ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024
 
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва нақшаи амалисозии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳамоҳангсози иҷрои Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 муайян карда шавад;
- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва бо ҷалби шарикони рушд ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 20 декабр оид ба амалисозии барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот манзур намояд.
 
Раиси 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон
 
 
аз 27 майи соли 2020 № 292  
ш. Душанбе
 
 
                         
                        
Правительство Республики Таджикистан 
ПОСТАНОВЛЕНИЕ 
О Национальной коммуникационной программе первых 1000 дней жизни 
ребёнка в Республике Таджикистан на 2020-2024 годы
В соответствии со статьей 16 конституционного 
Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" 
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Национальную коммуникационную программу первых 1000 дней жизни 
ребёнка в Республике Таджикистан на 2020-2024 годы и план её реализации 
(приложения 1 и 2).
2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики 
Таджикистан: 
- определить координатором реализации Национальной коммуникационной программы 
первых 1000 дней жизни ребёнка в Республике Таджикистан на 2020-2024 годы;
- вместе с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые 
меры для реализации настоящей программы в рамках предусмотренных бюджетных 
средств, а также за счёт других источников финансирования, не запрещённых 
законодательством Республики Таджикистан и с привлечением партнеров по 
развитию.
3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики 
Таджикистан представлять ежегодно до 20 декабря в Правительство Республики 
Таджикистан отчет о результатах реализации настоящей программы. 
Председателе 
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
 
г. Душанбе, 
от 27 мая 2020 года, №292