Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 августи соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифташудааст,
рақами бақайдгирӣ 985
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 августи соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифташудааст,
рақами бақайдгирӣ 985
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатӣ берун аз бинои ташкилоти бақайдгирии давлатӣ
200.010.000
(қарори раиси Кумита аз 11.12.2025
№ 84)
Дар асоси сархати панҷуми моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он"
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Тартиби анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатӣ берун аз бинои ташкилоти бақайдгирии давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи директори Корхонаи воҳиди давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" гузошта шавад.
...