳанд. Чунин муҳит метавонад ба рафтори ӯ таъсири беҳтар расонида, ҳамзамон ба рафтори аъзои оилаи ӯ ва ҷомеае, ки барои нигоҳубини тифли ӯ ҷалб гардидаанд, таъсири назаррас дошта бошад.
19. Дар асли худ, ин вазифаҳо барои баланд бардоштани қобилияти модар ҷиҳати қабул кардани хулосаи дурусту беҳтар, ки дар ҳар марҳилаи ин раванд мададрасон бошанд, равона шудаанд. Ба ибораи дигар, ҳангоми таҳияи тадбирҳо, дар ҳар як зинаи раванди мазкур бояд барои баланд бардоштани қобилияти модар оид ба интихоби боз ҳам дуруст ва таъмини муҳити ба интихоби ӯ мусоидаткунанда диққат ҷалб карда шавад.
20. Вазифаҳои Барнома расидан ба даҳ натиҷаҳои рафторӣ мебошад. Дар ҳолати оқилона бархӯрд кардан, ин намунаҳои афзалиятноки рафторҳои илман исботшуда метавонанд барои коҳишёбии натиҷаҳои ақибмонии қадкашии кӯдакон дар давраи ҳазор рӯзи аввал таъсири назаррас расонанд. Намунаҳои афзалиятноки рафтор инҳоянд:
- занони ҳомиладор ва модарони ширмакон маҳсулоти дорои микроэлементҳои ғизоии гуногунро тибқи дастурамалҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ истеъмол менамоянд;
- занони ҳомиладор ва модарони ширмакон бахусус дар семоҳаи охири ҳомиладорӣ истироҳат мекунанд;
- модарони ҳомиладор тайи давраи тотаваллудӣ на камтар аз 8 маротиба ба марказҳои солимӣ (солимии репродуктивӣ) муроҷиат намуда, 3 маротиба аз муоинаи баъд аз таваллудӣ шурӯъ аз семоҳаи якуми ҳомиладорӣ ва тайи 6 ҳафтаи пас аз таваллуд мегузаранд;
- модарон синамаконии аввалро дар давоми 1 соат шурӯъ карда, дар давоми 6 моҳ синамаконии холис ва тайи ду сол синамакониро идома медиҳанд;
- модарон нигоҳубини ғамхорона ва пурра, хусусан "тарзи кенгуру" ва "тамоси бадан"-ро дар 24 соати аввал ва тайи моҳи аввали ҳаёт истифода мебаранд;
- кормандони тиб, модарон ва шахсони нигоҳубинкунанда дар давраҳои ҳассоси вақт дастони худро бо собун мешӯянд;
- кӯдакони то 2-сола тибқи Барномаи миллии иммунопрофилактика пурра эмгузаронӣ карда мешаванд;
- кӯдакони 6-24-моҳа изофаҳои ғизоиро бо микроэлементҳои ғизодори зарурӣ, аз ҷумла руҳ тибқи тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ истеъмол менамоянд;
- кӯдакони 6-24-моҳа сари вақт тановул карда, ғизои иловагии босифат ва кофӣ мехӯранд;
- модарон ва кормандони тиббӣ вазъиятро танзим карда, бемориҳои асосии синни кӯдаконаро, аз қабили бемориҳои шадиди кӯдакона, илтиҳоби шуш, дарунравӣ ва гелминтҳо ба таври самаранок табобат мекунанд.
3. ПАНҶ ҶИҲАТИ АСОСИИ ИМКОНИЯТҲО БАРОИ ТАҒЙИРОТ
§1. Муқаррароти асосии имкониятҳо барои тағйирот
21. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби хизматрасониҳо оид ба нигоҳубини кӯдак дар хонаву ошпазхонаҳо, дар боғҳои оилавию майдончаҳои тиҷоратӣ, дар марказҳои тиббӣ ва дигар лаҳзаҳои муҳим дар тӯли тамоми ҳаёти кӯдак ва роҳҳои инкишофи ӯ амалӣ карда мешавад.
22. Чунин стратегияҳои тағйирот марбут ба ҳифзи саломатии кӯдакон, ғизо ва беҳдошти онҳо дар ҳолате самаранок ҳисобида мешаванд, ки онҳо дар шароити табиӣ фароҳам оварда шуда, дар он модарон ва шахсони нигоҳубинкунанда ба фоидаи кӯдакони худ хулоса қабул мекунанд.
23. Таҳлили гузаронидашудаи меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафторӣ панҷ лаҳзаи танқидии муҳимро барои модару кӯдак дар ҳазор рӯзи аввали ҳаёти кӯдак муайян намуд. Ин панҷ лаҳза аз нуқтаи назари имконият барои тағйирот, чи тавре ки онҳо самти табиӣ ё инкишофи муттаҳидшавии модарону фарзандони онҳоро инъикос менамоянд, ниҳоят муҳим ҳисобида мешаванд.
24. Панҷ лаҳзаҳои асосӣ барои тағйирот ва муҳимияти махсуси онҳо дар давоми ҳазор рӯзи аввал ба таври зайл ифода мегарданд:
- изофаи ғизоии микронутриентҳо барои модарон;
- истироҳат;
- ташрифҳои тотаваллудӣ;
- идоракунӣ ва табобати бемориҳои сироятии асосӣ;
- нигоҳубини масъулиятнок;
- шурӯи синамаконии пурра;
- об, санитария ва беҳдоштӣ;
- эмгузаронӣ;
- изофаи ғизоии микронутриентҳо барои кӯдакон;
- ғизои иловагӣ.
§2. Ҳомиладорӣ
25. Ҳомиладорӣ барои рушди пурравнақи кӯдак замина мегузорад. Дар ин ҳолат саломативу беҳбудии модар, донишу малака ва ғамхорӣ нисбати ӯ муҳим мебошад.
26. Ҳомиладорӣ лаҳзае мебошад, ки модар бо низоми тандурустӣ робита барқарор менамояд. Ин лаҳза имконияти ба миён омадани муносибатҳои мусбат байни модарон ва кормандони тиббиро ба вуҷуд меоварад, ки муроҷиат кардан ба муассисаҳои тиббӣ тадриҷан ба одат табдил мегардад.
