Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1997, № 348 "Дар бораи таъсиси Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 05.10.1998

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз 26.12.1997 с. № 563, аз 05.10.1998 с. № 397)

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо дарназардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1997 № 785 "Дар бораи барҳам додани Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон"  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Теъдоди кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳайати хизматрасон дар заминаи сохторҳои дахлдори Вазорати барҳамдодашудаи фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 26 воҳид муқаррар карда шавад (беэътибор дониста шуд бо (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.1997 с. № 563).

3. Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ аз рӯи тартиботи муқараршуда Низомномаи Кумита, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Кумитаро таҳия ва ба тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

4. Вазоратн молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат ва хароҷоти таъминоти Кумитаи мазкурро муайян намояд.

5. Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Хонаи радио ҷойгир карда шавад.

6. Вазорати фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду ҳафта маблағҳои асосӣ ва гардонеро, ки фаъолияти мунтазам телевизион ва радиошунавониро таъмин менамоянд, мувофиқи тартиботи муқарарраршуда ба баланси Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 6 августи соли 1997 № 348

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

ОБ ОБРАЗОВАНИИ КОМИТЕТА ПО ТЕЛЕВИДЕНИЮ И РАДИОВЕЩАНИЮ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

(в редакции Постановления Правительства РТ 26.12.1997г. №563 )

В соответствии со статьей 18 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 6 августа 1997 года № 785 об упразднении Министерства культуры и информации Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Образовать Комитет по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Установить численность центрального аппарата Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 26 единиц с учетом обслуживающего персонала на базе соответствующих подразделений упраздненного Министерства культуры и информации Республики Таджикистан(Утратил силу в редакции Постановления Правительства РТ 26.12.1997г. №563 ).

3. Комитету по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан в месячный срок разработать в установленном порядке Положение о Комитете, структуру центрального аппарата и схему управления Комитета и представить их на утверждение Правительства Республики Таджикистан.

4. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Комитетом по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан определить фонд оплаты труда и расходы, связанные с содержанием указанного Комитета.

5. Комитет по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан разместить в здании Дома радио.

6. Министерству культуры Республики Таджикистан и Комитету по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан в установленном порядке в двухнедельный срок обеспечить передачу на баланс Комитета по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан основных и оборотных средств, обеспечивающих бесперебойную работу средств массовой информации.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан         Э. Рахмонов

от 6 августа 1997 года, № 348

г. Душанбе