Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бораи эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражии хориҷӣ аз 10 июни соли 1958

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.05.2012 №804

ба Конвенсия ҳамроҳ карда шуд

КОНВЕНСИЯИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД БОРАИ ЭЪТИРОФ ВА МАВРИДИ ИҶРО ҚАРОР ДОДАНИ ҚАРОРҲОИ АРБИТРАЖИИ ХОРИҶӢ АЗ 10 ИЮНИ СОЛИ 1958

Моддаи I

1. Конвенсияи мазкур нисбати эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражӣ оид ба баҳсҳое, ки дар онҳо ба сифати тарафаҳо метавонанд ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ баромад кунанд, ки дар қаламрави дигар давлат қабул гардида, эътироф ва мавриди иҷро қарор додан чунин қарорҳо дар давлати дархостшаванда талаб карда мешавад, татбиқ мегардад. Он ҳамчунин нисбати қарорҳои арбитражие татбиқ мегардад, ки дар давлати дархостшаванда эътироф ва мавриди иҷро қарор додани онҳо қарорҳои дохилӣ маҳсуб намеёбанд.

2. Истилоҳи "қарорхои арбитражӣ" на танҳо қарорҳои арбитражиеро, ки аз ҷониби арбитрҳо оид ба ҳар як баҳси алоҳида таъингардида бароварда шудаанд, инчунин қарорҳои арбитражии қабулнамудаи мақомоти арбитражии доимиро, ки тарафҳо ба он муроҷиат намудаанд, дар бар мегирад.

3. Ҳангоми ба имзо расонидан, тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи мазкур ё ҳангоми огоҳкунӣ, ки дар моддаи X Конвенсияи мазкур пешбинӣ шудааст, ҳар давлат метавонад дар асоси мутақобила арз намояд, ки он Конвенсияи мазкурро нисбати эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражии танҳо дар қаламрави Давлати Аҳдкунандаи дигар қабулгардида татбиқ мекунад. Он ҳамчунин метавонад арз намояд, ки Конвенсияи мазкурро танҳо нисбати баҳсҳое, ки аз шартномаҳо ё дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ бармеоянд, тибқи қонуни миллии давлати чунин арз намуда тиҷоратӣ эътироф мешаванд, татбиқ мекунад.

Моддаи II

1. Ҳар Давлати Аҳдкунанда созишномаи хаттиро эътироф менамояд, ки мутобиқи он тарафҳо: ӯҳдадор мешаванд ҳама ё баъзе баҳсҳоро, ки байни онҳо аз рӯи шартномаҳои мушаххас ё муносибатҳои дигари ҳуқуқӣ, ки объекташон метавонад мавзӯи мурофиая арбитражӣ бошад, ба вуҷуд омадаанд ё метавонад ба вуҷуд оянд.

2. Истилоҳи "созишномаи хаттӣ" тавзеҳоти арбитражи дар шартнома ё созишномаи арбитражиро, ки аз ҷониби тарафҳо ба имзо расидааст ё дар мубодилаи мукотибот ё телеграммаҳо ифода меёбад, дар бар мегирад.

3. Суди Давлати Аҳдкунанда, агар ба ӯ даъво оид ба масъалаҳое, ки нисбати он тарафҳо созишномаи дар моддаи мазкур пешбинигардидаро баста бошанд, бояд аз рӯи муроҷиати яке аз тарафҳо, тарафҳоро ба арбитраж равон намояд, агар муайян накунад, ки созишномаи номбаршуда беэътибор аст, қувваи амали худро гум кардааст ё иҷро кардани он ғайриимкон аст.

Моддаи III

Ҳар Давлати Аҳдкунанда қарорҳои арбитражиро ҳамчун ҳатмӣ эътироф намуда, онҳоро мутобиқи меъёрҳои мурофиавии ҳамон қаламраве, ки дар он ҷо эътироф ва мавриди иҷро қарор додани чунин қарорҳо дархост карда мешаванд, дар асоси шартҳои дар моддаҳои минбаъда пешбинигардида ба иҷро мерасонанд. Барои эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражӣ, ки ба онҳо Конвенсияи мазкур татбиқ мешавад, набояд нисбат ба оне ки барои эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои дохилӣ мавҷуд аст, шартҳои нисбатан гаронтар е боҷ ва ё пардохтҳои баландтар татбиқ карда шаванд.

Моддаи IV

1. Барои эътироф ва мавриди иҷро қарор додани дар моддаи қаблӣ зикргарида тарафе, ки эътироф ва мавриди иҷро қарор доданро дархост намудааст, ҳангоми пешниҳоди чунин дархост инҳоро пешниҳод менамояд:

...

Постановлением

 Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли РТ

от 31.05.2012г. № 804

Постановлением

 Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли РТ

от 31.05.2012г. № 804

ОРГАНИЗАЦИЯ ОБЪЕДИНЕННЫХ НАЦИЙ

КОНВЕНЦИЯ О ПРИЗНАНИИ И ПРИВЕДЕНИИ В ИСПОЛНЕНИЕ ИНОСТРАННЫХ АРБИТРАЖНЫХ РЕШЕНИЙ

от 10 июня 1958 года

от 10 июня 1958 года

Статья I

1. Настоящая Конвенция применяется в отношении признания и проведения в исполнение арбитражных решений, вынесенных на территории государства иного, чем то государство, где испрашивается признание и приведение в исполнение таких решений, по спорам, сторонами в которых могут быть как физические, так и юридические лица. Она применяется также к арбитражным решениям, которые не считаются внутренними решениями в том государстве, где испрашивается их признание и приведение в исполнение.

2. Термин "арбитражные решения" включает не только арбитражные решения, вынесенные арбитрами, назначенными по каждому отдельному делу, но также и арбитражные решения, вынесенные постоянными арбитражными органами, к которым стороны обратились.

3. При подписании, ратификации или присоединении к настоящей Конвенции или при уведомлении, предусмотренном в статье X этой Конвенции, любое государство может на основе взаимности заявить, что оно будет применять настоящую Конвенцию в отношении признания и приведения в исполнение арбитражных решений, вынесенных только на территории другого Договаривающегося Государства. Оно может также заявить, что оно будет применять настоящую Конвенцию только в отношении споров, возникающих по договорным или иным правоотношениям, которые считаются торговыми по национальному закону государства, делающего такое заявление.

Статья II

1. Каждое Договаривающееся Государство признает письменное соглашение, по которому стороны обязуются передавать в арбитраж все или какие-либо споры, возникшие или могущие возникнуть между ними в связи с каким-либо конкретным договорным или иным правоотношением, объект которого может быть предметом арбитражного разбирательства.

2. Термин "письменное соглашение" включает арбитражную оговорку в договоре или арбитражное соглашение, подписанное сторонами или содержащееся в обмене письмами или телеграммами.

...