Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, № 676 "Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2023"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2023

Мутобиқи моддаи 6(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади паст намудани сатҳи гирифторшавӣ, маъюбшавӣ, фавт аз бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2023 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Нақшаи татбиқи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2023 - ро барои солҳои 2013 - 2015 тасдиқ намояд;

- якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо татбиқи Дурнамои мазкурро таъмин намояд;

- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии татбиқи Дурнаморо таъмин намояд;

- дар бораи натиҷаҳои татбиқи Дурнамо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ахбор манзур намояд.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо:

- ҷиҳати татбиқи самараноки ҳадафҳои Дурнамо барномаҳои минтақавии пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардориро тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намоянд;

- шӯроҳои ҳамоҳангсозиро оид ба татбиқи Дурнамои мазкур таъсис диҳанд.

4. Дар банди 20 Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2012, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №316 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Дар бораи тасдиқи Дурнамои фарогири пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2013 -2020" ба калимаҳои "Дар бораи Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2023" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Эмомалӣ Раҳмон

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Перспективах профилактики и контроля неинфекционных заболеваний и травматизма в Республике Таджикистан на 2013-2023 годы

В соответствии со статьей 6(1) Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социальноэкономического развития Республики Таджикистан",статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и с целью снижения уровня заболеваемости, инвалидизации и смертности от неинфекционных заболеваний и травматизма, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Перспективы профилактики и контроля неинфекционных заболеваний и травматизма в Республике Таджикистан на 2013 - 2023 годы (прилагаются).

2. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан:

- утвердить План реализации Перспектив профилактики и контроля неинфекционных заболеваний и травматизма в Республике Таджикистан на 2013 - 2023 годы на 2013 - 2015 годы;

- совместно с другими соответствующими министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить реализацию настоящих Перспектив;

- обеспечить координацию и техническую поддержку реализации Перспектив;

- о результатах реализации Перспектив ежегодно информировать Правительство Республики Таджикистан.

3. Местным исполнительными органам государственной власти Горно- Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов:

- для эффективной реализации целей Перспектив в установленном порядке разработать и утвердить региональные программы по профилактике и контролю неинфекционных заболеваний и травматизма;

- создать координационные советы по реализации настоящих Перспектив.

4. В пункте 20 Рабочего плана Правительства Республики Таджикистан на второе полугодие 2012 года, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2012 года, №316, слова "Об утверждении Перспектив охвата предупреждения и контроля за неинфекционными болезнями в Республике Таджикистан на 2013 - 2020 годы" заменить словами "О Перспективах профилактики и контроля неинфекционных заболеваний и травматизма в Республике Таджикистан на 2013 - 2023 годы".

Председатель

Правительства Республики  Таджикистан        Эмомали Рахмон

...