Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 ноябри соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 726 "б"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 ноябри соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 726 "б"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
12 июли соли 2016 № 94 ш.Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Дастурамали №200 "Дар бораи муайян кардан ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тағйирот ба Дастурамали №200 "Дар бораи муайян кардан ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик-бенефитсиар", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон а 20 декабри соли 2013, №305 тасдиқ шудааст ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014, №726 бақайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти мониторинги молиявӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусиятҳои таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Департаменти мониторинги молиявӣ, Шуьбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С. Вогузор карда шавад.
Раиси Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
Раиси Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
...