Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 августи соли 2016, № 375
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 августи соли 2016, № 375
тасдиқ шудааст
Регламенти техники "Бехатарии бозичаҳо"
1. Муқаррароти умумӣ
1. Регламенти техникии "Бехатарии бозичаҳо" (минбаъд - Регламенти техникӣ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" таҳия шуда, талаботи ҳатмиро ба бозичаҳо бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон ва шахсони нигаҳбоникунандаи онҳо, ҳамчунин огоҳ намудани амалҳое, ки истифодабарандагони (истеъмолкунандагони) бозичаҳоро нисбат ба таъйиноти бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист ба иштибоҳ мебаранд, муқаррар менамояд.
2. Доираи татбиқи Регламенти техникӣ
2. Регламенти техникӣ ба бозичаҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуда, қаблан мавриди истифода қарор надоштаанд, татбиқ карда мешавад.
3. Регламенти техникӣ ба маснуоти дар замимаи 1 Регламенти техникии мазкур нишондодашуда, ки ҳамчун бозича ҳисобида намешаванд, ҳамчунин ба бозичаҳое, ки бо фармоиши шахсӣ омода шудаанд ва намунаҳои намоишгоҳӣ татбиқ намегардад.
3. Мафҳумҳои асосӣ
4. Бо мақсади татбиқи Регламенти техникӣ мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- афрӯзиш (алангагирӣ) - пайдоиши аланга дар зери таъсири манбаи афрӯзиш, ки алангаи оташро ба вуҷуд меорад;
- оташгирӣ - қобилияти моддаҳо ва маводҳо ба оташгирӣ;
...