27. Занон ва оилаҳои онҳо мехоҳанд, ки ҳомиладорӣ ба некӣ анҷом ёфта, ҳамчунин хоҳони гузариши мусбат ва умедвор ба модаршавӣ мебошанд. Хизматрасонии босифат оид ба ҳифзи модаршавӣ метавонад бо дар назар доштани омили қобилияти анҷом додани ташрифҳои тотаваллудӣ барои ноил шудан ба ин мақсадҳо боздид карда шавад.
28. Дар давраи ҳомиладорӣ намудҳои афзалиятноки рафториро истеъмоли изофаҳои микронутриентҳои ғизо барои модарон, истироҳат ва ташрифи тотаваллудӣ ташкил медиҳанд.
29. Дар давраи ҳомиладорӣ монеаҳо ва имконоте ҷой доранд, ки метавонанд ба модарону кӯдакон таъсири манфӣ расонанд. Монеаҳо ва имконотҳо инҳоянд:
- изофаҳои микронутриентҳои ғизо ба тамоми занон ба таври ройгон таъмин карда намешаванд. Набудани иртибот ва фаҳмиш дар бораи мақсад, таъсири иловагӣ ва вояи онҳо;
- танҳо 64 фоизи занон 4 маротиба ё бештар барои ташрифи машварати тотаваллудӣ муроҷиат менамоянд. Фақат нисфи онҳо бори аввал дар доираи семоҳаи якум барои машварати занона муроҷиат менамоянд. Бисёр занон барои саришта кардани хароҷоти бисёркарата вобаста ба шумораи зиёди муроҷиатҳо ба марказҳои саломатӣ (солимии репродуктивӣ), ки на ҳама вақт эҳтиёҷ ба онҳо доранд, кушиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
30. Дар давраи ҳомиладорӣ омилҳои муҳими таъсиррасонӣ ба қобилияти модарон оид ба хулосабарорӣ мавҷуд аст. Омилҳои таъсирасонӣ инҳоянд:
- шахси асосии амалкунанда: модар бояд 4 маротиба то таваллуд ба марказҳои саломатӣ муроҷиат намояд, бори аввал дар семоҳаи якум ба марказҳои саломатӣ ташриф ба амал оварад, изофаҳои микронутриентҳоро дар муддати давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ истеъмол намояд, дар ҷараёни ҳомиладорӣ, хусусан дар семоҳаи охир ва 6 моҳи аввали пас аз таваллуд иҷрои корҳои хонагии сабукро интихоб намояд;
- шахсони ёрирасон: корманди тиббӣ бояд изофаҳои микронутриентҳоро ба тамоми занони ҳомиладор ва модарони ширмакон пешниҳод намояд, бо модарони бори якум таваллудкарда вақти иловагии бештар гузаронад, ба занони ҳомиладор ва оилаҳои онҳо дар бораи манфиат ва таҷрибаи синамаконӣ машварат диҳад, қайди назоратӣ оид ба ҳар як ташрифи марказҳои саломатиро пайгирӣ намояд;
- шахсони ёрирасон: дигар модарон ва аъзои ҷомеа бояд истироҳатро ҳамчун рафтори муҳим ба фоидаи кӯдакони солим, ки ғизои мукаммал доранд, эътироф ва дастгирӣ намоянд.
§3. Ҳафтаи аввали ҳаёт (то 7 рӯз)
31. Ҳафтаи аввали ҳаёт аз ҷиҳати фавти навзодон давраи хавфнок аст. Аксар занони тоҷик дар муассисаи тандурустӣ таваллуд мекунанд ва танҳо чанд рӯз дар он ҷо мемонанд, ки ин барои расонидани дастгирӣ ба модар, хусусан ба онҳое, ки бори аввал модар мешаванд, инчунин ба падар барои гирифтани ҷавоб ба саволҳо оид ба таъсир расонидан ба рафтори барои рушди солимии навзод мусоид, масалан, зудтар шурӯъ намудани синамаконии холис ва нигоҳубини "тарзи кенгуру" муҳим мебошад.
32. Беморхонаҳо бо муносибатҳои хайрхоҳона нисбати навзодон дар саросари олам таъсири ниҳоят калонро на танҳо дар соҳаи паст кардани сатҳи ақибмонии қадкашӣ, балки дар коҳишёбии нишондодҳои фавти тотаваллудӣ ва пас аз таваллудӣ мерасонанд.
33. Коэффитсиенти баланди бачазоӣ дар таваллудхонаҳо дар Тоҷикистон имконияти олиро барои боз ҳам истифодаи васеи усулҳои идоракунии якҷояи бемориҳои синнусоли кӯдакона ва муносибатҳои некбинона нисбати кӯдакони шуъбаҳои таваллуд фароҳам меоварад.
34. Таъмини шароити санитарию беҳдоштии тоза дар шуъбаҳои таваллуд, оғози синамаконии холис аз ҷониби модарон дар давоми соати аввали пас аз таваллуд ва истифодаи таҷрибаи нигоҳубини "тарзи кенгуру" дар давоми муҳлати дар шуъба қарордошта барои расонидани таъсири назаррас ҷиҳати паст кардани нишондиҳандаҳои фавти тотаваллудӣ ва ақибмонии қадкашӣ дар ҳафтаи аввали ҳаёт ниҳоят муҳим мебошанд. Модароне, ки аз муассисаҳои тиббӣ бо доштани таҷрибаи ғании синамаконии холис хориҷ мешаванд, бо эҳтимоли бештар ин таҷрибаро ҳамчун меъёр идома медиҳанд.
35. Дар давраи ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак нигоҳубини ғамхоронаи "тарзи кенгуру" ва "тамоси бадан" дарҳол пас аз таваллуд, синамаконӣ дар давоми соати аввал, табобати бемориҳои асосӣ ва шустани дастон бо собун муҳим аст.
