ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ВА КОРУ ХИЗМАТРАСОНИҲО
Ҳамин Қонун принсипҳои умумии ҳуқуқи ва иқтисодии хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳоеро, ки аз тарафи ашхоси ҳуқуқии воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, муқаррар манамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси
Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
"хариди давлати" - пурра ё қисман аз ҳисоби маблағҳои давлати харида шудани корҳо, расонидани молҳо ва пешниҳоди хизматрасониҳо;
"маблағҳои давлати" - манбаъҳои маблағгузорие, ки:
аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии тамоми сатҳҳо таъмин карда мешаванд;
маблағҳое, ки дар асоси созишномаҳои байналхалқи ҳамчун ёрии хориҷи пешниҳод мешаванд, ба шарте ки дар созишномаҳо тарзҳои дигари истифодаи маблағҳо пешбини нашуда бошанд;
маблағҳои қарзи кафолатнок ва таъминкардашуда, инчунин маблағҳое, ки арзиши онҳо аз буҷет таъмин карда мешавад;
"шартнома дар бораи харид" - шартнома (қарордод)-е, ки миёни ташкилоти харидор ва расонидани мол (пудратчи) дар натиҷаи ба ҷо овардани расмиёти харидори баста мешавад;
"харид" - аз тарафи ташкилоти харидор харида шудани молҳо (корҳо) ё хизматрасониҳо аз расонандагони мол (пудратчиён) бо тарзҳои муқарраркардаи ҳамин Қонун;
"ташкилоти харидор"-мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхона, ташкилот ё муассисаи давлатие, ки дорои мақоми шахси ҳуқуқи буда, бо хариди молҳо (корҳо) ва хизматрасониҳо машғул аст;
"оферта" - пешниҳод дар бораи бастани шартномае (қарордоде), ки тамоми шартҳои муҳими онро дар бар мегирад;
...