Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2016, № 438
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2016, № 438
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
1. МУҚАДДИМА
1. Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Афзун намудани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилшавии онҳо аз истифода бурдани тухмиҳои хушсифат вобастагии калон дорад. Вазифаи асосии тухмипарварӣ таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат, нигоҳ доштани тозагии навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад. Ҳалли вазифаи мазкур қабули маҷмӯи тадбирҳоеро тақозо мекунад, ки ихтирои навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, сари вақт гузаронидани санҷиши расмӣ ва минтақабоб намудани навъҳои беҳтарин бо мақсади ҳифзи хусусиятҳои генетикии онҳо, истеҳсол, коркард, сертификатсиякунонӣ ва маркетинги тухмиро дар бар мегирад.
2. Тухмипарварӣ на танҳо барои таъмини бозори дохилӣ, балки барои содирот низ нигаронида шуда, имконият медиҳад, ки самаранокии соҳа ва даромаднокии истеҳсолот моҳиятан баланд бардошта шавад. Дар солҳои шӯравӣ селексия ва тухмипарварӣ ба пуррагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ таъмин мегардид, вале бинобар дар мамлакат ба амал омадани ислоҳоти иқтисодӣ маблағгузории ин соҳа якбора кам гардид.
3. Дар ҷумҳурӣ дар баробари тухмипарварии ҷамъиятӣ бахши хусусии тухмипарварӣ ба миён омад, ки дар зинаи ибтидоии тараққиёт қарор дорад. Хоҷагиҳои алоҳидаи тухмипарварӣ дар интродуксияи навъҳои нав, бахусус зироатҳои ғалладонагӣ ва сабзавот, афзункунӣ ва фурӯши тухмиҳо, чи дар дохили мамлакат ва чи берун аз он натиҷаҳои хуб ба даст меоранд.
4. Бори аввал Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009, № 297 тасдиқ гардида буд, ки барои пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
2. НАТИҶАҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2014
5. Дар доираи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 бо дастгирии Барномаи Оҷонсии ҳамкорим байналхалқии Шветсия (Sida) ва Бонки осиёгии рушд оид ба дастгирии соҳаи селексия, тухмипарварӣ ва карантини растаниҳо ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ корҳои назаррас иҷро гардидаанд.
6. Аз ҷумла бинои Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, озмоишгоҳи марказии ташхиси сифати тухмӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ ва озмоишгоҳҳо дар вилояти Суғду Хатлон таъмир карда шуда, бо таҷҳизоти лаборатории замонавӣ таъмин карда шуданд. Барои татбиқи барномаҳои селексионии Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, филиали ин Институт дар вилояти Суғд, Кооперативи истеҳсолии ба номи Л.Муродови шаҳри Ҳисор, хоҷагии "Чилгазӣ"-и шаҳри Исфара, стансияҳои давлатии навъсанҷии ноҳияҳои Қубодиён, Мӯъминобод ва шаҳрҳои Турсунзода ва Конибодом бо техника ва мошинолотҳои замонавӣ, аз ҷумла бо 9 адад трактори тамғаи МТЗ-1025, 9 адад ядаки тракторӣ, 12 адад тухмипошак, 11 адад ғаллакӯбак, 9 адад чархмола, 8 адад дорупошак, 8 адад нурипошак, 9 адад испори сетанагӣ, 9 адад ҷӯйборкаши байниқаторӣ, 2 адад таҷҳизот барои муайян намудани сифати нахи пахта ва таҷҳизоти дигар таъмин карда шуданд. Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон сехи коркарди тухмӣ ва луччаккунии пунбадонаи тухмӣ сохта, ба истифода дода шуд.
7. Бо мақсади ба низом даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла заминаи қонунгузории селексия ва тухмипарварӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамоҳанг карда шуд. Барои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи санҷиш ва ҳифзи навъҳо, фитосанитария ва карантини растаниҳо, ҳамчунин назорати сифат ва сертификатсиякунонии тухмӣ замина фароҳам оварда шуд. Аъзогӣ ва ҳамкорӣ бо чунин ташкилотҳои бонуфуз барои ворид гардидани ҷумҳурӣ ба Созмони Умумумиҷаҳонии Савдо (СУС) мусоидат памуд.
...