36. Дар давраи ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак монеаҳо ва имконоте ҷой доранд, ки ба модару кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд ва ин монеаҳо ва имкониятҳо бояд бартараф карда шаванд. Аз ҷумла:
- кормандони тиббӣ протоколҳои нигоҳубини саломатии кӯдакро бояд риоя кунанд;
- 22 фоизи модарон дар ҳафтаи аввали пас аз таваллуд ҳангоми синамаконӣ бояд дастгирӣ ёбанд;
- бисёр сабабҳои фавти навзодон ба сифати пасти нигоҳубини тахассусӣ ҳангоми таваллуд алоқаманданд. Бинобар ин, одитарин шароит, аз қабили дармонҳои асосӣ, дорувории тиббӣ, таҷҳизот, ваксинаҳо, об ва шароити санитарию беҳдоштӣ бояд мавҷуд бошад;
- шароити бади санитарию беҳдоштӣ ва таҷриба дар муассисаҳои тиббӣ бо фавти навзодон ва беморшавии онҳо алоқаманд мебошад. Бинобар ин, дастҳоро бо собун шӯстан лозим аст ва обу собун ҳама вақт бояд дастрас бошад.
37. Дар давраи ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдак омилҳои муҳими таъсирасон мавҷуд аст, ки ба қобилияти хулосабарории модарон ва инчунин меъёрҳои мусоиди иҷтимоӣ таъсир мерасонанд. Омилҳои муҳими таъсирасон инҳоянд:
- шахси асосии амалкунанда: модар бояд истифодаи фаврии амалияи нигоҳубини "тарзи кенгуру"-ро истифода намояд, синамакониро дар давоми соати аввал ва минбаъд мувофиқи талаботи кӯдак таъмин кунад, тавсияҳо оид ба синамаконии холис то 6 моҳ ва донистани ҷои муроҷиат барои дастгириро дарк намояд;
- шахсони ёрирасон: модаршӯй ва падар бояд барои дастгирӣ ва маслиҳатдиҳӣ оид ба масъалаҳои синамаконӣ бо диққат гӯш андозанд, аҳамияти синамаконии холисро дарк намоянд, малакаҳои дастгирии синамаконии холисро рушд диҳанд. Падарон низ таҷрибаи нигоҳубини "тарзи кенгуру" ва "тамоси бадан"-ро истифода кунанд;
- шахсони ёрирасон: корманди тиббӣ ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ бояд дастҳояшро бо собун ва об дар лаҳзаҳои муҳим шӯяд, нигоҳубини "тамоси бадан"-ро тавассути гузоштани навзод ба қафаси синаи модар ба муддати як соат дастгирӣ намояд, чи тавр бартараф кардани мушкилоти маъмулиро маслиҳат диҳад, ҳадди ақал як маротиба дар ҳудуди 48 соат баъд аз рухсатии беморхона ба хона ташриф оварад, ба якҷо будани модарон ва тифлони онҳо имкон фароҳам оварад, таҷрибаи якҷо будани модару кӯдакро дар як ҳуҷра тайи як шабонарӯз истифода намояд ва аз истифодаи усулҳои идоракунии якҷояи бемориҳои синни кӯдакона огоҳӣ пайдо кунад.
§4. Чил рӯзи аввали ҳаёти кӯдак (8-40 рӯз)
38. Ташрифи муассисаҳои тиббӣ барои нигоҳубини пас аз таваллудӣ воситаи муҳими беҳтарсозии натиҷаҳои ҳолати саломатӣ дар моҳи аввали ҳаёт ба ҳисоб рафта, вале бештари оилаҳо чунин ташрифҳоро ба ҷо намеоваранд, бинобар ин имконияти истифодабарии афзалиятҳоро бо мурури замон аз даст раҳо мекунанд. Муносибати анъанавӣ нисбати таҷрибаи мушоҳидаҳои пас аз таваллудӣ хеле заиф буда, аз имконияти оилаҳо барои ҷуброни хароҷоти воқеӣ ва пинҳонӣ, ки ба муроҷиатҳои ҳармоҳа алоқаманданд, вобастагӣ дорад. Вазифаи стратегии марҳилаи мазкур иборат аз пайдо намудани роҳҳои коҳишёбии масофаи байни хона ва муассисаи тиббӣ буда, ҳарчи фаъолтар барои расонидани кумак оид ба нигоҳубин дар заминаи ҷомеа такя карда, муҳиммияти фаҳмиши таҷрибаи рафтани пас аз таваллудиро мустаҳкам менамояд.
39. Шабакаи бақуввати дастгирӣ аз ҷониби ҷомеа ва хадамоти тандурустӣ ба модарон барои барқарор намудани қувва имконият дода, дониш, малака ва бовариро дар нақши нави худ ва вазифаҳои нав ба даст меоварад. Бо мурури замон, шабакаҳо ва гурӯҳҳои таъсисёфтаи дастгирии модарон дар ин давра метавонанд ҳамчун захираи пурарзиш барои расонидани кумак дар зинаҳои мухталифи рушди кӯдак хизмат кунанд.
40. Дар давраи чил рӯзи аввали ҳаёти кӯдак намунаҳои афзалиятноки рафторӣ ташрифи машварат вобаста ба нигоҳубини пас аз таваллудӣ, синамаконии холис, истироҳат ва изофаҳои микронутриентӣ ба шумор мераванд.
41. Дар давраи чил рӯзи аввали ҳаёти кӯдак монеаҳо ва имконоте ҷой доранд, ки метавонанд ба модару кӯдак таъсири манфӣ расонанд. Чунин монеаҳо ва имконот мавҷуданд:
- робитаҳои қавӣ дар байни аҳолӣ нишонаи идома додани чорабиниҳо оид ба кор бо модарон пас аз таваллуди кӯдак дар бисёр самтҳо мебошад. Ин кор на ҳама вақт манфиатнок аст;
- сатҳи синамаконии холис пас аз моҳи аввал тақрибан 30 фоиз паст шудааст. Таҷрибаҳои анъанавии нигоҳубин нисбати навзод дар муддати 40 рӯз метавонанд синамаконии холисро халалдор намоянд;
- чилла барои модар имконияти истироҳат кардан, ғизои сифатнок, наздикшавӣ ба кӯдак ва аз худ кардани малакаҳои синамаконии холисро фароҳам меоварад.
