ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
1.Ба банди 5 Сохтори мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Кумитаи саноати мудофиавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
2.Дар замима ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 2017, №914 «Дар бораи муқаррар намудани лимити муваққатан ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои саноати ҳарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фиристодани хизматчиёни ҳарбӣ» калимаҳои «Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Ба Кумитаи саноати мудофиавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуда, сархати шонздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - то 2 нафар».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 2 майи соли 2026 № 1173
...