Дар
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
15-уми
декабри соли 2025-ум, №9162
ба қайди давлатӣ
гирифта
шудааст
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2018, № 5
020.090.000.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ба Шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашуда, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2018, №5 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 январи соли 2018, №916 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйирот ворид карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» гузошта шавад.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии
...