Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020 аз 31 марти соли 2016 № 144

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2016, № 144

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2016, № 144

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020

1. МУҚАДДИМА

1. Барномаи тайёр намудани мутахассисони таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) бо мақсади тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии ҷавобгӯи талаботи бозори муосири меҳнат, амалигардонии афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳия гардида, ба истифодабарии самараноки маблағҳои пешбинигардида мусоидат менамояд.

2. Барномаи мазкур дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат", Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002, № 200, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 334 ва банди 34 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикргардида, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015, № 35 тасдиқ шудаанд, инчунин бо дарназардошти муқаррароти Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ таҳия шудааст.

3. Таъмини рушди устувори иқтисодиёт, истифодаи оқилонаи сарватҳои моддию маънавӣ, амалӣ гаштани мақсадҳои стратегии давлат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ ба сатҳу сифати нерӯи инсонӣ вобаста аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маблағгузории мақсаднок барои рушди нерӯи инсонӣ, аз ҷумла таҳсилот аз синни хурдсолӣ то давраи камолот ва таҳсилоти касбӣ, барои рушди иқтисодиёти кишварҳо самараи хуб медиҳад.

4. Рушди иқтисодиёти ба илму технологияи муосир ва маориф асосёфта омили асосии пешрафти иқтидодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.

5. Пешрафти ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъияту давлат, сифати зиндагии аҳолӣ, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва дар ин асос расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт аз сатҳи илму маориф, ташкили дурусти раванди таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва дар маҷмӯъ аз сатҳи саводнокии миллат вобаста мебошад.

6. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, сатҳи рушди устувори иқтисодиёти миллии кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд, ки натиҷаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар солҳои охир гувоҳи он мебошад.

7. Ба хотири расидан ба ин ҳадафҳо, илму маориф аз ҷониби давлат бахши ҳаётан муҳими иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ гардида, барои суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳа заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, мавриди амал қарор доранд.

8. Аммо ҷараёни сусти ислоҳоти ниҳодӣ ва истифодаи нокифояи захираҳои мавҷудаи маънавию молиявӣ ҳалли масъалаҳои навсозии соҳаи илму маориф, беҳтаргардонии дастовардҳои илму техника, комёб шудан ба дастрасии баробар ба таҳил, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва таъмин намудани соҳаҳаи мухталифи иқтисодиёти миллӣ бо мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯйро мушкил намуда истодааст. Ҳарчанд, ки хароҷоти давлатӣ барои рушди соҳаи илм ва маориф ҳамасола тамоюли афзоиш дошта бошад ҳам, дар муқоиса ба талаботи воқеии онҳо нокифоя мебошад.

...

Утверждена

постановлением Правительство

Республики Таджикистан

от 31 марта 2016 года, № 144

Утверждена

постановлением Правительство

Республики Таджикистан

от 31 марта 2016 года, № 144

Государственная программа подготовки специалистов с высшим профессиональным образованием на 2016-2020 годы

1. ВВЕДЕНИЕ

1. Государственная программа подготовки специалистов с высшим профессиональным образованием на 2016 - 2020 годы (далее - Программа) разработана в целях подготовки специалистов с высшим профессиональным образованием, отвечающим требованиям современного рынка труда, осуществления приоритетов социально-экономического развития страны и способствует эффективному использованию предусмотренных средств.

2. Настоящая Программа разработана на основе Конституции Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан "Об образовании" и "О подготовке специалистов с учётом потребностей рынка труда", Национальной концепции образования Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2002 года, №200, Национальной стратегии развития образования Республики Таджикистан до 2020 года, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2012 года, №334 и пункта 34 Плана мероприятий по выполнению задач, указанных в Послании Президента Республики- Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 23 января 2015 года, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 января 2015 года, №35, a также с учётом положений Программы подготовки медицинских кадров на 2010-2020 годы и других отраслевых и региональных программ.

3. Обеспечение устойчивого развития экономики, рациональное использование материально-моральных ресурсов, осуществление стратегических целей государства по повышению уровня жизни населения и представление национальных ценностей связано с уровнем и качеством человеческого потенциала. Мировой опыт показывает, что целенаправленное финансирование развития человеческого потенциала, в том числе образования с самого детства до совершеннолетия и профессионального образования дают хорошие результаты для развития экономики стран.

4. Развитие экономики, основанной на современной науке и технологии и образовании является основным фактором развития национальной экономики.

5. Развитие общества, обеспечение безопасности общества и государства, качество жизни населения, усваивание новых технологических возможностей и на этой основе достижение мирового уровня экономики зависит от уровня науки и образования, правильной организации процесса обучения и воспитания, подготовки кадров соответственно требованиям рынка труда и в целом от уровня образованности нации.

6. Республика Таджикистан, как часть мирового сообщества также уделяет особое внимание решению вопросов повышения благосостояния населения, уровня устойчивого развития национальной экономики страны, свидетельством чего является устойчивое социально-экономическое развитие республики в последние годы.

7. В целях достижения этих целей, наука и образование оценены государством как жизненно важные секторы национальной экономики и для ускорения реформы отрасли разработаны и реализуются нормативные правовые базы.

8. Однако, слабый процесс институциональных реформ и недостаточное использование существующих духовных и финансовых ресурсов затрудняют решение вопросов обновления отраслей науки и образования, улучшения научно-технических достижений, обеспечения равного доступа к образованию, повышения качества обучения и воспитания на всех этапах образования и обеспечения различных областей национальной экономики квалифицированными специалистами, отвечающими требованиям рынка труда. Хотя государственные расходы на  развитие сфер науки и образования ежегодно увеличиваются, они по сравнению с их реальными требованиями, являются недостаточными.

...