Қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 2025 №84 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019, №80"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

15-уми декабри соли 2025-ум, №985.1 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

15-уми декабри соли 2025-ум, №985.1 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қ А Р О Р

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019, №80
020.090.000.


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба Тартиби анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатӣ берун аз бинои ташкилоти бақайдгирии давлатӣ, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019, №80 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 августи соли 2019, №985 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйирот ворид карда шаванд (замима мегардад).

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.

3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» гузошта шавад.


...