42. Дар давраи чил рӯзи аввали ҳаёти кӯдак омилҳои муҳими таъсиррасонӣ мавҷуд аст, ки ба қобилияти хулосабарории модарон, инчунин меъёрҳои мусоиди иҷтимоӣ таъсир мерасонанд. Чунин омилҳои муҳими таъсирасонӣ мавҷуданд:
- шахси асосии амалкунанда: модар бояд синамаконии холисро ба кор барад, истеъмоли изофаҳои микронутриентҳоро идома диҳад, ҳангоми хоби кӯдак истироҳат кунад, 3 маротиба ба муассисаи пас аз таваллудӣ муроҷиат намояд, дар кори шабакаи мушовирон/мураббиёни баробарҳуқуқ ва фаъолони маҳаллӣ барои дастгирии синамаконӣ иштирок намояд;
- шахсони ёрирасон: модаршӯй ва падар бояд дастгирӣ ва маслиҳатдиҳиро нисбати синамаконӣ эҳсос карда, дарк намоянд, ки синамаконии холис маънои хӯрондани беоб ё дигар моеъ дар муддати 6 моҳ мебошад, аз модарон барои истироҳат ва истеъмоли изофаҳои микронутриентҳо дастгирӣ ба амал оварда шавад, барои мусоидати модарон дар синамаконии холис нақши ёрирасонро бозидан лозим аст;
- шахсони ёрирасон: корманди тиббӣ нигоҳубини минбаъдаи пас аз таваллудиро дар хона бояд дар доираи 48 соат, ҳафтаи аввал ва дар байни ҳафтаҳои 4 ва 6 анҷом диҳад, машварати аввалия ва дастгириро оид ба масъалаҳои синамаконӣ пешниҳод менамояд, ба гурӯҳҳои маҳаллии дастгирии синамаконӣ мусоидат мекунад, тадриҷан уҳдадориҳоро оид ба нигоҳубини пас аз таваллудӣ ба корманди тиббии маҳаллӣ вогузор месозад;
- шахсони ёрирасон: модарони дигар бояд ба сифати мураббиёни баробарҳуқуқ оид ба синамаконии холис иштирок намоянд, аз болои гурӯҳҳои маҳаллӣ оид ба нигоҳубини пас аз таваллудӣ ба сифати ихтиёриёни музднок назорат ва роҳбарӣ намоянд.
§5. Шаш моҳи аввали ҳаёти кӯдак (1-6 моҳ)
43. Модар дар қатори дигар уҳдадориҳои сершумор, бояд аз кӯдаки навзод ғамхорӣ ба амал оварад. Дар сурати афзоиши сарбории корӣ ва ҳудуди изофии таъсирот, ба модарон дар ин давра дастгирии изофӣ барои нигоҳ доштани рафтори мусбат, ки дар моҳи аввали ҳаёти кӯдаки навзоди худ ба вуҷуд омадааст, лозим мебошад.
44. То ин вақт муроҷиатҳои муассисаҳои тиббӣ барои муоинаи пас аз таваллудӣ расман анҷом ёфтаанд, вале муоинаҳо оид ба инкишоф ва эмгузаронӣ ё ташрифи муассисаҳои тиббӣ барои таҳким ва ҳифзи саломатӣ идома доранд. Яъне дар давоми моҳҳои минбаъда барои модарон сабаби ташрифоварӣ ба муассисаҳои тиббӣ ҳанӯз боқӣ мондааст. Аммо хароҷоти нақлиётӣ, муваққатан набудани кор, нигоҳубини кӯдакон ва хароҷоти дигар, ки ба ташрифоварии муассисаҳои тиббӣ вобастааст, метавонанд аз арзиши иштироки бардавом бештар бошанд. Дар натиҷа, бисёр оилаҳо робитаи мутақобилаи худ бо низоми тандурустиро фақат ҳангоми ҷой доштани ягон мушкилӣ ё пешниҳод шудани машварати тиббӣ дар хона истифода мебаранд.
45. Пайдо намудани роҳҳои эҷодкоронаи риояи истифодаи меъёрҳои эмгузаронӣ ва баркашидани вазни кӯдакон, инчунин мусоидат барои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, метавонад мувофиқан илмро бо анъана, ки вазифаи асосии ин лаҳза ба ҳисоб меравад, якҷоя намояд. Васеъшавии доираи таъсир, ки модар берун аз хона эҳсос менамояд, ба шумули муассисаҳои тиббӣ ва ҷомеа, метавонад имкониятҳои нав ва фазо барои тағйири рафторро ба амал оварад.
46. Дар давраи шаш моҳи аввали ҳаёти кӯдак (1-6 моҳ) намунаҳои афзалиятноки рафтор нигоҳубини ғамхорона, синамаконии холис ва эмгузаронӣ ба ҳисоб мераванд.
47. Дар давраи шаш моҳи аввали ҳаёти кӯдак (1-6 моҳ) монеаҳо ва имконоте ҷой доранд, ки метавонанд ба модару кӯдак таъсири манфӣ расонанд. Чунин монеаҳо ва имконот инҳоянд:
- новобаста аз он ки синамаконӣ ҷузъи муҳими барқарор намудани наздикшавӣ бо навзод ба шумор меравад, манфиатҳои васеътари синамаконӣ аз рӯи талабот ва робитаи эҳсосӣ дуруст дарк карда намешаванд;
- синамаконӣ меъёри иҷтимоии устувор мебошад, аммо фаҳмиши нопурраи "синамаконии холис" ба самаранокии синамаконӣ зарар мерасонад;
- муҳиммияти муоинаҳои минбаъдаи пас аз таваллудӣ ба модарон бо мурури калоншавии кӯдакон нокифоя фаҳмо боқӣ мемонад. Бозгашт ба кор ё вазифаҳои дигар, хароҷот барои ташрифовариҳои моҳона ба муассисаҳои тиббӣ барои онҳо аз ҳад зиёд баланд ба назар менамоянд. Модарон барои баркашидани вазни кӯдакони худ мароқи зиёд надоранд, дар ҳоле ки ин яке аз сабабҳои паҳншудаи робита бо корманди тиббӣ мебошад, агар кӯдак бемор набошад;
- дар мавриди оғози эмгузаронӣ меъёрҳои қатъӣ вуҷуд доранд, вале бо калон шудани навзодон, эҳтимоли бозгаштани онҳо барои ташрифҳои беҳдоштӣ паст шудан мегирад. Ҳатто агар онҳо биёянд ҳам, бо мушкилоти набудани захираи ваксинаҳо дучор мегарданд.
