Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016 № 527 "Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо"

Санаи амалкуни: 20.05.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 165, аз 20.05.2021 № 183

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 165, аз 20.05.2021 № 183

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад", бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ, коҳиш додани шиддатнокии иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, нигоҳ доштани эътимодноки ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- барориши коғазҳои қиматноки давлатии имтиёзноки дарозмуҳлатро ба маблағи то 3 320 000 000 (се миллиарду сесаду бист миллион) сомонӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо меъёри 2 (ду) фоизи солона ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо тибқи замимаи 1 амалӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 165);

- дороиҳои бонкҳоро тибқи замимаҳои 2 ва 5 ба арзиши коғазҳои қиматноки давлатии баровардашуда қабул намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 165);

- аз саҳмдорони бонкҳо дороиҳои иловагие, ки дар тавозуни онҳо инъикос нашудаанд, баробар ба фарқияти арзиши коғазҳои қиматноки давлатии баровардашуда ва дороиҳои ин бонкҳо талаб намояд;

- механизми муносибатҳои тарафайн доир ба истифодаи коғазҳои қиматноки давлатии имтиёзноки дарозмуҳлатро барои сармоякунонии бонкҳои дар замимаи 1 дарҷгардида дар асоси шартномаҳо муайян намояд;

- бо мақсади пешгирии фишорҳои қурбӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум, маблағҳои буҷети муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла маблағҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби бонкҳои дар замимаи 1 дарҷгардида баргардонида мешаванд, пурра ба суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, дар муҳлати як сол истифодабарии онҳоро махдуд намояд;

- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти заруриро вобаста ба иҷрои қарори мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ анҷом диҳад;

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсиси тибқи тартиби муқарраргардида чораҷӯӣ намояд.

2. Бонкҳои дар замимаи 1 дарҷгардида:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О выпуске в обращение ценных государственных бумаг Республики Таджикистан для капитализации банков

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.04.2017г. №165, от 20.05.2021г.№183)

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.04.2017г. №165, от 20.05.2021г.№183)

В соответствии со статьёй 5 Закона Республики Таджикистан "О государственном заимствовании и гарантированном государством долге" в целях обеспечения устойчивости банковской системы, снижения социальной напряженности, защиты нрав и интересов вкладчиков и кредиторов и сохранения доверия населения к банковской системе, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Министерству финансов:

- обеспечить выпуск льготных долгосрочных государственных ценных бумаг в сумме до 3 320 000 000 (три милиарда триста двадцать милионов) сомони сроком на 5 (пять) лет со ставкой в 2 (два) процента годовых для капитализации банков в соответствии с приложением 1 (в редакции постановления Правительства РТ от 01.04.2017г. №165);

- принять активы банков в соответствии с приложениями 2 и 5 к стоимости выпущенных ценных бумаг (в редакции постановления Правительства РТ от 01.04.2017г. №165);

- затребовать от акционеров банков дополнительные активы, не отраженные в их балансе, равные разнице между стоимостью выпущенных ценных бумаг и активов этих банков;

- на основании договоров определить механизм взаимоотношений сторон по использованию льготных долгосрочных государственных ценных бумаг для капитализации банков, указанных в приложении 1;

- во избежание валютных давлений и поддержания стабильного уровня инфляции, полностью перечислить бюджетные средства бюджетных учреждений, в том числе Агентства социального страхования и пенсии при Правительстве Республики Таджикистан, которые будут возвращены банками, указанными в приложения 1, на единый счет Главного управления центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан и ограничить их использование в течение одного года;

- совместно с Национальным банком Таджикистана в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан в течении до одного месяца осуществить необходимые операции, связанные с исполнением данного постановления;

- в установленном порядке принять меры по внесению соответствующих изменений и дополнении в нормативные правовые акты и учредительные документы.

2. Банкам, указанным в приложении 1:

...