ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 716, аз 27.11.2014 № 1161)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари нерӯи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад
БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
ҷавонон - гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад;
иттиҳоди ҷамъиятии ҷавонон - ташкилоти ихтиёрӣ буда, бо ташаббуси ҷавонон, ки дар асоси умумияти манфиат барои ҳалли мақсаду вазифаҳои ягона ва ҳифзи иҷтимоӣ муттаҳид мегарданд, таъсис дода мешавад;
оилаи ҷавон - оилае, ки дар он зану шавҳар ё яке аз онҳо ба синни 30-солагӣ нарасидаанд, инчунин падару модароне, ки дар синни то 30-солагӣ кӯдакони ноболиғ доранд;
муассисаи (хадамоти) иҷтимоии ҷавонон - шахси ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ки ҷавононро дастгирӣ намуда, ба онҳо хизмати иҷтимоию ҳуқуқӣ, маишӣ, тиббӣ, психологию омӯзишӣ, кӯмаки моддию молиявӣ мерасонад, мутобиқат ва тавонбахшии иҷтимоию психологии онҳоро таъмин мекунад. Ба сохтори муассисаҳои иҷтимоии ҷавонон инчунин соҳибкорони инфиродӣ, ки ба хизматрасонии ҷавонон машғул мебошанд, дохил мешаванд ;
воҳидҳои зерсохтории ҷавонон - маҷмӯи омилҳои (биноҳо, иморатҳо, иншоот, таҷҳизот) барои фаъолияти ҷавонон зарур ва муассисаҳое, ки ҳифзи саломатӣ, таълиму тарбия, инкишофи ҷисмонӣ, туризм, шуғл ва дигар талаботи иҷтимоии онҳоро таъмин менамоянд;
сиёсати давлатии ҷавонон - системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон, бо мақсади таъмини таълиму тарбия, ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтидори онҳо ба манфиати ҷамъият таҳия ва татбиқ мегардад.
...