Бо қарори Шӯрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 декабри соли 1993 № 619
тасдиқ шудааст
Тартиби муайян намудани пардохт барои ифлос кардани муҳити зист, ҷойгиркунонии партовҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024
№ 671)
Тартиби мазкур масъалаҳои муайян намудани пардохтро барои ифлос кардани муҳити зист ва ҷойгиркунонии партовҳо танзим намуда, иҷрои талаботи он барои корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва шаҳрвандон (минбаъд табиатистифодабарандагон), ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намудҳои фаъолияти вобаста ба истифодаи табиатро анҷом медиҳанд, ҳатми мебошад. Ин тартиб пардохтситониро барои намудҳои зерини таъсири зараровар ба муҳити зист пешбинӣ мекунад:
ба ҳаво партофтани маводи ифлоскунанда аз манбаъҳои стационарию сайёр;
ба объектҳои рӯизаминию тагизаминии об партофтани маводи ифлоскунанда;
ҷойгиркунонии партовҳо.
2. Меъёрҳои заминавии пардохт барои партофтани маводи ифлоскунанда, ҷойгиркунонии партовҳо дар доираи лимитҳо (меъёрҳои муваққатан мувофиқатшуда)-е, ки вобаста ба ингридиенти (таркиби) ҳар як маводи ифлоскунанда (партовҳо) муайян гардидаанд, бо дарназардошти дараҷаи хатарнокии онҳо барои муҳити зист ва саломатии аҳоли муқаррар карда мешаванд. Барои ноҳияю шаҳрҳо ва ҳавзаҳои дарьёҳо илова бар меъёрҳои заминавии пардохт коэффициентҳое муқаррар карда мешаванд, ки ба таври тафриқанок омилҳои экологи, хусусиятҳои табиию экологии минтақа, аҳамияти табий, иҷтимоию фарҳангии объектҳоро ба назар мегиранд.
Ставкаҳои тафриқаноки пардохт бо роҳи зарб задали меъёрҳои заминавии пардохт бо коэффициентҳое, ки омилҳои экологиро ба назар мегиранд, муайян карда мешаванд.
3. Пардохт барои ифлос кардани муҳити зист дар доираи лимитҳои муқарраршудаи партову пасмондаҳо, ҳаҷмҳои ҷойгиркунонии партовҳо бо роҳи зарб задани ставкаҳои дахлдори пардохт бо бузургии намудҳои зикршудаи ифлоскуни ва ҷамъ кардани ҳосили зарб аз рӯи намудҳои ифлоскуни муайян карда мешааад.
4. Пардохт барои ифлоскунии зиёда аз лимити муҳити зист бо роҳи зарб задани ставкаҳои дахлдори пардохт барои ифлоскуни дар доираи лимитҳои муқарраршуда бо бузургии аз меъёрҳои муқарраршуда зиёдаи вазну ҳаҷмҳои воқеии партофтани маводи ифлоскунанда, ҳаҷмҳои ҷойгиркунонии партовҳо, ҷамъ кардани ҳосили зарб аз рӯи намудҳои ифлоскуни ва зарб задани ин адад бо коэффитсиенти зиёдшаванда тибқи муқаррароти қонун муайян карда мешавад.
5. Партову пасмондаҳо дар доираи лимитҳои муқарраршуда партову пасмондаҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои истифодабарандагони табиат дар лоиҳаҳои партовҳои ҳадди имконпазир (ПХИ) пасмондаҳои ҳадди имконпазир (ПХИ) 2, ё партовҳои муваққатан мувофиқатшуда (ПММ), пасмондаҳои муваққатан мувофиқатшуда (ПММ)2, ки барои давраи фаро расидани ПХИ ва ПХИ 2 муқаррар карда мешаванд, муайян гардидаанд.
