Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012-2015 аз 3 апрели соли 2012 № 144

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" апрели соли 2012 № 144

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" апрели соли 2012 № 144

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012-2015

1. Муқаррароти умумӣ

1. Сиёсати иҷтимоӣ-ҳуқуқии давлат, ки соҳаҳои мухталифро дар бар гирифтааст, ба ҳалли масоили муҳими иҷтимоӣ равона карда шудааст. Ба онҳо масоили танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф дахл доранд.

2. Зарурати такмили қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат ба татбиқи муқаррароти моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳангоми бекориро кафолат медиҳад, равона карда шудааст.

3. Яке аз вазифаҳои асосии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, ки он бояд тавассути маблағҳое, ки давлат барои рушди ҳифзи иҷтимоӣ пешбинӣ менамояд, таъмин карда шавад. Дар марҳилаи аввали рушд зарур аст, ки он тавассути маблағҳои аз буҷети давлатӣ махсус барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ҷудошаванда самаранок таъмин гардад.

4. Ҳамчунин, яке аз ҳуқуқҳои муҳими шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 38 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ мебошад. Ин ҳамчун падидаи ҷудонопазири ба ҳар кас аз рӯзи таваллуд тааллуқдошта ба ҳисоб рафта, амалишавии он аҳамияти махсус дар шароити муосири воқеии иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон касб мекунад.

5. Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои муҳими низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ тибқи принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ таҳия карда шудааст.

6. Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012-2015 (минбаъд-Барнома) тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, № 1021 "Дар бораи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон", Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, № 783 тасдиқ шудааст, Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 94 тасдиқ шудааст, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи меҳнат", "Дар бораи муҳоҷират", "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон", "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ", "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", "Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил", "Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният", "Дар бораи тибби халқӣ", "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ", "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ", "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", "Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ёрии равонпизишкӣ", "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ", "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф танзим мекунанд, таҳия шудааст.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

7. Мақсади асосии Барнома марҳила ба марҳила ташаккул ва такмили қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 апреля 2012 года № 144

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 апреля 2012 года № 144

Государственная программа по реализации Концепции прогнозного развития законодательства Республики Таджикистан в сферах труда, социальной зашиты и образования на 2012-2015 годы

1. Общие положения

1. Социально-правовая политика государства, которая охватывает многие области, направлена на решение важных социальных проблем. К ним относятся проблемы правового регулирования отношений в сферах труда, социальной защиты и образования.

2. Необходимость совершенствования законодательства в сфере труда на реализацию положений статьи 35 Конституции Республики Таджикистан, которая гарантирует права на труд, выбор профессии, работу, охрану труда и социальную защиту при безработице.

3. Одной из основных задач внутренней политики Республики Таджикистан является повышение уровня социальной защиты населения, которая должна обеспечиваться средствами, предусмотренными для развития социальной зашиты государством. На первом этапе развития необходимо её эффективное обеспечение средствами, специально выделяемыми из государственного бюджета для социальной зашиты.

4. Также одним из важнейших прав граждан Республики Таджикистан, указанного в статье 38 Конституции Республики Таджикистан, является право на охрану здоровья и медицинскую помощь. Это неотъемлемое явление, относящееся к каждому человеку со дня его рождения и его реализация в современных реальных социальноэкономических условиях Республики Таджикистан приобретает особое значение.

5. Концепция прогнозного развития законодательства Республики Таджикистан разработана в целях обеспечения по реализации норм Конституции Республики Таджикистан, решения основных проблем системы законодательства, определения основных направлений применения методов и способов развития законодательства в соответствии с принципами суверенного, демократического, правового, светского, унитарного и социального государства.

6. Государственная программа по реализации Концепции прогнозного развития законодательства Республики Таджикистан в сферах труда, социального обеспечения и образования (далее - Программа) разработана в соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан от 19 февраля 2011 года, №1021 "О Концепции прогнозного развития законодательства Республики Таджикистан", Концепцией социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2006, №783, Концепцией реформирования в области здравоохранения Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 2002 года № 94, Трудовым кодексом Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан "Об охране труда", "О миграции", "О социальной защите инвалидов", "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан", "О государственном социальном страховании", "О страховых и государственных пенсиях", "Об охране здоровья населения", "О защите населения от туберкулеза", "О противодействии вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита", "О народной медицине", "О лекарственных средствах и фармацевтической деятельности", "О пенсионном обеспечении военнослужащих", "О молодежи и государственной молодежной политике", "О медицинском страховании в Республике Таджикистан", "О психиатрической помощи", "О репродуктивном здоровье и репродуктивных правах", "Об образовании", "О начальном профессиональном образовании", "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" и других нормативных правовых актах, регулирующих общественные отношения в сфере труда, социальной зашиты и образования.

2. Цели и задачи Программы

7. Основной целью Программы является поэтапное формирование и совершенствование законодательства Республики Таджикистан в сфере труда, социальной защиты населения и образования.

...