ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муқаррар намудани лимити муваққатан ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои саноати ҳарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фиристодани хизматчиёни ҳарбӣ
(Фармони Президенти ҶТ аз 02.05.2026
№ 1173)
Мутобиқи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Лимити муваққатан ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои саноати ҳарбӣ фиристодани хизматчиёни ҳарбии вазорату идораҳое, ки дар онҳо бо қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Муваққатан ба созмонҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад, фиристодани хизматчиёни ҳарбӣ мутобиқи теъдоди муайяннамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бо ин созмонҳо басташуда муқаррар карда шавад.
3. Гузаронидани хизматчиёни ҳарбии фиристодашуда аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои саноати ҳарбӣ ба дигар ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо бе розигии роҳбари вазорат ё идорае, ки хизматчии ҳарбӣ аз он фиристода шудааст, манъ мебошад.
4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2004, № 1248 "Дар бораи муқаррар намудани лимити муваққатан ба ихтиёри мақомоти дигар фиристодани хизматчиёни ҳарбӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
10 августи соли 2017 № 914
ш.Душанбе
10 августи соли 2017 № 914
...

Замима
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 августи соли 2017, № 914
ЛИМИТИ МУВАҚҚАТАН БА ИХТИЁРИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА КОРХОНАҲОИ САНОАТИ ҲАРБӢ ФИРИСТОДАНИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОЕ, КИ ДАР ОНҲО БО ҚОНУН ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ПЕШБИНӢ ШУДААСТ
Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 2 нафар
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 8 нафар
Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои
дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 нафар
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва
мудофиаи граждании назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 2 нафар
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи
давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 2 нафар
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 нафар
Сарпрокуратураи ҳарбии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 4 нафар
Ба дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 5 нафар
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 3 нафар
Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои
дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 нафар
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи
граждании назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 нафар
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии
амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 2 нафар
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 нафар
Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 2 нафар
Ба Кумитаи саноати мудофиавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 6 нафар
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 2 нафар № 1173