Партовҳои дар боло зикргардидаи аз лимитҳои муқарраршуда зиёд (дар мавриди мавҷуд будани лоиҳаҳои тасдиқгардидаи ПХИ1 ВА ПХИ2 ё ПММ 1, ПММ 2) партовҳои зиёда аз лимит ба ҳисоб мераванд. Дар сурати мавҷуд набудани лоиҳаҳои тасдиқгардидаи ПХИ 1, ПХИ 2 ва ПММ 1, ПММ 2 тамоми партовҳо зиёда аз лимит ба ҳисоб мераванд.
Лимитҳои ҷойгиркунонии партовҳо дар асоси меъёрҳои хароҷоти ашьёи хому масолеҳ бо дарназардошти ҳаҷми ба нақша гирифташудаи маҳсулот ва тарҳ карда баровардани ҳаҷми нақшавии партовҳо, ки тибқи барномаи истифодаи партовҳо, инчунин бо тартиби муқарраршуда ҷойгиркунонии партовҳо, ҳамчун ашьёи хому масолеҳ истифода мешаванд, муқаррар мегарданд.
Ба ҳаҷмҳои зиёда аз лимит ҷойгиркунонии партовҳо партовҳои истифоданашавандае, ки зиёда аз меъёрҳои ташаккулёбии партовҳои бо меъёрҳои хароҷоти ашьёи хому масолеҳ барои истеҳсоли маҳсулот муқарраршуда ташаккул меёбанд, инчунин ҳаҷмҳои ташаккулёбии маҳсулоти гайриконденциони, ки дар регламентҳои технологи ва меъёри пешбини нашудаанд ва ҳаҷмҳои ҷойгиркунонии партовҳо бе иҷозатномаи бо тартиби муқарраршуда ба расмият даровардашуда мансуб дониста мешаванд.
6. Агар истифодабарандаи табиат иҷозатномаи партофтани маводи ифлоскунанда, ҷойгиркунонии партовҳоро, ки бо тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудааст, доро набошад, тамоми ҳаҷмҳои маводи ифлоскунанда ҳамчун зиёда аз лимит ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо пардохт барои ифлос кардану муҳити зист тибқи банди 4 ин Тартиб муайян карда мешавад.
7. Пардохтҳо дар доираи лимити партофтани маводи ифлоскунавда, ҷойгиркунонии партовҳо аз ҳисоби арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасони) ва пардохтҳо барои аз меъёр зиёд будани онҳо аз ҳисоби фоидае, ки дар ихтиёри истифодабарандаи табиат мемонад, амали гардонида мешаванд.
Агар пардохтҳои мазкур, ки тибқи ҳисобкунии ин Тартиб муайян гардидаанд, баробари андозаи фоидаи дар ихтиёри истифодабарандагони табиат мондашаванда ё зиёдтар аз он бошанд, дар ин ҳолат мақомоти давлатии дар соҳаи ҳифзи муҳити зист махсус ваколатдоршуда, мақомоти назорати санитарию эпидемиологи, мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия масъалаи боздоштан ё қатъ гардонидани фаъолияти корхона, муассисаю ташкилоти дахлдорро мавриди барраси қарор медиҳад.
8. Маблагҳои пардохт барои ифлос кардани муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳо ба ҳисобҳои махсуси ҳифзи табиат ба воситаи хазинадории марказии мақомоти молияви интиқол дода мешаванд ва бо тартиби аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба мақсадҳои беҳдошти муҳити зист ва таъмини бехатарии экологии аҳоли истифода мегарданд.
Истифодабарандагоии табиат маблагҳоро дар мӯҳлатлҳое, ки онҳоро Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар мекунад, ворид месозанд. Дар мавриди ба охир расидани мӯҳлатҳои муқарраршуда маблаги пардохтҳо аз истифодабарандагони табиат бо тартиби гайриакценти ситонида мешаванд.
9. Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти тагйир ёфтани вазъи экологи дар минтақаҳои алоҳида ва сатҳи нархҳо, инчунин дар мавриди муқаррар намудани намудҳои нави маводи ифлоскунанда, метавонад ба меъёрҳои пардохти коэффициентҳо тасҳеҳот дарорад.
10. Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати кумитаҳои иҷроияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад андозаи пардохтро барои ифлос кардани муҳити зист паст ё ташкилотҳои алоҳидаеро, ки аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пул таъмин мешаванд, аз ин пардохт озод кунад.
11. Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба гайр аз корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳисоби хоҷагии онҳо) дар мавриди аз ҷонибашон риоя гардидани лимитҳои муқарраршудаи партовҳои маводи ифлоскунанда, лимити ҷойгиркунонии партовҳо аз пардохт барои ифлос кардани ҳифзи муҳити зист ва ҷойгиркунонии партовҳо озод карда мешаванд.
Дар сурати партофтани маводи ифлоскунанда, ҷойгиркунонии партовҳо зиёда аз лимитҳои муқарраршуда пардохт барои онҳо бо тартиби умуми ситонида мешавад.
12. Ворид намудани пардохт барои ифлос кардани муҳити зист истифодабарандагони табиатро аз иҷрои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табий, инчунин ҷуброни пурраи зарари ба муҳити зист ва саломатии аҳоли расонидашуда озод намекунад.
13. Масъулияти барои дуруст ва сари вақт ворид намудани пардохт барои ифлос кардани муҳити зисту ҷойгиркунонии партовҳо ва риоя намудани Тартиби мазкур ба ӯҳдаи истифодабарандагони табиат гузошта мешавад.
14. Пардохтҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд (№ 671)
Утверждено
Постановлением
Совета Министров
Республики Таджикистан
от 23 декабря 1993 года № 619
ПОРЯДОК ОПРЕДЕЛЕНИЯ ПЛАТЫ ЗА ЗАГРЯЗНЕНИЕ ОКРУЖАЮЩЕЙ ПРИРОДНОЙ СРЕДЫ, РАЗМЕЩЕНИЕ ОТХОДОВ
(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.08.2004г.№367, от 26.12.2024 №671)
1. Настоящий Порядок регулирует вопросы определения платы за загрязнение окружающей природной среды и размещение отходов и обязательное выполнение его требований распространяется на предприятия, учреждения, организации, независимо от форм собственности, а также граждан (в дальнейшем - природопользователи), осуществляющих любые виды деятельности на территории Республики Таджикистан, связанные с использованием природных ресурсов, и предусматривает взимание платы за следующие виды вредного воздействия на окружающую среду:
выбросы в атмосферу загрязняющих веществ от стационарных и передвижных источников;
сброс загрязняющих веществ в поверхностные и подземные водные объекты;
размещение отходов;
2. Устанавливаются базовые нормативы платы за выбросы, сбросы загрязняющих веществ, размещение отходов в пределах установленных лимитов (временно согласованных нормативов), по каждому ингредиенту загрязняющего вещества (отхода), с учетом степени опасности их для окружающей природной среды и здоровья населения. Для районов, городов и бассейнов рек устанавливаются коэффициенты к базовым нормативам платы, дифференцированно учитывающие экологические факторы, природно-климатические особенности территории, значимость природных и социально-культурных объектов.
Дифференцированные ставки платы определяются умножением базовых нормативов платы на коэффициенты, учитывающие экологические факторы.
3. Плата за загрязнение окружающей природной среды в пределах установленных лимитов выбросов, сбросов, объемы размещения отходов определяются путем умножения соответствующих ставок платы на величину указанных видов загрязнения и суммирования полученных произведений по видам загрязнения.
4. Плата за сверхлимитное загрязнение окружающей природной среды определяется путем умножения соответствующих ставок платы за загрязнение в пределах установленных лимитов на величину превышения фактической массы и объемов выбросов, сбросов загрязняющих веществ, объемов размещения отходов над установленными лимитами, суммирования полученных произведений по видам загрязнения и умножения этих сумм на повышающий коэффициент, установленный законом
5. Выбросами, сбросами в пределах установленных лимитов считаются выбросы, сбросы, установленные природопользователю в проектах предельно допустимых выбросов (ПДВ), предельно допустимых сбросов (ПДС) или временно согласованных выбросов (ВСВ), временно согласованных сбросов (ВСС), устанавливаемых на период достижения ПДВ и ПДС.
