ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражии хориҷӣ аз 10 июни соли 1958
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражии хориҷӣ, ки 10 июни соли 1958 дар шаҳри Ню-Йорк ба имзо расидааст, бо тавзеҳоти зерин ҳамроҳ шавад:
- Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро нисбати он баҳсҳо ва қарорҳои арбитражие, ки баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ин Конвенсия нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд ва дар қаламрави дигар давлатҳои Аҳдкунанда бароварда мешаванд, қабул мекунад;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро нисбати баҳсҳое, ки ба моликияти ғайриманқул дахл доранд, қабул намекунад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба қарори мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 31 майи соли 2012, № 804
ш. Душанбе, 31 майи соли 2012, № 804
...