Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019 аз 3 декабри соли 2012, № 675

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012,

№ 675 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012,

№ 675 тасдиқ шудааст

Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019

1. Муқаррароти умумӣ

Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019 (минбаъд-Барнома) дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг", "Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ", Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардидааст.

Бо мақсади татбиқи Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон "Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 -2010", "Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010", "Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" қабул шуданд, ки барои рушди санъати театрии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 16 театри касбӣ амал мекунад, ки талаботи фарҳангии аҳолиро қонеъ гардонида, барои рушди маънавиёт ва фарҳанги ҳар як шахс ва ҷомеа дар маҷмӯъ хизмат мерасонанд ва санъати миллии моро дар хориҷа муаррифӣ мекунанд. Новобаста ба ин дар фаъолияти онҳо як қатор камбудиҳо ба чашм мерасад. Сатҳи касбӣ ва сифати кори театрҳо дар ҷумҳурӣ ба талаботи рӯзафзун ҷавобгӯ нест. Заминаи моддию техникии театрҳо кӯҳна шуда, технологияҳои навтарини саҳнавӣ дар сатҳи лозимӣ ҷорӣ намешаванд.

Бо дарназардошти ин зарурати ҳалли масъалаҳои мазкур дар сатҳи давлатӣ фаро расидааст.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

1. Максади Барномаи мазкур таъмин намудани рушди босуръати санъати театрии анъанавии Тоҷикистон, ҳифз ва рушди анъанаҳои театри репертуарии тоҷик, ташаккул додани сиёсати репертуарӣ, ки барои офаридани намоишномаҳо аз рӯи намунаҳои асарҳои классикии ватанӣ ва хориҷӣ, драматургияи муосир, спектаклҳои нав барои кӯдакон ва наврасон равона гардидааст, рушд ва муҳофизати анъанаҳои беҳтарини санъати театрии тоҷик ҳамчун сарвати миллӣ, васеъ кардани аудиторияи тамошобинон, баланд бардоштани нақши санъати театри дар ҳаёти фарҳангии кишвар, баланд бардоштани мақоми театри тоҷик дар хориҷи кишвар мебошад.

2. Дар марҳилаи наздик ва дурнамо мутобиқ ба ин мақсадҳо дар Барнома вазифаҳои зерини рушди санъати театрӣ пешниҳод мешаванд;

- васеъ кардани аудиторияи театрӣ бо роҳи баргузор намудани иқдомҳои эҷодӣ: ташкили фестивалҳо, муаррифии нахустнамоишҳо, офаридани афишаҳои махсус барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ;

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 декабря 2012 года, №675

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 декабря 2012 года, №675

Программа развития театрального искусства в Республике Таджикистан на 2013 - 2019 годы

1. Общие положение

Программа развития театрального искусства Республики Таджикистан на 2013-2019 годы (далее - Программа) подготовлена на основе требований Конституции Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан "О культуре", "О театре и театральной деятельности", Концепции развития культуры Республики Таджикистан и других нормативно-правовых актов.

С целью реализации Концепции развития культуры Республики Таджикистан были приняты "Программа компьютеризации учебных учреждений сферы культуры и искусства Республики Таджикистан на 2007 - 2010 годы", "Государственная программа подготовки квалифицированных кадров сферы культуры, искусства и печати на 2007 - 2010 годы", "Программа развития культуры Республики Таджикистан на 2008 - 2015 годы", которые внесли весомый вклад в развитие театрального искусства Таджикистана. В настоящее время в республике функционируют 16 профессиональных театров, которые обеспечивают культурные потребности населения, развитие и реализацию культурного и духовного потенциала каждой личности и общества в целом, и представляют наше национальное искусство в других странах. Независимо от этого, в их деятельности наблюдается ряд недостатков. Профессиональный уровень и качество деятельности театров в республике не отвечают возрастающими потребностями времени. Материально - техническая база театров устарела, новейшие сценические технологии внедряются не на должном уровне.

В связи с этим назрела необходимость решения данных проблем на государственном уровне.

2. Цели и задачи Программы

1. Целью настоящей Программы является обеспечение динамичного развития традиционного театрального искусства Таджикистана, сохранение и развитие традиций таджикского репертуарного театра, формирование репертуарной политики, направленной на создание новых спектаклей по лучшим образцам произведений отечественной и зарубежной классики, современной 1

драматургии, новых спектаклей для детей и юношества, развитие и сохранение лучших традиции таджикского театрального искусства как национального достояния, расширение зрительской аудитории, повышение роли театрального искусства в культурной жизни страны, повышение статуса таджикского театра за рубежом.

2. В соответствии с этой целью в Программе на ближайший период и на перспективу предусматриваются следующие задачи развития театрального искусства:

- расширение театральной аудитории путем проведения творческих акций: организация фестивалей, презентаций премьер, создание специальных афиш для различных групп населения;

...