Қарори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 2025 № 87 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2016, № 50"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

15-уми декабри соли 2025-ум, №828.1 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2016, № 50
020.090.000.


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Дар банди 8 ва тамоми матни Тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчии граждании ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии бақайдгирии давлатӣ, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2016, №50 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 октябри соли 2016, №828 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, калимаҳои «фармони» ва «фармон» мувофиқан ба калимаҳои «фармоиши» ва «фармоиш» иваз карда шаванд.

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.

3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» гузошта шавад.


Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии
...