ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "28" майи соли 2015 № 104 ш. Душанбе
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Дастурамали №197 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Тағйирот ба Дастурамали №197 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2012 №194 тасдиқ шудааст ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2012 №137"д" ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳад, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 Қарори мазкур ба зиммаи Идораи ҳуқуқ ва Хадамоти матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромов С. гузошта шавад.
Раиси Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
Раиси Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
Замима
...