Қарори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2018 № 5 "Дар бораи тасдиқи шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашуда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 январи соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 916

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 январи соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 916

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

8 январи соли 2018 №5 ш.Душанбе

Дар бораи тасдиқи шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашуда

200.010.000

(қарори Кумита аз 12.06.2019 №76, аз 11.12.2025 № 89)



Дар асоси моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои ба он" ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашуда тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.

3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

...

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 январи соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 916

 

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

8 январи соли 2018 №5 ш.Душанбе

Дар бораи тасдиқи шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашуда

200.010.000

Дар асоси моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои ба он"

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашуда тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.

3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Аз эътибор соқит дониста шавад:

- қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2014, № 22 "Дар бораи тасдиқи шаклҳои Сертификат ва Шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз китоби бақайдгирӣ ,тартибот оид ба ҳифзи ҳуҷҷатҳои мазкур аз соҳтакорӣ ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, тащти рақами 753 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;

- қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2015, №15 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2014, №22 ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 2015, таҳти рақами "а" ба қайди давлатӣ гирифта шудааст; "

- қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2015, №58 "Дар бораи тартиб ва шаклҳои пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби баҳисобгирии иттилооти додашуда ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2015 таҳти рақами 792 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи муовини якуми раис гузошта шавад.

 

Раис                                Р.Аҳмадзода

 

Замима