Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 августи соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 574 "в"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 августи соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 574 "в"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "25" июни соли 2015 №117 ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба "Қоидаҳои амалигардонии пардохтҳои электронӣ тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Тағйиру иловаҳо ба "Қоидаҳои амалигардонии пардохтҳои электронӣ тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2009, №345 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 №574 ба қайд гирифта шудаанд, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Директори Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ.М.) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Департаменти низоми пардохт (Машрабов Ҳ.М.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А.М.) вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ. гузошта шавад.
Раиси Раёсат Ҷ.Нурмаҳмадзода
...