Превышение установленных лимитов выбросов, сбросов, указанных выше (при наличии утвержденных проектов ПДВ, ПДС или ВСВ, ВСС) считается сверхлимитными выбросами, сбросами. При отсутствии утвержденных проектов ПДВ, ПДС или ВСВ, ВСС все выбросы, сбросы считаются сверхлимитными.
Лимиты размещения отходов устанавливаются исходя из норм расхода сырья и материалов с учетом планируемого объема продукции за вычетом планового объема отходов, используемых в качестве сырья и материалов в соответствии с программой по использованию отходов, а также в соответствии с размещением отходов в установленном порядке.
К сверхлимитным объемам размещения отходов относятся неиспользуемые отходы, образующиеся сверх нормативов образования отходов, установленных нормами расхода сырья и материалов на производство продукции, объемы образования некондиционной продукции, не предусмотренные технологическими регламентами и нормативами, а также объемы размещения отходов без оформленного в установленном порядке разрешения.
6. В случае отсутствия у природопользователя оформленного в установленном порядке разрешения на выброс, сброс загрязняющих веществ, размещение отходов, вся масса и объемы загрязняющих веществ учитываются как сверхлимитные. Плата за загрязнение окружающей природной среды в таких случаях определяется в соответствии с пунктом 4 настоящего Порядка.
7. Платежи в пределах лимита выбросов, сбросов загрязняющих веществ, размещение отходов осуществляются за счет себестоимости продукции (работ, услуг), а платежи за превышение их за счет прибыли остающейся в распоряжении природопользователя.
Если указанные платежи, определенные путем расчета в соответствии с настоящим Порядком равны или превышают размер прибыли, остающейся в распоряжении природопользователя, то специально уполномоченными государственными органами в области охраны окружающей природной среды, органами санитарно-эпидемиологического надзора и соответствующими органами исполнительной власти рассматривается вопрос о приостановке или прекращении деятельности соответствующего предприятия, учреждения и организации.
Перечисление средств осуществляется природопользователями в сроки, устанавливаемые Государственным комитетом охраны окружающей среды и лесного хозяйства Республики Таджикистан. По истечении установленных сроков суммы платежей взыскиваются с природопользователей в безакцептном порядке
9. Государственный комитет охраны окружающей среды и лесного хозяйства Республики Таджикистан по согласованию с Министерством экономики и торговли Республики Таджикистан и Министерством финансов Республики Таджикистан может вносить уточнения в нормативы платы и коэффициенты в связи с изменением экологической ситуации в отдельных регионах и уровня цен, а также при установлении новых видов загрязняющих веществ
10. Государственный комитет охраны окружающей среды и лесного хозяйства Республики Таджикистан по согласованию с местными исполнительными органами государственной власти областей, городов и районов Республики Таджикистан могут понижать размеры платы за загрязнение окружающей природной среды или освобождать от нее отдельные организации, финансируемые из госбюджета Республики Таджикистан
11. От платы за загрязнение окружающей природной среды и размещение отходов освобождаются предприятия, организации и учреждения (кроме хозрасчетных) системы Министерства здравоохранения Республики Таджикистан, Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерства культуры Республики Таджикистан, Министерства образования Республики Таджикистан, при условии соблюдения ими установленных лимитов выбросов и сбросов загрязняющих веществ, лимитов размещения отходов
В случаях выбросов, сбросов загрязняющих веществ, размещении отходов сверх установленных лимитов, плата за них взимается на общих основаниях.
12. Внесение платы за загрязнение окружающей природной среды не освобождает природопользователей от выполнения мероприятий по охране окружающей среды и рациональному использованию природных ресурсов, а также от возмещения в полном объеме вреда, причиненного окружающей природной среде и здоровью.
13. Ответственность за правильность начисления и своевременность внесения платы за загрязнение окружающей природной среды и размещение отходов и соблюдение настоящего Порядка возлагается на природопользователей.
14. Платы, установленные настоящим Порядком, осуществляются в безналичной форме №671.