ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №6, мод. 432) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 35:
- дар сархати якум калимаҳои "ё таъини" ба калимаҳои "ва фаъолияти" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаи "Ҳукумат" ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаҳои "Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" ва "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" ва "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷӯм калимаҳои "Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" ба калимаҳои "Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 3 моддаи 50 калимаҳои "Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ" ба калимаҳои "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
3 июли соли 2012, № 851
ш. Душанбе,
...