48. Дар давраи чил рӯзи аввали ҳаёти кӯдак омилҳои муҳими таъсирасониҳо мавҷуд аст, ки ба қобилияти хулосабарории модарон, инчунин меъёрҳои мусоиди иҷтимоӣ таъсир мерасонанд. Омилҳои муҳими таъсирасониҳо инҳоянд:
- шахси асосии амалкунанда: модар бояд додани синамаконии холисро идома диҳад, синамаконӣ аз рӯи талаб сурат гирифта, тамоси визуалӣ ҳангоми синамакониро риоя намояд, то ҳафтаи шашум ташрифоварии сеюми муассисаи нигоҳубини пас аз таваллудиро анҷом диҳад, ҳар моҳ бо мақсади муҳофизат ва таҳкими саломатӣ ба муассисаҳои тиббӣ ё гурӯҳҳои маҳаллии дастгирӣ ташриф оварад, тамоми эмгузарониҳои кӯдаконро мувофиқи синни онҳо анҷом диҳад;
- шахсони ёрирасон: модарашӯй ва падар ҷиҳати фароҳам овардани имконияти синамаконӣ барои модарон, як қисми уҳдадориҳои хонаро ба зиммаи худ мегиранд, дар гурӯҳҳои маҳаллии дастгирӣ иштирок менамоянд;
- шахсони ёрирасон: корманди тиббӣ бояд қайди назоратиро оид ба ҳар як ташрифи пас аз таваллудӣ бо истифодаи ҷадвали эмгузаронӣ ба сифати аломати асосӣ риоя намояд, барои синамаконии холис дастгирии махсус пешниҳод намояд, дастовардҳои ташрифҳои тотаваллудиро ба муассисаҳои тиббӣ эътироф ва қадрдонӣ намояд, инчунин рақамҳои воқеиро барои арзёбӣ, хулосабарории пешрафт ва қабули қарорҳо истифода намояд;
- шахсони ёрирасон: пешвоёни ҷомеаҳо бояд дастгирии худро тавассути паёмҳои ғамхорона дар чорабиниҳои динӣ ва ғайра изҳор намуда, дар маҳалҳои аҳолинишин бинову ҷой ва захираҳои дигар барои дастгирӣ ва ҳамкории модарон пешниҳод намоянд.
§6. Бисту чор моҳи аввали ҳаёти кӯдак (6-24 моҳ)
49. Бисту чор моҳи аввали ҳаёти кӯдак (6-24 моҳ) ин давраи гузаронидани кӯдак ба хӯроки сахт бо идома додани синамаконӣ мебошад. Ин давраест, ки дар он сатҳи қадпастӣ дар Тоҷикистон баландтарин аст ва вақте мебошад, ки оилаҳо бояд дар бораи сатҳи ақибмонии инкишоф, ғизоҳои беҳтарин ва тарзи омода намудани онҳо маълумоти хуб дошта бошанд.
50. Дастгирие, ки тавассути ташрифҳои профилактикии гурӯҳӣ барқарор шудааст, метавонад омодагии модаронро ба сари вақт ворид кардани ғизои иловагӣ тақвият бахшад. Модаршӯй ва дигар модарон, ки амалияи матлубро ҷонибдорӣ ва тарҳрезӣ менамоянд, метавонанд дар ин марҳила ҳамчун таъсиркунандаи бонуфуз саҳмгузор бошанд.
51. Ин лаҳза ба вохӯриҳои муштарак ҳангоми хӯрокхӯрии нисфирӯзӣ ё шом нигаронида шудаанд. Тавсия дода мешавад, ки модарон ва модаршӯён ба лаҳзаҳои истеъмоли хӯроки муштарак аз нуқтаи назари таълимӣ назар намоянд. Истеъмоли муштараки ғизо аъзои ҷомеа ва оилаҳоро ба пухтупаз ва хӯрокхӯрии якҷо водор намуда, дар ин раванд малакаҳои нави омодасозӣ, ғизодиҳӣ ва посух ба ниёзҳои ғизоӣ ва инкишофи тағйирёбандаи кӯдаконро ба даст меоваранд.
52. Дар давраи бисту чор моҳи аввали ҳаёти кӯдак (6-24 моҳ) омилҳои афзалиятноки рафторҳоро ташрифҳо ба марказҳои саломатӣ, ғизодиҳии иловагӣ мувофиқ аз синни шашмоҳагӣ, нигоҳубини ғамхорона, синамаконии бардавом, эмгузаронӣ, изофаҳои микронутриентӣ барои кӯдакон, об, санитария ва беҳдоштӣ ва пешбурди бемориҳои асосӣ ташкил медиҳад.
