Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 2017 № 914 "Дар бораи муқаррар намудани лимити муваққатан ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои саноати ҳарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фиристодани хизматчиёни ҳарбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муқаррар намудани лимити муваққатан ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои саноати ҳарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ фиристодани хизматчиёни ҳарбӣ

 (Фармони Президенти ҶТ аз 02.05.2026 № 1173)

Мутобиқи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Лимити муваққатан ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои саноати ҳарбӣ фиристодани хизматчиёни ҳарбии вазорату идораҳое, ки дар онҳо бо қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Муваққатан ба созмонҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад, фиристодани хизматчиёни ҳарбӣ мутобиқи теъдоди муайяннамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бо ин созмонҳо басташуда муқаррар карда шавад.

3. Гузаронидани хизматчиёни ҳарбии фиристодашуда аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои саноати ҳарбӣ ба дигар ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо бе розигии роҳбари вазорат ё идорае, ки хизматчии ҳарбӣ аз он фиристода шудааст, манъ мебошад.

4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2004, № 1248 "Дар бораи муқаррар намудани лимити муваққатан ба ихтиёри мақомоти дигар фиристодани хизматчиёни ҳарбӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

10 августи соли 2017 № 914

ш.Душанбе

10 августи соли 2017 № 914

 

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об установлении лимита на временное прикомандирование военнослужащих в распоряжение органов государственной власти, предприятиях военной промышленности и международных организаций

(в редакции Указа Президента РТ от 2.05.2026 №1173)

В соответствии со статьей 37 Закона Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

1. Утвердить Лимит на временное прикомандирование военнослужащих министерств и ведомств, в которых законом предусмотрена военная служба в распоряжение органов государственной власти и предприятиях военной промышленности (прилагается).

2. Временное прикомандирование военнослужащих к между народным организациям, членом которых является Республика Таджикистан, осуществляется в количестве, определенным международными правовыми актами, заключенными с этими организациями.

3. Перевод прикомандированных военнослужащих из органов государственной власти и предприятий военной промышленности в другие организации, учреждения и предприятия без согласия руководителя министерства или ведомства, от которого они прикомандированы, запрещается.

4. Признать утратившим силу указ Президента Республики Таджикистан от 17 января 2004 года, №1248 "Об установлении лимита на временное прикомандирование военнослужащих в распоряжение других органов".

Президент

Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 10 августа 2017 года, №914

г.Душанбе,

от 10 августа 2017 года, №914

Приложение

к указу Президента

Республики Таджикистан

от 10 августа 2017 года, №914

...