Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 октябри соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 828
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 октябри соли 2016 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 828
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
аз 27 сентябри соли 2016 № 50 ш. Душанбе
Дар бораи тасдиқ намудани Тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчии граждании ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии бақайдгирии давлатӣ
(қарори Кумита аз 11.12.2025
№87)
Дар асоси қисми 2 моддаи 267 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчии граждании ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии бақайдгирии давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони раис гузошта шавад.
...