53. Дар давраи бисту чор моҳи аввали ҳаёти кӯдак (6-24 моҳ) монеаҳо ва имконоте ҷой доранд, ки метавонанд ба модару кӯдак таъсири манфӣ расонанд. Монеаҳо ва имконот инҳоянд:
- муҳиммияти ташрифҳои доимии марказҳои саломатӣ барои модарон нокифоя фаҳмо аст. Бо мурури калоншавии кӯдак ва бозгашти модар ба кор ва вазифаҳои дигар, ӯ ҳарчи камтар барои муоинаҳои пешгирикунанда, ба шарте ки агар кӯдак бемор нашавад, муроҷиат менамояд;
- аксар оилаҳо ба муҳайё намудани беҳтарин ғизои имконпазир барои кӯдакони худ ҳавасманданд. Аҳолии маҳаллӣ робитаи байни ғизо ва ақибмонии қадкашӣ/рушди солимро дарк наменамояд. Оилаҳо дониши иҷтимоӣ, малакаҳо ва дастрасӣ ба ғизоҳои мувофиқ ва тарзи омодасозии онҳоро надоранд. Дастрасӣ, хароҷот ва набудани бехатарии озуқаворӣ монеаҳои сохторӣ барои таъмини ғизои аввали муқаррарӣ мебошанд;
- ғизо барои кӯдакон гоҳ-гоҳ алоҳида омода карда мешавад, вале кӯдакон аксар вақт аз калонсолон алоҳида хӯрок мехӯранд;
- сарбории гарони ташвишҳои хонагӣ ва уҳдадориҳо нисбати нигоҳубини кӯдакон диққати модаронро аз имконияти ширмаконӣ, новобаста ба дастгирии фаъоли ширмаконии холис, маҳдуд месозад. Нарасидани шир аксар вақт ҳамчун сабаби асосии қатъи синамаконӣ ном бурда мешавад;
- дар марҳилаи аввал нисбати эмгузаронӣ меъёрҳои қатъии кофӣ вуҷуд доранд, вале бо калон шудани навзодон, онҳо гоҳ-гоҳ ба муоинаҳои пас аз таваллудӣ оварда шуда, ҷадвал ба таври мунтазам риоя намегардад;
- изофаҳои микронутриентӣ ба кӯдакон аз ҳад барвақт пешниҳод карда шуда, истифода ва манфиатҳои онҳо дуруст фаҳмонида намешаванд;
- кормандони тиббӣ ба таври мунтазам шустани дастон ва дигар намунаҳои рафторҳои беҳдоштӣ ва санитариро таблиғ наменамоянд;
- танҳо нисфи кӯдакон аз дарунравӣ табобат ёфтаанд, вале аксар вақт нисбати кирмҳои рӯда (гелминтҳо) беэътиноӣ зоҳир мегардад, ки ҳардуи инҳо метавонанд ба ҷаббиши маводи ғизоӣ халал расонанд.
54. Дар давраи бисту чор моҳи аввали ҳаёти кӯдак (6-24 моҳ) омилҳои муҳими таъсиррасонӣ мавҷуд аст, ки ба қобилияти хулосабарории модарон, инчунин меъёрҳои иҷтимоии мусоид таъсир мерасонанд. Омилҳои муҳими таъсирасонӣ инҳоянд:
- шахсони асосии амалкунанда: модар бояд пас аз шаш моҳ барои кӯдаконаш ғизоҳои иловагии хушсифат, бо риояи реҷаву миқдори мутобиқ ҷорӣ намояд, дар гурӯҳҳои дастгирии модарон дар сатҳи ҷомеа иштирок намояд, вақти хӯрокхӯриро барои кӯдакон мароқовар ва шавқовар созад, синамакониро то ду солагӣ идома диҳад, дар сари вақт дастонро бо собун дар 4 лаҳза (пас аз хоҷатхона; қабл, ҳангом ва баъд аз хӯроктайёркунӣ; пеш аз хӯрокхӯрӣ; пас аз тоза кардани кӯдаки ҳоҷатхонарафта), ки беҳдоштии дастон талаб менамояд, шӯяд, тарзҳои пешгирӣ ва табобати бемориҳои муқаррарии синни кӯдакиро дарк кунад, ба кӯдакон истеъмоли изофаҳои микронутриентҳо (аз ҷумла руҳ)-ро тибқи тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ таъмин намояд ва тамоми эмгузарониҳоро барои синну соли худ гирад;
- шахсони ёрирасон: корманди тиббӣ бояд ба модарони бори аввал таваллудкарда (модарони навзой) ва дигар модарон, аз қабили гурӯҳои осебпазир (масалан, расонидани кумаки иҷтимоӣ дар фасли зимистон) таваҷҷӯҳи хоса диҳад, муоинаҳои пас аз таваллудӣ бо гурӯҳҳои дастгирии ҳамдигарӣ ва ниёзҳои модарон тавассути ҷадвали эмгузаронӣ ҳамчун нишонаи асосӣ, мувофиқа карда шавад, ҳавасмандкуниҳо (на он қадар калон) ҳамчун нишонаи эътирофи комёбиҳои модарон (масалан, нақшаи ченкунию қадкашӣ дар хона, собун, маводи маълумотии сода, тамғакоғази часпонандаю худчаспак) пешниҳод карда шавад, иттилоот дар реҷаи вақти воқеӣ барои назорати пешрафт ва қабули қарорҳо истифода гардад, истифодаи паёмакҳои матнӣ ва дигар низомҳои ёдрасон барои ташрифҳои рӯзмарраи пас аз таваллудро роҳандозӣ намояд, додани саволҳо барои фаҳмидани нуқтаи назари модарон, мутобиқшавӣ ва посухи мувофиқ барои барангехтани эътимодро тавассути амали мутақобила ташкил намояд, тавсия додани ғизоҳои сафедадор, аз қабили тухм ва роҳ надодан ба истеъмоли ғизоҳои ширин (чой, кулчақанд, конфетҳо), ба алоқамандии байни ғизо ва ақибмонии қадкашӣ таваҷҷӯҳ дода шавад;
- шахсони ёрирасон: пешвоёни ҷомеаҳо бояд барои таъсиси гурӯҳҳои дастгирии мутақобилаи сатҳи ҷомеа тавассути бартарафсозии монеаҳо ва ҳимоя аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ мусоидат намоянд, ҳамоҳангсозии имкониятҳои хадамотҳои тандурустӣ, бахшҳои дигар, роҳбарони маҳаллӣ ва оммаи васеи ҷомеа нисбат ба қаноатсозии эҳтиёҷот ва интизориҳои модарон (масалан, бастаҳои кумакрасонии махсуси зимистона, кумак барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ), тавассути канали алоқаи мутақобила иттилоот бо реҷаи вақти воқеӣ ба модарон ва ҷамъиятҳо ҷиҳати мушоҳидаи комёбиҳо, хулосабарориҳо ва шӯстани мунтазами дастҳо бо собуну об расонида шавад.
4. ГУРӯҲҲОИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ
55. Айни ҳол Тоҷикистон таҳияи харитаи осебпазирӣ ва муқовиматро анҷом додааст. Ин механизми миллӣ барои ошкор сохтани миқёси нобаробарӣ ва номутаносибӣ дар сатҳҳои пасттарин роҳнамои пурарзиш дар раванди амалисозии Барнома мебошад, зеро он ба тасдиқ ва муайянсозии афзалияти гурӯҳҳои аҳолии беш аз ҳама осебпазир ва маҳрум аз хизматрасониҳо барои амалисозии мутобиқшуда дар сатҳи маҳаллӣ мусоидат менамояд. Оилаҳои камбизоат камшуморанд, вале онҳо захираҳои бештарро барои таъсиргузорӣ ба таҳаввулоти баамаломада талаб мекунанд.
56. Бо истифодаи иттилооти дастрас муносибати дусатҳа ба тарҳрезӣ ва амалисозии тадбирҳоро тавсия медиҳад:
- муайян намудани афзалиятнокии маҷмӯи тадбирҳои ҳадафманд барои кӯдакони беш аз ҳама осебпазир аз хатарҳо дар ҳазор рӯзи аввали ҳаёти худ;
- эътирофи муҳиммияти чорабиниҳое, ки тамоми мураббиён ва кӯдаконро бо маҷмӯи заминавии дастгирӣ фаро мегиранд.
57. Гурӯҳҳои осебпазир, ки Барномаи мазкур таваҷҷуҳ доданро ба онҳо тавсия медиҳад, метавонанд ба ҳамдигар бархӯранд ва воситаҳои ҳалли мушкилоти онҳо бояд берун аз доираи соҳаи тандурустӣ, бахусус дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, об, санитария ва беҳдоштӣ, низоми озуқаворӣ, нақлиёт, маориф ва ғайра васеъ карда шаванд (ҷадвали гурӯҳҳои осебпазир замима мегардад).
5. АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
58. Дар ҳоле ки Барномаи мазкур мақсад ва муносибатҳои асосиро ҷиҳати паст кардани миқёси ақибмонии қадкашӣ аз нуқтаи назари рафтор муайян мекунад, нақшаи амалисозӣ муҳлатҳои ҳар як фаъолият, инчунин истифодаи усулҳои мушаххаси бо мурури замон татбиқшавандаро ифода менамояд.
59. Марҳилаҳои беҳтарсозии таҷрибаи хизматрасонӣ дар ҷои истиқомат, ташаккул додани огоҳӣ оид ба ақибмонии қадкашӣ, ба вуҷуд овардани талабот ба тағйироти технологӣ ва рафторӣ, бартараф кардани монеаҳои дастрасӣ, азхудкунӣ, нигоҳубин ва ҳавасмандгардонии 10 намунаҳои рафтор мавҷуд мебошад.
60. Марҳилаи беҳтар сохтани таҷрибаи хизматрасонӣ дар ҷои истиқомат якҷо бо марҳилаи 2, замина барои марҳилаҳои дигар ба шумор меравад. Беҳтар сохтани хизматрасониҳои тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ бо мақсади таъмини омодагии онҳо барои қабули муштариён ва фароҳам овардани таҷрибаи хуб барои онҳо, ҷузъи ҷудонашавандаи ба вуҷуд овардани эътимод ва талаботи устувор ба рафторҳои матлуб мебошад. Ин марҳила фаҳмиши корманди тибро оид ба 1000 рӯзи аввали ҳаёт, инчунин дар бораи малакаҳои техникӣ, ба мисли синамаконӣ ва дастгирии синамаконӣ, донистани хӯрокҳои серғизо ва нигоҳубини ғамхорона баланд мебардорад. Фароҳам овардани муҳити мусоид барои кормандони тиб ва беморон таҳлили фазои ҷисмонӣ дар дохили худи клиникаҳо ва имкони беҳтар сохтани онҳо барои эҷод намудани муҳити ҷисмонию иҷтимоии мусбӣ барои ҳар як шахси ба онҳо муроҷиатнамударо талаб мекунад. Барои марҳилаи беҳтарсозии таҷрибаи хизматрасонӣ дар ҷои истиқомат индикаторҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
- фоизи кормандони тиббӣ, ки қайди назоратиро оид ба нигоҳубини кӯдакони 0-2-сола дуруст истифода мебаранд;
- фоизи марказҳои саломатӣ, ки кормандони онҳо аз курсҳои тайёрӣ оид ба масъалаҳои ғизои навзодон ва кӯдакони хурдсол гузаштаанд;
- фоизи беморхонаҳои дорои муносибати некбинона нисбати навзодон;
- фоизи шуъбаҳои таваллудӣ бо таъмини оби ошомиданӣ, санитария ва беҳдоштӣ;
- фоизи марказҳои саломатӣ, ки кӯдакони беш аз ҳама осебпазирро аз ҷиҳати ақибмонии қадкашӣ ё норасоии ғизо бо пешниҳоди машварат оид ба масъалаҳои ғизои кӯдакони навзод ва хурдсол муайян намудаанд.
61. Марҳилаи ташаккул додани огоҳӣ оид ба ақибмонии қадкашӣ ба болоравии сатҳи огоҳӣ дар бораи қадпастӣ ва тарзҳои пешгирии он равона карда шудааст. Таваҷҷӯҳ ба баланд бардоштани сатҳи идроки хавф дар сатҳи инфиродӣ, инчунин ба ошкор сохтани дастовардҳои инфиродӣ ва дастаҷамъӣ, ки метавонанд тавассути бозпас гардонидани тамоюли ҷорӣ ба даст оянд, равона карда мешавад. Ин марҳила аллакай ба ҳавасмандкунии тағйироти рафтор оғоз мебахшад. Барои ин марҳила индикаторҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
- оғози маъракаи миллии иртиботии мултимедиявӣ барои баланд бардоштани огоҳӣ оид ба ақибмонии қадкашӣ ва пешгирии он;
- фоизи марказҳои саломатии мақсаднок, ки қадкашӣ ва инкишофи тамоми кӯдакони то 2-соларо пайгирӣ мекунанд;
- фоизи гурӯҳҳои фаъолон оид ба ташаббусҳои худ иттилоъ медиҳанд ва мунтазам робитаҳояшонро ҳангоми вохӯриҳо бо ҷомеа таҷдид менамоянд;
- ҳадди ақал як барномаи телевизионии машҳур намунаҳои нақшҳои мусбиро барои шахсони асосии амалкунанда (модарон, падарон, модаршӯён ва кормандони тиббӣ) намоиш медиҳад;
- фоизи модарони осебпазир, ки бастаҳои ғизои кӯдакона мегиранд.
