Низомномаи Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1999, № 31

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001с.№ 189 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 феврали соли 1999 № 31

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 феврали соли 1999 № 31

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон) мақоми давлатии идоракунии татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи муносибатҳои замин ва гузаронидани ислоҳоти замин мебошад.

2. Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ба зиммааш гузошташударо бевосита ва ба воситаи мақомоти маҳаллии худ ба амал мебарорад.

Мақомоти маҳаллии Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мақомоти идоракуни захираҳои замин ва дар ҷамоатҳо кумитаҳои замини деҳотро дар бар мегиранд.

Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистои, кумитаҳои замини вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳот, инчунин ташкилоту корхонаҳои тобеи Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ба ҳам тобеи ягона ва сохтори ба ҳамдигар алоқамандро ташкил медиҳанд.

3. Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ иҷрои санадҳои қонунгузорӣ дар бораи заминро ташкил намуда, таҷрибаи амалӣ гардидани онҳоро муқаррар мекунад, ба кори дар амал татбиқ шудани онҳо пайваста назорат карда, оид ба такмил додани санадҳои қонунгузорӣ дар бораи замин таклифҳо таҳия менамояд ва мувофиқи тартиби муқарраршуда онҳоро ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

4. Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар алоқамандӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳо, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ба амал мебарорад.

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ 19.04.2001г. №189

Утверждено

Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 февраля 1999 года № 31

Утверждено

Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 февраля 1999 года № 31

ПОЛОЖЕНИЕ О КОМИТЕТЕ ПО ЗЕМЕЛЬНЫМ РЕСУРСАМ И ЗЕМЛЕУСТРОЙСТВУ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Общие положения

1. Комитет по земельным ресурсам и землеустройству при Правительстве Республики Таджикистан (далее Комзем Республики Таджикистан) является органом государственного управления, осуществляющим реализацию государственной политики в области земельных отношений и проведения земельной реформы.

2. Комзем Республики Таджикистан осуществляет возложенные на него полномочия непосредственно и через свои местные земельные Комитеты.

Местные земельные Комитеты Комзема Республики Таджикистан включают в себя органы управления земельными ресурсами в областях, городах, районах и сельские земельные комитеты в джамоатах.

Комзем Республики Таджикистан, областные, городские, районные и сельские земельные Комитеты, а также подведомственные Комзему Республики Таджикистан организации и предприятия, образуют единую соподчиненную систему и взаимосвязанную структуру.

3. Комзем Республики Таджикистан в своей деятельности руководствуется Конституцией, законами Республики Таджикистан, нормативно-правовыми актами Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Оли Республики Таджикистан, а также настоящим Положением.

В рамках своих полномочий Комзем Республики Таджикистан организует исполнение, а также устанавливает практику применения законодательных актов о земле, осуществляет систематический контроль за их реализацией, разрабатывает предложения по совершенствованию законодательных актов о земле и в установленном порядке вносит их на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан.

4. Комзем Республики Таджикистан осуществляет свою деятельность во взаимодействии с органами исполнительной власти - областей, городов, районов, джамоатами, общественными объединениями, организациями и гражданами.

...