62. Марҳилаи ба вуҷуд овардани талабот ба тағйироти технологӣ ва рафторӣ моҳияти барномаи иҷтимоӣ ва рафторӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид ҳодисаҳо мушаххас мешаванд. Дар ин марҳила ҳамчун унсури марказӣ бояд таваҷҷӯҳи хоса ба ҳалли мушкилоти ақибмонии қадкашӣ тавассути 10 намунаҳои пешгирии рафтор равона карда шавад, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ қабулшаванда (меъёрҳои иҷтимоӣ) ва ҳам дастрас (қобилияти хулосабарории модар) ба ҳисоб меравад. Индикаторҳои зерин барои ин марҳила пешбинӣ шудаанд:
- фоизи занони бори аввал таваллудкарда, осебпазир ва дигар заноне, ки ҳамроҳи шавҳар ба машварати занона ҳамеша ё гоҳ-гоҳ ташриф меоваранд ё тамоман ташриф намеоваранд;
- фоизи дармонгоҳҳои афзалиятнок, ки дар бораи вақти қабули табиб ва ташаббусҳо ёддошт мефиристанд;
- фоизи занони бори аввал таваллудкарда, осебпазир ва дигар заноне, ки дар давоми 48 соат пас аз ҷавоб шудан аз муассисаи тиббӣ нигоҳубини пас аз таваллудӣ гирифтаанд;
- фоизи марказҳои саломатии афзалиятнок, ки ҳар моҳ ақаллан ду маротиба дарсҳо оид ба дастгирии синамаконӣ ташкил ва баргузор менамоянд.
63. Марҳилаи бартарафсозии монеаҳои дастрасӣ ва азхудкунӣ оид ба таъмин кардани он, ки хизматрасониҳои тиббӣ ба ҳамаи модарон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ дастрас бошанд, бояд кори фаврӣ гузаронида шавад. Дар ин марҳила андешаронӣ ва таваҷҷӯҳи хоса ба монеаҳои мавҷуда имконпазир мегардад, новобаста аз он ки онҳо иттилоотӣ, воқеӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ё монеаҳои дигар бошанд. Барои ин марҳила индикаторҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
- фоизи шуъбаҳои таваллудӣ, ки дар корашон аз рӯи натиҷаҳои муоинаи нуқтаҳои расонидани кумаки тиббӣ дар ҷои истиқомат дар вақти воқеӣ амал мекунанд;
- фоизи хонаводаҳои дурдаст, ки роҳҳои алтернативии дастрасӣ ба эмгузаронӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббиро, хусусан дар моҳҳои зимистон, истифода мебаранд;
- фоизи оилаҳои бағоят осебпазир, ки дар барномаи кумакҳои иҷтимоии унвонӣ ё дигар низомҳои кумаки иҷтимоии махсус ба қайд гирифта шудаанд;
- фоизи занони бори аввал таваллудкарда, осебпазир ва дигар заноне, ки дар хона дорои ҷойҳои махсуси ҷудогардида барои ширмаконӣ мебошанд.
64. Марҳилаи нигоҳубин ва ҳавасмандгардонии 10 намунаи рафтор ба шарте комёб мешавад, ки агар вобаста ба онҳо нисбати ақибмонии қадкашӣ натиҷаҳои мусбат ба даст омадааст, пас имконияти тавсеа додани Барнома барои ҳамаи сохтори хизматрасонӣ (нигоҳубин), аз ҷумла тандурустӣ, нигоҳубини ғамхорона/дилсӯзона ва омӯзиши барвақтӣ пайдо мегардад. Шояд минтақаҳое ҳастанд, ки дар онҳо барои амалисозии 10 намунаи афзалиятноки рафтор саъю кӯшиши бештар талаб карда шавад, дар ҳоле ки дар дигар минтақаҳо муколама ва сармоягузорӣ метавонад бештар ба унсурҳои дигари барои 1000 рӯзи аввали ҳаёт муҳим гузарад. Индикаторҳои марҳилаи нигоҳубин ва ҳавасмандгардонии 10 намунаи рафтор, муайян кардани марҳилаҳо ва ҳадафҳои асосӣ дар заминаи қисмҳои таркибӣ дар доираи нигоҳубини ғамхорона ба ҳисоб мераванд.
65. Ин марҳилаҳо муҳлати панҷсолаи амалисозии Барномаро дар бар мегиранд. Вақти амалкунандаи ҳар як марҳила аз ҳаҷму муҳтавои амалисозӣ (масалан, миллӣ - унвонӣ) ва вазъи ибтидоӣ дар маҳалҳо вобаста аст. Ҳамчунин марҳилаҳо метавонанд ба блокҳо тақсим шаванд. Яъне вақте ки марҳилаҳои якум ва дуюм якҷо бо пайдарҳамии зич амалӣ мегарданд, минбаъд марҳилаҳои сеюм ва чорум бо пайдарҳамии зич ҳаракат мекунанд. Марҳилаи панҷум шояд иттилооти дақиқро, ки тибқи нақшаи мониторинг ва арзёбӣ барои ба кор андохтани он муайян карда шудааст, тақозо намояд. Ҳар як марҳила, ки оғоз мегардад, эҳтимолан дар давоми тамоми муҳлати амали Барнома идома меёбад.
 
Замима 
Ба Барномаи миллии коммуникатсионии 
1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024
 
 
Ҷадвали гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ 
Ҷадвал*
 
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 27 майи соли 2020, № 292
 
Нақшаи амалисозии Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024
Нақша